logo

Хабарҳо

МАВСИМИ ГАРМИДИҲӢ ОҒОЗ ШУД

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022» дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Барои назорати корҳои омодагӣ ба ин давра, хусусан мавсими гармидиҳӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими қарори мазкур маҳсуб меёбад, дар корхонаҳои зертобеи ширкат ситоди фаврӣ ташкил шудааст. 
Сари вақт таъмин намудани сокинон ва сохторҳои марбута бо гармӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола амалисозии чораҳои зарурӣ дар ин самт ба он мусоидат намуд, ки теъдоди бинову иншооти ба шабакаҳои гармӣ пайвастшаванда афзоянд. 
Бо назардошти ин, ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» корҳои омодагиро ҷиҳати пайваст намудани иншоот ва биноҳои нави истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ ба анҷом расонда, шуруъ аз санаи 18 октябри соли ҷорӣ ба кор оғоз намуд. Тавре мутахассисон иброз доштанд, марказ  тибқи реҷаи муқаррарӣ  бе мамоният сокинонро бо гармӣ таъмин мекунад.
ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар тобеияти худ марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» - ро доро мебошад, ки онҳо тибқи нақша дар ин давра бо иқтидори нисбатан зиёд фаъолият хоҳанд кард. 
Маркази барқу гармидиҳии рақами  2 бо истифодаи ангишт кор мекунад ва барои мавсим дар анборҳои он соли ҷорӣ қариб 820 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар марказ танҳо ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад. 
Иншооти боқимондаи  ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» бо газе, ки аз Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, фаъолият мекунанд. 
Мувофиқи нақша, дар ин давра ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар як шабонарӯз  460 мВт/соат неруи барқ ва 515 гигакалория/соат  гармӣ  истеҳсол менамояд. 
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида, дар мавсими имсола аз ҷониби  марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо  бо  неруи  гармӣ  таъмин  намудани  2762 иншоот дар пойтахти  кишвар  ба  нақша  гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед