logo

ҳуқуқ

КОДЕКСИ АНДОЗ. МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ТАРҲИ НАВИ ИН ҚОНУНРО ПАЗИРУФТ

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 (№АП-1236) таҳия гардидааст. Ин санад дар таҳрири нав аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо назардошти пешниҳодҳои зиёди вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ  дар ҳамкории мустақим бо ташкилотҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар ташкилотҳои ҳамкор омода гардида, шаффофияти раванди таҳияи он мутобиқ ба талаботи қонунгузории кишвар ва тавсияҳои созмонҳои молиявӣ таъмин шуд.
Ин матлабро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт.  
Ӯ гуфт, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб, 399 модда иборат буда, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи кишвар дар радабандии агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид  кардани андозҳои ба ҳам алоқаманд аз 10 намуд ба 7 намуд кам карда шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар лоиҳа шумораи назорати андозӣ кам гашта, тартиби гузарондани назорати камералӣ дар шакли худкор (автоматӣ) бо истифода аз барномаҳои электронӣ ва гузарондани санҷишҳо танҳо дар асоси хавф пешбинӣ гардид.
Дар баробари ин, бо мақсади татбиқи консепсияи иқтисоди рақамӣ, ташаккул ва тақвияти ҳукумати электронӣ, дар лоиҳа низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти инноватсионию технологӣ бо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидааст. Барои содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва коҳиш додани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, дар лоиҳа дар баробари ба таври худкор ба роҳ мондани назоратҳои андозӣ, усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ, заминаи ҳуқуқии батанзимдарории хизматрасонии муосири электронӣ бо шумули ҳуҷра ва ҳамёни электронӣ, чеки электронии фискалӣ, ҳисобнома - фактураи электронӣ, мубодилаи электронии иттилоот, асъори функсионалӣ, хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии тиҷорат, низоми рамзгузории электронии молҳо ва ё рамзҳои QR пешбинӣ шудааст.
Шоҳмурод Рустам, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) масъалаи гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва ҷорӣ намудани ин стандартҳо вазифагузорӣ шуда буд. Зарурати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо такмили фазои сармоягузорӣ ва ошкоро будани иқтисодиёт, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ асоснок мегардад.
Яке аз падидаҳои нави лоиҳаи кодекс ин аз ҷониби мақомоти андоз амалисозии назорат ва мониторинги амалиётҳо байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо тавассути Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим мебошад. Мувофиқи лоиҳаи кодекс ҷорӣ намудани Системаи ҳамгироии  иттилоотии андоз  дар  ҳамгироӣ бо портали интернетии «ҳукумати электронӣ» мутобиқи қонунгузории хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар лоиҳаи кодекс пешбинӣ гардидааст, ин аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк ва ҳамчун андози сатҳи маҳаллӣ муқаррар гардидани ин намуди андоз ба ҳисоб меравад. Амали мазкур барои шаҳрвандон расмиёти андозсупориро содатар намуда, инчунин, ба ғанигардонии буҷети маҳаллӣ низ мусоидат менамояд. 
Бояд гуфт, ки қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, дар маҷмуъ, барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, татбиқи консепсияи иқтисоди рақамӣ, дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории иcтеҳсолӣ ва ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намудани низоми андозбандии кишвар нигаронда шудааст.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед