logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бисту ҳафт сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, ки низоми давлатдории навини моро муайяну мушаххас сохт, дар давраи басо мушкил ба миён омад.
Бояд дар ёд дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва қабули он дар таърихи 4 ноябри соли 1994 нақши Пешвои муаззами миллат бисёр барҷаставу мондагор аст. Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевосита ва пешниҳоди таклифҳои судманди Сарвари давлат фаъолият намуда, арзишҳои пазируфташудаи башарӣ, аз ҷумла эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимият, назорати судии конститутсионӣ, идораи парлумонӣ, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва сабт намуд. Шояд фарогирии чунин арзишҳо буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, назири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Федератсияи Россия, коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Шурои амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардид.
Ҳоло бо гузашти 30 сол аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия дар чунин сатҳу мазмун яке аз дастовардҳои муҳиму таърихӣ шинохта мешавад. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат: «Конститутсия барои аз байн  бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти  давлатӣ  таҳдид   мекард, шароити  зарурии   ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ  раҳоӣ  бахшидани   миллати  тоҷик асос гузошт, ҷиҳати  расидан ба ваҳдати  миллӣ  таҳкурсии   устувор  гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории  тоҷикон  нақши  тақдирсозу  ҳалкунанда   бозид».
27 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зери роҳбарии Пешвои миллат ва талошҳои дусолаи ӯ қабул гардидааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ дар қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати худ маҳорати баланди касбӣ  ва масъулияти олии шаҳрвандию инсонӣ нишон дода, бо такя ба анъанаҳои таърихии гузаштагони худ ва таҷрибаи ҷаҳонии қабули конститутсияҳо, арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ва арзишҳои миллӣ як конститутсияи мукаммал, пурмазмун, фаҳмо, одӣ ва бо шеваи нобу равони тоҷикӣ таҳияшударо рӯйи кор оварданд, ки ин санад бо танзими масъалаҳои бунёдии худ  бахтномаи миллати мо гардида, барои рушду таҳкими давлатдориву давлатсозии халқи тоҷик заминаи мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам овард.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем ва ба пешрафту тараққиёт ва саодати бештар даст ёбем.
 
Карим КАРИМЗОДА, 
муовини раиси Суди конститутсионии  
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2245
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед