logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ПЕШҚАДАМОН ҚАДР ШУДАНД

Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
 
Дар   иҷлосия  ахбори  Қурбон  Қурбон-зода - раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузарондани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд. Зикр гардид, ки дар интихоботи мазкур номзади ҲХДТ Файзуллозода Заробиддин Қудрат, муовини раиси вилояти Хатлон, пирӯз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вакили тозаинтихоб шаҳодатномаи вакилиро супурд.  
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлонро аз 23 апрели соли 2018, № 101, оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 79, “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар иҷлосия, ҳамчунин, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 316, “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят матраҳ гардид. Ҳамчунин, ҳисоботи Мавҷуда Самиева, сардори филиали Муассисаи давлатии "Бордоркунии сунъӣ ва харидуфурӯши чорвои зотӣ дар минтақаи Бохтар" оид ба ҳолати нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳисоботи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ,  ҷангал ва ҳифзи муҳити зист шунида шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон доир ба ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. 
Баъд аз иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои семоҳаи охири соли равон муайян шуданд. Ҳамчунин, ғолибони маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ва озмуни «Ободгари Ватан» қадр гаштанд. 
Дар ҷамъомад Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба вилоят ва дастуру ҳидоятҳои ӯ пайи амал қарор дошта, дар ин замина, мардуми моро руҳияи баланди бунёдкориву созандагӣ фаро гирифтааст. 
Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳмоҳаи соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи охири сол муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода тазаккур дод, ки нақшаи даромади андозҳо дар ин давра 105,2 фоиз таъмин гардид, ки аз дурнамо 67,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 39 лоиҳаи маблағгузорӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёфта, зимни баргузории форумҳои тиҷоратӣ 13 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расиданд. Бонкҳо 1 миллиарду 704 миллион сомонӣ барои рушди иқтисодиёт қарз доданд. Гардиши савдои хориҷӣ ба 196,6 миллион доллар расид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар майдони 17 ҳазору 355 гектар шудгори тирамоҳӣ анҷом ёфт. Кишти сабзавоти барвақтӣ 8 ҳазору 254 гектарро фаро гирифт. Дар вилоят чорводорӣ ва парандапарварӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Соли равон дар майдони 131 ҳазору 792 гектар кишти такрорӣ гузаронда, ҳосили хуби зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ба даст омаданд. 265 хоҷагии моҳипарвар 812,1 тонна моҳӣ истеҳсол карданд. 295 гектар ҷангалзори нав бунёд гаштанд, дар 14 ҳазору 592 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронда шуд. Ҳамчунин, соли равон 469 ҳазор ниҳоли гуногун шинонда, ҳолати  мелиоративии 3 ҳазору 387 гектар замин беҳ гардид. 
Дар вилоят ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гашт. Дар самти бору мусофиркашонӣ, бунёди  роҳу пулҳо ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун нишондодҳо назаррас мебошанд. Хушбахтона, дар ифтитоҳи чандин иншоот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд. Бунёди мактабу боғҳои фарҳангӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва иншооти варзишӣ дар сатҳи баланд бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд, ки имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд. Варзишгарони мо зимни иштирок дар 78 мусобиқаи сатҳи баланд дорои 797 медали тилло гардиданд. Имрӯз фарҳанг муаррификунандаи миллат буда, 33 боғи фарҳангӣ дар хизмати мардум аст. Ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолии давлат рӯйи кор омадааст.  
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар назди фаъолон баҳри беҳбуди кор, рушди пахтакорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ, таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар ҳамоиш ғолибони маъракаи ҷамъоварии пахта қадр гардиданд. Ҷойи якумро кишоварзони ноҳияи Данғара сазовор гашта, ба 20 ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон мушарраф шуданд. Ҷойи дуюм бо ифтихорномаи раиси вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ насиби зарофарони шаҳри Левакант гардид. Хоҷагидорони ноҳияи Дӯстӣ ҷойи сеюмро гирифта, бо ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ сазовор гаштанд.
Раисони деҳоти Лолазор, Исмат Шарифов, Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, Нури Вахш, «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Дӯстӣ ва деҳоти Обшорони ноҳияи  Шаҳритус бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадр шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба як қатор соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳру ноҳияҳо - Илҳом Мирзоев, Акбар Ғуломзода, Ғайратшоҳ Маҳмуродзода, Ашуриёни Муҳаммад, Осимҷон Маҳмудшехов, Раҷабалӣ Пиров, Султонмурод Давлатзода, Озар Зарифов, Ҳабибулло Давлатов, Зафар Сафаров, Фирдавс Муродов, Маҳдусти Азим, Раҳмоналӣ Олимов, Амрохон Саидов, Файзимат Одинаев, Махтумбӣ Абдулҳаева, Авазхон Кабиров  ва  Шайдулло  Шарифов, ки бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар бунёди иншооти ҷашнӣ гузоштанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2021    №: 222    Мутолиа карданд: 515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед