logo

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

 
Бино ба тавофуқи ҳосилшудаи тарафҳо, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, зимнан, менависад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Қирғизистон барпо гардад.
 
 
Қабули нусхаҳои эътимодномаҳо
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини Конфедератсияи Швейтсария Давид Грихтинг, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Муҳаммад Ҷаҳонгир Аламро қабул кард.
Дар мулоқот, ки пас аз супурдани нусхаҳои эътимодномаҳо баргузор гардид, ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
 
Натиҷагирӣ аз сафари миссияи  Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии намояндаи бонк дар Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки дар он дигар шахсони масъул низ иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ аз сафари миссияи мазкур ба Тоҷикистон ва боздиди онҳо аз як қатор муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар ин давра намояндагони миссия як қатор вохӯриҳо ва чорабиниҳоро бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор карданд, ки имконияти фароҳам овардани ҳамкориҳои байниидоравиро тақозо менамояд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио
Дар мулоқоти раиси Кумитаи телевизион ва радио  Нуриддин Саид бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид, - иттилоъ доданд аз кумита. 
Дар суҳбат масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни соҳа, баргузории семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин, лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия баррасӣ гаштанд.
 
 
Заҳролудшавии маҳкумшудагон асос надорад
Бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз ҷониби кормандони ин ниҳод вобаста ба маводи нашршуда дар ВАО дар хусуси  заҳролудшавии 40 маҳкумшуда аз оби ошомиданӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия санҷиш гузаронда шуд.
Дар хабари ваколатдор омадааст, ки Бахтиёр Турсунов, сардори Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлия, иброз менамояд, ки хабари заҳролудшавӣ асоси воқеӣ надорад. 
Дар маълумотномаи Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот” омадааст, ки намунаи оби озмоишшуда аз рӯйи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад.
 
 
ХИЗМАТӢ ҲАРБӢ.  НАҚШАИ ДАЪВАТ 70 ДАРСАД ИҶРО ШУД
Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як моҳ сипарӣ гардид. Дар ин давра зиёда аз 20 шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақша гузориш доданд. Дар ҷумҳурӣ ин рақам қариб 70 %-ро дар бар мегирад.
Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод, нахустин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро иҷро намуданд. Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ҷадвали натиҷаи даъвати тирамоҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, иҷрои нақша дар пойтахти кишвар дар арафаи анҷомёбист.
Иҷрои нақшаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 80 %, вилояти Суғд 56 % ва вилояти Хатлон 54 %-ро ташкил медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед