logo

ҳуқуқ

ИДОРАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО СОҲИБНУФУЗ КАРД

Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз (6 ноябри соли 1994) доир гашт. Агар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёри дорои низоми мукаммалу қавии сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намояд, пас Президент ҳомии асосҳои Конститутсия ба ҳисоб меравад.
Баъд аз қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни шакл ва низоми давлатдорӣ амал мекунанд, ки маъмулан идораи парламентӣ ва президентӣ муваффақ дониста шудааст. Қабул ва мавриди амал қарор додани ин шаклҳои давлатдорӣ ба вазъу ҳолати ҳар кишвар вобаста мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ва ҳолати душвору ноороми сиёсӣ қарор дошт. Дар ин давраи мураккабу харобиовар, ки кишвари мо нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тафовут дошт, воқеан ҳам, ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт. Тавре дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва амалӣ созад. Авзои ноороми ҳамонвақта дахолат, амал ва ҳалли фаврии айни замон оқилонаро талаб мекард. Бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои конститутсионӣ идораи президентӣ имкони пурраи ҳалли масъалаҳои муҳимро дорад.
Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти бонизом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ гардид.
 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2583
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед