logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД: САРФАРОЗӢ АЗ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

- Муҳимтарин рӯйдоди соли равон барои мардуми Тоҷикобод сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.  Ташрифи Сарвари давлат лабрез аз муҳаббату файзу барор, нусрату баракат, хайру эҳсон буд, ки ҳаргиз аз лавҳи хотири мардуми сипосгузори Тоҷикободи файзбахш зудуда намегардад. Боздиди Пешвои муаззами миллат аз коргоҳу иншооти навбунёд, саҳроҳои саросар шукуфон, боғоти пурмева, суҳбат бо сокинон дар сатҳи баланд доир гардиданд ва мардуми заҳматқарин имрӯзҳо таҳти  таассуроти неки ташрифи меҳмони олиқадр қарор доранд, - иброз дошт раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода.
 
Дар Тоҷикобод тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар  корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба анҷом расида, дар ин муддат симои деҳаҳо ба куллӣ дигаргун гардид. Мардум Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо туҳфаҳои арзанда таҷлил намуданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои маркази саломатӣ, шуъбаи Агентии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақа, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаи  идораи замин, маркази бонувон, боғи фарҳангию фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 18 ва 22  номгӯи иншоотҳоеанд, ки дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода супурда шуданд. Соҳибкорони бонангу ори диёр низ бахшида ба  ҷашн имсол сохтмони 10 иншооти таъиноти гуногунро ба анҷом расонданд.
Мувофиқи нақша, дар  се соли охир бунёди 77 иншоот дар назар буд. Агар сохтмонҳои илова ба нақша бунёдшударо ҳамроҳ намоем, бештар аз 100 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   
Айни замон, дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025, амалисозии 165 лоиҳа бо маблағи 101 миллиону 598 ҳазор сомонӣ идома дорад. Аз 165 лоиҳа 7-тоаш ба маблағи 6 миллиону 525 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда, дар доираи 20 лоиҳа бо маблағгузории зиёда аз 16 миллион сомонӣ корҳо бомуваффақият пеш мераванд. Се лоиҳа ба маблағи 5 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.          
Дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, алалхусус картошка, дар соли 2021 то ҳадде дар ноҳия иҷро гардид. Майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1983 гектар расид, ки нисбат ба соли гузашта 43 гектар зиёд буда, иҷрои нақшаи умумиро 91 фоиз таъмин менамояд. 
Дар ноҳия истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони 1147 гектар ғалладона, 857 гектар картошка, 113 гектар сабзавот ва дар 10 гектар юнучқа кишт намуда буданд. Мавсими дарави ғалладона ба охир расид, кишоварзон аз ҳар гектар 21-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Ҳоло ҷамъоварии картошка, сабзавот, мева ва дигар маҳсулот  идома дорад. Кишоварзон самаранок меҳнат намуда аз ҳар гектар картошказор 210, сабзавот 166, мева 34-сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд.  Дар як вақт тибқи нақша бояд дар майдони 965 гектар  шудгор ва кишти тирамоҳӣ гузаронда шавад. Барои иҷрои нақшаи кишти оянда хоҷагидорон мақсад доранд, ки 214 тонна тухмии хушсифати ғалла ва 2975 тонна тухмии картошка  захира намоянд. 
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 129 миллиону  130,4 ҳазор  сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 753 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз рақами зикршуда 125 миллиону 628,3 ҳазор  сомониаш ба соҳаи кишоварзӣ ва 3 миллиону 502,1 ҳазор сомониаш ба соҳаи саноат марбут аст. 
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозу даромадҳои худӣ 103,8 фоиз иҷро гардид. Ба ҷойи 4 миллиону 925 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андозҳо 5 миллиону 109 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 184 ҳазору 818 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 630 ҳазору 302 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра ба маблағи 24 миллиону 773 ҳазор сомонӣ буҷети ноҳия пурра гардид, ки баробар ба  100,8 фоизи нақша аст.  Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат мавҷуд нест. 
Қисми  хароҷоти буҷети ноҳия 90 фоиз таъмин шуд. Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия аз худдорӣ намудан аз маблағгузории хароҷоти дуюмдараҷа ва ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кишоварзӣ иборат мебошад. 
Мутаассифона, заминларзаи 10 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия ба сокинони деҳоти Лангари Шоҳ зарари ҷиддӣ расонд.  Бар асари ин  офат, 5 нафар ба ҳалокат расид. Дар натиҷаи заминларза, 58 хона пурра, 210 хона қисман ва 806  хона то андозае зарар диданд. Инчунин, бинои   4 муассисаи таълимӣ харобу валангор гардида, 6 мактаб қисман зарар дид. То имрӯз бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои ду мактаб бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода супурда шуда, дар дигар  мактабҳо ва хонаҳои шахсии сокинон корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Дар маҷмуъ, ҳаҷми зарар 10 миллиону 117 ҳазор сомониро ташкил дод.  
Рафти корҳои барқарорсозии офати табиат таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Аз рӯзҳои нахустини заминларза аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ масолеҳи бинокорӣ ва маводи ниёзи аввал барои зарардидагон дастрас гардиданд.  Аз тарафи вазорат ва кумитаҳо, идораҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои хайрхоҳи ватанию хориҷӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ба зарардидагон дар шакли маводи сохтмонӣ, озуқаворӣ, ҷиҳози рӯзгор, тиббию беҳдоштӣ мадад расонда шуд. Ҳамаи ин сокинонро мутмаин сохт, ки дар ин рӯзҳои сахт онҳо яккаю танҳо нестанд. 
Бояд гуфт, ки аз 58 манзили истиқоматии харобгардида дар 55 бино  деворҳо қомат афрохта, дар қисми болопӯши 46 хона корҳо ҷараён доранд. То имрӯз дар 27 хонаи истиқоматӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. 
Метавонем аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш далелҳои зиёд орем. Мавриди зикр аст, ки дар ин солҳо дар ҳамаи фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Андалеб” ҳунармандони ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Имсол дар даври ҷумҳуриявӣ ҳунармандони Тоҷикобод ба гирифтани  ҷойи сеюм сазовор гаштанд. 
Тайи солҳои охир  дар рӯзҳои аввали даъват иҷро гардидани нақшаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз боло рафтани маърифати ватандӯстии ҷавонон ва кори пурсамари тарғиботиву ташвиқотӣ  шаҳодат медиҳад.   
Имрӯзҳо сокинони меҳнатдӯсти ноҳия ба корҳои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, шудгор ва кишти тирамоҳӣ, захираи тухмӣ барои кишти оянда ва дигар вазифаҳои муҳимтарини рӯз машғуланд.
- Ман ба нангу номус ва қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди Тоҷикобод эътимод дорам. Минбаъд низ таҳти дастурҳои созандаи Пешвои маҳбуби худ сарҷамъона заҳмат мекашем ва барои наслҳои оянда диёри ободро мерос мегузорем,-гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2021    №: 222    Мутолиа карданд: 545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед