logo

ҳуқуқ

6 НОЯБР ВА ТАЪРИХИ ТАҲАВВУЛОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Омӯзиши таърихи таҳаввулоти конститутсионӣ нишон медиҳад, ки замони таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи бисёр ҳассос буда, қатъи назар аз таъсири унсурҳои манфӣ ба раванди таҳия ва қабули он халқи Тоҷикистон тавонист, ин санади муҳими сиёсӣ ва барномавии худро қабул, муаррифӣ ва ҳифз намояд.
Агар ба заминаҳои сиёсӣ - ҳуқуқии таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарем, ҳанӯз дар марҳилаи тосоҳибистиқлолӣ барои таҳияи Конститутсия кӯшишҳое дар миён буд. Вале, танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ кор дар ин самт натиҷабахш гардид. 30 сентябри соли 1993 бо Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Комиссия оид ба таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфт. Ҳайати комиссия аз 60 нафар иборат буд, ки дар он роҳбарони сохторҳои давлатӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, шахсони сиёсӣ, намояндагони илму маориф, санъат ва адабиёт шомил буданд.
Натиҷаи роҳнамоӣ ва тадбирҳои судманди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд. Зимни   муҳокимаи лоиҳа, ки бештар аз ду моҳ тул кашид, зиёда аз ҳашту ним ҳазор пешниҳодҳо ба Шурои Олӣ ворид гардиданд. Чунин шумораи зиёди пешниҳодҳо аз он далолат мекард, ки халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва, махсусан, доираҳои сиёсию намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо оид ба мазмун ва муҳтавои Конститутсия фаҳмиши ягона надошта, хостаҳояшон низ гуногун буданд. Масалан, танҳо атрофи номи ин санади олии ҳуқуқӣ, ки он бояд «Конститутсия», «Сарқонун» ё «Қонуни Асосӣ» номида шавад, баҳсу  мунозираҳои доманадор сурат гирифтанд.
Мунтаҳо 6 ноябри соли 1994 дар 64 ҳавзае, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил шуда буд, маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар райъпурсӣ 2 миллиону 535 ҳазору 437 нафар ё худ 94,40 фоизи шаҳрвандон ширкат намуда, ба саволи «Оё шумо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул мекунед?» 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар ё 87,59 дарсад ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд. Натиҷаи раъйпурсӣ нишон дод, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ва мавқеи Роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, аксарият, якдилона Конститутсияро қабул намуданд ва бо ҳамин  як саҳифаи тоза дар таърихи Тоҷикистони муосир боз шуд. 
Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои собиқ шуравӣ Конститутсия дертар қабул гардид, вале ин санади олӣ яке аз устувортарин ва ба воқеияти замон мувофиқтарин Конститутсия эътироф гардид.
Ҷойи таъкид аст, ки мавқеи устувор ва пуштибонии амиқи Пешвои муаззами миллат дар раванди таҳия, муаррифӣ, қабул ва амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиргузор ва муайянкунанда буда, ба шарофати ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчун муҳаррики пешбарандаи ғояву арзишҳои халқи Тоҷикистон ба рушду тараққиёт ва саодати зиндагӣ даст ёфтем.
 
Суҳайлӣ ҚОДИРӢ, 
сардори шуъбаи таҳлилӣ - иттилоотии
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, 
мушовири давлатии дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед