logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН – ҲОМИИ ВОҚЕИИ ТАЪРИХ

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ  ва ростини миллатро дар худ нигоҳ медорад.
 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Забон яке аз рукнҳои асосии давлату миллат буда, мисли шамъест, ки олами ҳар фардро мунаввар сохта, халқу миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ бо муҷазбаёниву лаҳни ширинаш тамоми зебоиҳои дунёро дар худ таҷассум намуда, таърихи чандинҳазорсолаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикро фаро мегирад.
 
Мусаллам аст, ки забон падидаи муҳими фарҳанги миллӣ буда, ба василаи он ҳар шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҳофизаи маънавияшро қавӣ намуда, ҷаҳонбинияшро васеъ мегардонад.  Зеро маҳз ба воситаи забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз ва ба онҳо арҷгузорӣ менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки даврони файзбори истиқлолият моро беш аз пеш ба арҷгузории муқаддасоти миллӣ, бахусус ба арзи эҳтиром ва гиромидошти забони модарӣ, ҳидоят менамояд. Зеро забони ноби тоҷикии мо, бешак, шиносномаи ҳастии миллати куҳан ва пурарзиштарин муқаддасоти миллии мост, ки дар тули садсолаҳо дар қисмати бузурге аз қитъаи  бузурги Осиё аз ҳастии  ба қавли устод Айнӣ, “як қавми муаззам ба номи тоҷик” дарак дода, ҳамчунин,  то замони мо покизагӣ ва ширинии  шевои худро нигоҳ доштааст.
Вале бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди ин ҳама таърихи пурифтихор ва собиқаи дерини пояҳои забони тоҷикӣ, забони модарии мо дар ҷаҳони имрӯз, раванди босуръати ҷаҳонишавӣ мавҷудият ва нигаҳдории покизагии онро зери хатар мегузорад.
Дар ин замина, коршиносон чунин ақида доранд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо ҳашт забон: чинӣ, англисӣ, испанӣ, русӣ, португалӣ, банголӣ, ҳиндӣ ва японӣ дар ҳоли шукуфоии худ қарор дошта, ҳар ду ҳафта бо ҳисоби миёна яке аз 6000 забони олам, ки бо он мардуми ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, нобуд мешавад. Ҳамчунин, 40% аҳолии кураи Замин имконияти бо  забони барояшон дастрас гирифтани таълимро надошта, таҳсил кардан бо забони ғайримодарӣ сабаби сатҳи пасти азхудкунӣ ва таҳсилот мегардад.
Гузашта аз ин, 96% мардуми олам бо 4 дарсади миқдори умумии забонҳои “зинда”-и ҷаҳон суҳбат мекунанд. Ва дар сад соли оянда 50% забонҳои олам аз байн меравад. Забоншиноси амрикоӣ Майкл Кравз, ки ба таҳқиқи забонҳои ба нобудшавӣ имкондошта машғул гардидааст, чунин андеша дорад, ки дар асри нав 90% забонҳои зиндаи дунё хатари нобудшавиро доранд.
Бо дарки ин хавфу хатарҳо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2019-ро - Соли байналмилалии забонҳои халқиятҳои решавӣ эълон намуд ва дар давоми ҳамон сол дар саросари ҷаҳон чорабиниҳои мухталиф бахшида ба забон баргузор гардиданд, ки ба ҳифзи забонҳои халқиятҳои решавӣ ва беҳбудии некуаҳволии онҳо равона гардида буданд. Дар ҳақиқат, “то даме, ки мардум бо забони модарии хеш гуфтугӯ мекунад, он миллат зинда аст”.
Бинобар ин, роҳи асосии ҳифзу нигоҳдошт ва рушду таҳкими забони модарии мо, пеш аз ҳама, аз муносибати самимонаву содиқонаи мо, соҳибзабонон, нисбат ба  ганҷинаи вожаву истилоҳоти забон мебошад, ки дар тули ҳазорон сол фароҳам омадааст. Бо кӯшиши якҷоя ва ҳамвора барои истифодаи ин дороӣ дар ҳамаи соҳаҳои илму фан ва ҳаёти ҷомеа мо метавонем пайванд додани гузаштаи забон ва имрӯзу фардои онро устувор гардонем. Ҳамчунин, дар ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифтани таҷрибаи баъзе қавму миллатҳо, ки дар тули 100 соли охир забони модарии худро аз гирдоби ҳалокат наҷот бахшида, ба он умри дубора бахшиданд, мувофиқи мақсад мебошад, ки намунаи олии чунин муҳаббату садоқат ба забони модарӣ муносибати қавми яҳуд нисбат ба забони қадимаашон - ибрӣ аст, ки ҳамзамон, ба болорафти худшиносии ин қавм аз солҳои 90 асри XIX шуруъ гардид.
Бо саъю кӯшиши дастаҷамъона онҳо забони мурдаеро, ки бештар аз 1000 сол аз доираи истифода берун монда буд, дубора эҳё карданд. Чунин  таҷрибаро метавон дар таърихи забони гаваягиҳо, забони баскӣ ва ғайраҳо мушоҳида кард.
Дар  ин раванд, бояд тазаккур дод, ки  забони модарии мо бо таҷриба ва ганҷинаи ғании луғавии дар тули ҳазорон сол  андӯхтаи худ барои истифода дар ҳамаи соҳаҳо имконияти кофӣ дорад. Илова бар ин, Истиқлоли миллӣ барои истифодаи забон дар ҳамаи ҷабҳаҳо роҳ боз намуда, Ҳукумати кишвар барои пешрафти забон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. 
Забони тоҷикии мо тадқиқу таҳқиқи пурраву таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Инчунин, мо онро бояд на танҳо азиз бидорем, балки чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.  
 
Нусратулло АБДУЛЛОЕВ, 
корманди КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти 
ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2021    №: 222    Мутолиа карданд: 647
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед