logo

туризм

МИНТАҚАИ РАШТ. БОЗДИД АЗ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ

Ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои сайёҳии минтақаи Рашт, бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) тавассути хатсайри сайёҳии Душанбе – Сангвор – Лахш – Тоҷикобод – Рашт – Нуробод - Душанбе пресс-тур ташкил гардид.
  
САНГВОР – МАВЗЕИ ХУШМАНЗАР ВА ҲАЙРАТАНГЕЗ
Ноҳияи Сангвор дар масофаи 205 км дур аз маркази шаҳри Душанбе воқеъ буда, то расидан ба он метавон аз манзараҳои зебо, аз қабили рӯду дарёҳои хурӯшони Вахш, Хингоб, Сурхоб, кӯҳу дараҳои аҷиб, дарахтзору ҷангалзор дидан кард.  Сангвор дер боз байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо мазори Бурхи Валӣ маълуму машҳур аст. 
Ба гуфтаи Шодӣ Раҳмонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, ҳамасола аз ин мавзеъ зиёда аз 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ боздид менамояд. Инчунин, дар ноҳия 32 зиёратгоҳ, 200 чашмаву обҳои шифобахш, ҳавзҳои Сода ва Кабуд воқеанд, ки аз мавзеъҳои зебои ин ноҳияи дурдастанд. 
Дар ноҳия парвариши занбӯри асал, чорво ва зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Иқлим, табиат, ҳайвоноту наботот, ҳавои тоза, чашмаҳои шаффоф, мардуми меҳмоннавози ноҳия барои роҳандозии агротуризм, сайёҳии кӯҳӣ, шикор имконияти фароҳам оварда, 7 меҳмонхонаи замонавӣ ва зиёда аз 20 меҳмонхонаи сарироҳӣ барои қабули сайёҳон омодаанд. Мушкили пешгирандаи рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор ба ҳисоб меравад. 
 
ТОҶИКОБОД РӮ БА РУШД
Маҳмадато Назризода, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки ноҳия дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ҳисоби мақомоти иҷроия ва соҳибкорон дар шафати шоҳроҳ меҳмонхонаҳо ба истифода дода шуданд, ки имрӯзҳо дар хизмати ҳам сайёҳон ва ҳам меҳмонон қарор доранд. 
Моҳи июни соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат боғи муқаддасоти миллӣ, ки аз Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Конститутсия ва расми Сарвари давлат иборат аст, мавриди истифода қарор дода шуд. Масоҳати боғи фарҳангӣ бештар аз 1 гектар буда, яке аз мавзеъҳои зебову хуштарҳи ноҳия мебошад.  
Чашмаи Гӯгирдон, шаршараҳои бобои Шайх, Сурхкӯл аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия ба ҳисоб мераванд. 
Бино ба гуфтаи Маҳмадато Назризода, Регак яке аз мавзеҳои сайёҳии ноҳия буда, дидани он ба ҳар нафар ҳаловат мебахшад. Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қариб 80 иншоот ба истифода дода шуд. Бинобар набудани хатсайри муайян ба ноҳия сайёҳон намеоянд, вале тавассути маркази ноҳия мегузаранд ва иншооти сарироҳӣ барои истироҳати сайёҳон омодаи хизматанд. 
 
ЛАХШ ВА ИМКОНИЯТҲОИ  ВАСЕИ САЙЁҲӢ
Ноҳияи Лахш барои рушди сайёҳии кӯҳию варзишӣ ва экологию аграрӣ мусоид мебошад. Иқлими хуб, ҳавои форам, табиати аҷиб ва манзараҳои зебою дилнишин, Баҳри кабуд, петроглифҳо аз зарфиятҳои сайёҳии ноҳия маҳсуб меёбанд, ки дар натиҷаи истифодаи оқилонаву самаранок метавон соҳаи сайёҳиро дар ноҳия рушд дод.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир мешаванд, ки он тавассути ноҳияи Лахш сурат мегирад. Дар он кӯҳнавардони Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. 
Чуноне раиси ноҳия Файзулло Баротзода иброз дошт, кӯҳнавардон пеш аз оғози экспедитсия ва расидан ба майдончаи «Москвина» якчанд рӯз барои мутобиқшавӣ ба иқлими минтақаҳои баландкӯҳ дар маркази ноҳия мемонанд. Барои қабул ва хизматрасонӣ ба онҳо дар ноҳия шароити зарурӣ фароҳам аст.  
Майдончаи «Москвина» дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ сохта шуда, макони асосии кӯҳнавардон ба шумор меравад. Барқарор намудани он ва дигар иншооти маишию истироҳатӣ дар ноҳия метавонад боиси ба макони сайёҳии байналмилалӣ табдил ёфтани Лахш гардад. Ҳоло дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ба меҳмонон хизмат мерасонад.
Дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир мебошад, ки бо оби шифобахшаш дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. 
 
РАШТ. 22 НАВЪИ СЕБ ДАР ЯК НИҲОЛ 
Ноҳияи Рашт аз ҷумлаи мавзеъҳои зебои кишварамон аст, ки табиат ва иқлими он барои сайёҳӣ мувофиқ мебошад. Пиёдагардии кӯҳӣ, аспсаворӣ, агроэкосайёҳӣ, рафтинг аз самтҳои афзалиятноки сайёҳии Рашт маҳсуб меёбанд. Мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ба монанди дараҳои Камароб, Ҷафр, Тагоба, Қалъанак, Ясманд ва Ҳоит манзараҳои аҷиби табиат, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффоро дар худ ҷамъ оварда, давра ба давра маъруфияти бештар касб менамоянд. Меҳмонхонаҳои замонавии «Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт», «Ҷамъияти матлубот» дар як вақт метавонанд ба беш аз 200 меҳмон хизмат расонанд. Навсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Лахш – Саритош, роҳҳои дохилӣ, бунёди иншооти ёрирасони сайёҳӣ бамаротиб дастрасии ноҳияро барои меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ боло бурд.
Яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия Дараи Ҷафр буда, иштирокчиёни пресс-тур аз он дидан карданд. Дар ин мавзеъ бо ибтикори деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир боғи ботаникӣ - фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» ташкил шудааст, ки макони зебо ва дилпазирро мемонад. Ҳудуди боғ 1 гектар буда, дар он 64 навъи маҳаллии себ, 34 намуд нок, 22 навъи зардолу, гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом, ки дар ҳолати нестшавӣ буданд, аз нав барқарор, парвариш ва зиёд шуда истодаанд. Дар боғи мазкур дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд меваи олу, зардолу ва бодоми шириндона, дар як дарахти себ 22 навъи он ва дар як дарахти нок 6 навъи он пайванд шудаанд, ки намудҳои гуногуни маза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд. Дар даромадгоҳи боғ бинои зебои гунбазшакли сеошёна қомат афрохтааст, ки дар ошёнаи аввали он осорхонаи кишваршиносӣ, ошёнаи дуюм маркази ҳунармандӣ ва ошёнаи сеюм ҷойи сурудсароӣ ҷойгиранд.   
Ба гуфтаи Мирзошоҳи Акобир бештар сайёҳон ба хотири навгониҳое, ки мо дар бахши кишоварзӣ кардем, меоянд. Чунин боғ мо чортои дигар дорем, танҳо бо мазмуни дигар. 
Дараи овозадори Камароб ҳамасола сайёҳони зиёдро пазироӣ дорад. Манзараҳои табиӣ, шаршараҳо, оби шифобахши Хушоб, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, кони ангишти Кафтархона, дарахтон, ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони гуногун сайёҳонро беэътино намегузоранд. Хушбахтона, гурӯҳи беш аз панҷоҳнафараи пресс-тур низ аз ин гӯшаи аҷиби кишвар дидан кард. Воқеан ҳам, Дараи Камароб дар зебоӣ камназир аст. Таассуроту хушҳолии аҳли гурӯҳ аз манзараҳои гирду атроф беҳисоб буд.
Ҳадаф аз ташкили пресс-тур тарғибу ташвиқи зарфиятҳои сайёҳии минтақаи Рашт ва дар ин замина, рушди сайёҳии дохилӣ дар мамлакат мебошад. Мутмаинем, ҳар нафаре, ки аз ин гӯшаи зебои кишвар дидан намояд, аз меҳмондориву пазироии мардуми меҳнатқарини минтақа, ҳавои хушу форам ва меваҳои шаҳдбору хӯрокҳои лазизи миллӣ як ҷаҳон таассурот мебардорад.
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”, 
Душанбе - минтақаи Рашт – Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2021    №: 222    Мутолиа карданд: 6968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед