logo

Хабарҳо

Меркел бо охирин сафари расмӣ вориди Фаронса шуд

ТАСС. Шоми чаҳоршанбе садҳо сокини шаҳри Бонн дар шарқи кишвар Канслери Олмон Ангела Меркелро дар сафари охирини расмиаш ба Фаронса, ки бо даъвати Президент Эммануэл Макрон омада буд, гарм истиқбол гирифтанд. 
Меркел, ки аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбарии Ҳукумати Олмонро бар уҳда дорад, дар 16 соли ахир ҳамсуҳбати чаҳор Президенти Фаронса буд.  Agence France-Presse  характери гарму дӯстона доштани муносибатҳои роҳбарони ҳар ду мамлакатро зикр намуд. Ин аст, ки баъди бардоштани маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирус Президенти Фаронса аввалин роҳбари хориҷие гардид, ки ба пойтахти Олмон даъват шуд.  
 
 
ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористиро дар Кобул ба уҳда гирифт
Лента.ру. «Давлати исломӣ» (ташкилоти байналмилалии террористӣ) масъулияти ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Афғонистонро ба зимма гирифт. Ҳадаф ҷангиёни «Толибон» буд, - менависад АИР «Новости».
Ба гуфтаи ДИИШ, дар ин ҳамла панҷ террорист ширкат дошт ва дар натиҷаи он фармондеҳи неруҳои «Толибон»-и Кобул Ҳамдуллоҳ Мухлис кушта шуд. Ӯ пас аз пирӯзии ин ҳаракат дар Афғонистон   баландпоятарин кушташудаи намояндаи «Толибон» мебошад.  Ҳукуматдорони нави кишвар то ҳол марги ӯро эътироф накардаанд.
Дар ин ҳамла 23 нафар куштаву 50 тан маҷруҳ шуд.  
 
 
Кумаки башардӯстонаи СММ ба Афғонистон
CentralAsia (CA). Як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона дар фурудгоҳи Кобул фуруд омад. Ҳавопаймои аввал ба муҳоҷирони дохилӣ 33 тонна бастаи ашё ва амволе, ки барои гарм кардани манзилҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон пешбинӣ шудааст овард. 
Ҳар як баста 25 кг вазн дошта, дорои фарш  ва дигар ашёҳо мебошад.  Гуфта мешавад, ки ин аввалин аз се парвози UNHCR оид  ба  гурезагон  мебошад  ва интиқоли навбатии кумакҳои башардӯстона 4 ва 7 ноябр дар назар аст. 
«Мо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа аз роҳҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ истифода мебарем, то эҳтиёҷоти рӯзафзунро қонеъ кунем. Илова бар ин, дар Тирмизи Ӯзбекистон кумакҳои башардӯстона қарор доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ тариқи мошинҳо боркаш ба Афғонистон интиқол мегарданд», - омадааст дар хабар. 
 
 
ИМА гуфт, ки НАТО бояд муколамаро бо Россия ва Чин идома диҳад
ТАСС. НАТО бояд муколама бо Россия ва Чинро идома диҳад, зеро ҷомеаи ҷаҳон ҷанг байни давлатҳои абарқудратро намехоҳад. Дар ин бора генерал Марк Милли, раиси сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи   ИМА, дар форуми Аспен оид ба амният гуфт.
«Мо дар  марҳалаи сулҳ байни кишварҳои абарқудрат қарор дорем ва мехоҳем онро нигоҳ дорем», - гуфт Милли. 
Ба гуфтаи ӯ, барои ин муоширати мутақобила бо Россия, Чин ё   кишварҳои дигар лозим аст. Ӯ таъкид кард, ки ин метавонад ҳам тавассути миёнаравҳо ва ҳам бевосита сурат гирад. «Фикр мекунам, ки ин муносибати оқилона аст. Ман итминони комил дорам, ки бояд на танҳо бо иттифоқчиён, шарикон ва дӯстон, балки комилан бо мухолифон ва душманон суҳбат кардан зарур аст», - гуфт Милли.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 807
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед