logo

Хабарҳо

РАШТ. 150 ГЕКТАР ЗАМИН ШОДОБ ШУД

Обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин ҷода ҳамвора тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавзеи Дашти Беоби деҳоти Ҳоит обёрӣ шуда, беш аз 150 гектар замини он ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов, замини дашти мазкур тахту ҳамвор буда, кишоварзони деҳот метавонанд онро бо мақсади истеҳсоли бештари картошка ва ғалла истифода баранд. 
Ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта  давлатмардони ноҳияи Рашт бо мақсади обёрии ин мавзеъ талошҳои зиёд карданд. Аз дарёи Оби Кабуд ба воситаи пойгоҳи обкашӣ об бароварданд, аммо заҳмати онҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Баъди аз кор баромадани пойгоҳи обкашӣ дигарбора сари ин масъала касе андеша накард.  
Ёдрас бояд шуд, ки дар деҳоти Ҳоит заминҳои тахту ҳамвор зиёданд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифтааст, ки мувофиқи имконоти мавҷуда ҳар сол миқдоре аз заминҳоро обёрӣ намуда, ба ихтиёри кишоварзон диҳад. 
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ рӯзҳои аввали  ба кор оғоз кардан, бо сокинони деҳоти Ҳоиту Ясман вохӯрд. Пеш аз суҳбат ҳамроҳи мутахассисон вазъи Дашти Беобро дид ва ба онҳо дод, ки барои обёрӣ намудани заминҳои ин мавзеъ лоиҳа тартиб диҳанд. Ҳангоми суҳбат бо фаъолони деҳот дар ин мавзуъ ҳарф зад ва гуфт, ки мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, масоҳати заминҳои обиро васеъ намоем. Афзоиши заминҳои кишт боиси пайдо шудани ҷойҳои нави кор ва зиёд гардидани маводи ғизоӣ мегардад. 
Инак, баъди сипарӣ гардидани ду сол сокинони деҳоти Ҳоит шоҳиди обёрии Дашти Беоб шуданд. Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои раиси ноҳия ҳафтаи сипаригардида замини асрҳо лабташна обшор шуд. 
- Мо ба нақша гирифтем, ки баҳори соли оянда дар ин мавзеъ 100 гектар картошка кишт кунем, - мегӯяд Абдураззоқ Саломов. - Бовар дорам, ки картошкапарварони соҳибтаҷрибаи ҳоитӣ дар ин масъала саҳми сазовор мегузоранд. Соли гузашта бо сабаби авҷи бемории коронавирус ин корро анҷом дода натавонистем. Шукрона, ки имсол имконият фароҳам омад. Агар 100 гектар замин барои картошкапарварӣ истифода бурда шавад, метавонем дар масоҳати боқимонда, ки аз 50 гектар зиёд аст, боғҳои интенсивӣ бунёд намоем. Яъне, дар баробари рушди картошкапарварӣ, боғдорӣ низ ривоҷ меёбад. 
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 858
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед