logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

АМИТ 70-СОЛА ШУД
Дар Академияи миллии илмҳои кишвар ба хотири 70-солагии таъсиси он бо иштироки доираи васеи олимон ва  муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён  ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 14 апрели соли 1951 таъсис ёфта, ба он институтҳои химия, сейсмология, ботаника, зоология, зотпарварӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, таърих, бостоншиносӣ ва  мардумшиносӣ, забон ва адабиёт, расадхонаи астраномӣ, шуъбаҳои пахтапарварӣ, фалсафа ва иқтисод шомил гардиданд. Бо гузашти солҳо Академия фаъолияти худро васеъ намуда, ҳоло дар самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳқиқ ва корҳои бунёдӣ анҷом медиҳад. 
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, зимни суханронӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илм муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин, аз хидматҳои мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров ва поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар рушди илм ёдовар шуд. Аз ҷумла, иброз дошт: “ Онҳо аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтани академия бо олимони кишвар буданд ва дар густариши илми тоҷик, хусусан адабиёт ва табиатшиносӣ, саҳми бузург гузоштаанд”. 
 
 
ХОВАЛИНГ
ТАҲҚИҚОТИ БОСТОНШИНОСОН 
ЧИРО НИШОН МЕДИҲАД?
Бостоншиносон, баъд аз гузарондани корҳои таҳқиқотӣ, дар мавзеъҳои Кӯлдара, Обимазор, Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг ба синни баъзе аз бошгоҳҳои давраи палеолити Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд. Аз ҷумла, ташхис нишон дод, ки бошгоҳи Кӯлдара беш аз як миллион сол  умр дорад. Дар ин бора Убайдулло Насрулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, ба мо иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи таҳқиқоти охир ва бозёфтҳои археологӣ ба ҳалли чандин масъалаи норавшан ва мушкилоти таърихи давраи қадимтарини минтақа равшанӣ меандозад. Экспедитсия, пеш аз ҳама, давраи  муҳоҷирати одамони қадимтаринро дар минтақаи Авруосиё мушаххас намуд. Маълум шуд, ки Осиёи Марказӣ яке аз гузаргоҳҳои қадимтарини одамони ҷомеаи ибтидоӣ мебошад.
Зимнан, дар экспедитсия олимон аз кишварҳои Шведсия, Дания, Олмон ва Норвегия низ, ширкат доштанд. 
 
 
ВИРУСИ НАВ ЗИДДИ САРАТОН
Ояндаи наздик бемории саратон дармон хоҳад ёфт, зеро табибони Донишгоҳи илмӣ-технологии "Сириус"-и шаҳри Сочи ба таҳияи вирусҳое  оғоз намуданд, ки алайҳи вирусҳои  саратон мубориза мебаранд. 
Дар ин бора сомонаи “Sochi.com» хабар додааст.  
Тавре дар сомона омадааст, олимон барои ҳар навъи саратон моделҳои гуногуни вирусро омода месозанд. Муҳимтар аз ин, асоси вируси зидди саратонро вируси стоматити везикулярӣ (везикулярный стоматит) ташкил медиҳад, ки он ба инсон хатар надорад. 
Санҷиши “аслиҳаи”нави зиддисаратон соли 2022 оғоз хоҳад шуд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед