logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
(БА ИФТИХОРИ 110 – СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН СОТИМ УЛУҒЗОДА)
 
МУАММОИ «АДИБИ МУМТОЗ»
1. Муаллифи ҳикояи «Марги ҳофиз». 2. Нашриёте, ки асари С. Улуғзодаро нашр кардааст. 3. Воҳиди маъмурӣ дар Тоҷикистон. 4. Повести С. Улуғзода. 5. Нашриёт. 6. Романи С. Улуғзода. 7. Шакли жанри адабӣ, ки С. Улуғзода аз он истифода бурдааст. 8. Шумораи миқдорӣ. 9. Навъи санъат, ки асарҳои С. Улуғзода тавассути он намоиш дода шудааст. 10. Иҷрогари нақши асосӣ дар филми «Қисмати шоир». 11. Деҳае, ки С. Улуғзода дар он ба дунё омадааст. 12. Махзани маърифат. 13. Ихтисораи номи маҷаллае, ки дар он С. Улуғзода вазифаи котиби масъулро ба ҷо овардааст.14. Муаллифи романи «Дон Кихот», ки С. Улуғзода онро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. 15. Қаҳрамони асосии повести «Субҳи ҷавонии мо». 16. Жанри адабӣ. 17. Унсур, шакли адабӣ.18. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 19. Персонаж аз романи  «Фирдавсӣ» - и С. Улуғзода. 20. Пйесаи С. Улуғзода. 21. Майл ба кору фаъолият. 22. Драмаи С. Улуғзода. 23. Муншии дарбори Сомониён. 24. Беҳуда сарф кардани чизе. 25. Романи С. Улуғзода. 26. Давлат дар қитъаи Осиё. 27. Киносенарияи С. Улуғзода, ки аз рӯйи он филм бардошта шудааст. 28. Персонажи «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 29. Монографияи С. Улуғзода. 30. Асари адабиёти классикӣ, ки онро С. Улуғзода ба наср гардондааст. 31. Қаҳрамони асарҳои халқӣ. 32. Шумораи миқдорӣ. 33. Драмаи эпикиву романтикии С. Улуғзода. 34. Шаҳр дар Тоҷикистон. 35. Пойтахти ҷумҳурӣ дар ИҶШС, ки асари С. Улуғзода он ҷо чоп шудааст. 36. Мукофоти олии кинофестивали давлатҳои Осиёи Миёна ва Африқо, ки филми «Қисмати шоир» ба он мушарраф  гардидааст. 37. Дин. 38. Романи А. Горкий, ки С. Улуғзода онро  тарҷума кардааст. 39. Асбоби мусиқии торӣ. 40. Ҳикояи С. Улуғзода.         
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
ҶАВОБИ МУАММОИ «СУРМА» АЗ 29 ОКТЯБРИ СОЛИ 2021.
АЗ БОЛО БА ПОЁН: 1. Шомма. 2. Реал. 3. Амон. 4. Норак. 5. Миссури. 6. Романов. 9. Сурма. 10. Борон. 12. Анод. 13 Маро.
АЗ ЧАП БА РОСТ: 1. Шаҳр. 3. Амон. 5. Майор. 7. Моил. 8. Нома. 11. Умра. 13. Моро. 14. Индав. 15. Асад. 16. Осон.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
БИЛЛ ГЕЙТС ВА АСРОРИ САРВАТМАНДӢ
Журналисте ба Билл Гейтс саволи аҷиб дода, ҳамаро  дар ҳайрат гузошт:
- Шумо розӣ ҳастед, ки духтаратон бо марди камбағал издивоҷ кунад? 
Ҷавоби Гейтс низ ғайриодӣ буд: «Духтарам ҳеҷ гоҳ ба марди камбағал ба шавҳар намебарояд! 
Ман камбағал гуфта, бепулро дар назар надорам, зеро сарватманд будан маънои доштани суратҳисоби калони бонкиро надорад! Сарват, пеш аз ҳама, қобилияти эҷодист. Шахсе дар лотерея 100 миллион доллар бурд намуд, вале сарватманд нест, ӯ ҳамон марди камбағалест, ки пули зиёд дорад. Аз ин рӯ  90 дарсади миллионерҳое, ки дар лотерея бурд мекунанд, пас аз як  ё  панҷ сол боз камбағал мешаванд. 
Одамони сарватманд соҳибкорони хурданд. Онҳо зеҳни молиявии худро инкишоф медиҳанд, ки худ сарват аст. Сарватманд бовар дорад, ки барои оғоз кардани савдо танҳо ба маълумот ва омӯзиш ниёз дорад. Камбағалон меандешанд, ки дигарон бояд ба онҳо пул диҳанд. 
Боз як қисса мегӯям. Рӯзе посбони бонк халтаи пул пайдо карду ба мудир дод. Мардум ин мардро аблаҳ пиндоштанд, аммо дар асл ӯ сарватманде буд, ки пул надошт. Пас аз як сол бонк ба ӯ вазифаи мудирӣ ва пас аз 10 сол сарварии филиали минтақавии ин бонкро бовар кард. Мукофотпулии солонааш аз маблағе, ки дар халта буд, бештар шуд!».
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
ТАЪЛИМГОҲҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
5. ТАЪЛИМГОҲИ ПУРҲОДИСА
Дар иёлати Колорадои ИМА мактабе бо номи Watershed аст, ки бо барномаи таълимии ғайристандартӣ машҳур мебошад. Он ҷо забони англисӣ ва риёзиро бештар меомӯзанд. Дарсҳо тавассути сайру саёҳат мегузаранд. Масалан, меъморӣ дар кӯчаҳои шаҳр, биология, география дар ҷангал ва заврақронӣ дар дарё таълим дода мешавад. Ҳамчунин, хонандагон якҷо бо омӯзгорон суруду мусиқиҳои худро иншо менамоянд, гурӯҳҳои сурудхонӣ таъсис медиҳанд, ҳамзамон, нақшаи бозиҳои нави компютерӣ пешниҳод мекунанд.
Илова бар ин, дар мактаб ҳар кас мувофиқи шавқу рағабаташ бо дилхоҳ намуди варзиш саргарм мешавад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
8. МОРИ ПЕЧОНИ ОДӢ 
(обыкновенный удав)
 
Ин буқаламуни олами морҳо бо дарозии миёнаи  4,5 метр дар ҳар муҳите, ки хоҳад, зуд мутобиқ мешавад. Зеро ранги он метавонад дар як лаҳза аз сабзу қаҳваранг то зардгунаву сурхча тағйир кунад. Маъмулан, ин хазандаи бузургҷусса дар бешазорҳои Амрикои Марказиву Ҷанубӣ ба сар мебарад, ҳарчанд қодир аст, дар об ҳам бисёр роҳат бошад. Иштиҳои хуб дорад: аз паранда то маймунҳоро бо завқ шикор мекунад. 
Далели аҷиб ин аст, ки морҳои печони одӣ заҳрнок нестанд. Баъди неш задан, онҳо бо дандонҳои каҷи худ сайдро як муддат дошта  меистанд ва, баъдан, бо ҷуссаи бузурги худ онро буғӣ карда мекушанд ва яклухт фурӯ мебаранд. Далели дигар ин аст, ки аксаран худи морҳои печони одӣ ба сайд табдил меёбанд, зеро пӯсти ғайриодияшон дар бозори сиёҳ арзиши хеле баланд дорад. Маҳз аз сабабе, ки шикорчиёни зиёд дорад, мори печони одӣ ба рӯйхати хазандаҳое ворид гардидааст, ки онҳоро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. 
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДЕВОНА ГУРЕЗ, КИ МАСТ ОМАД...
Марди ширамаст дар рӯшании чароғи баланд миёни роҳи калон заминро палмосида, чизе ҷустан дорад, ки милитсионери роҳгузар мепурсад:
- Ҷаноб шумо чиро мекобед?
- Калиди хонаро, командир.
- Дар куҷо афтондед, дар хотир доред?
- Бале, ҳо ана дар даруни боғ.
- Пас чаро дар ин ҷо саргардонед?
- Шумо намефаҳмед командир, даруни боғ торик аст… 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
КАБӮТАРИ ҶОСУСРО  «ҲАБС» КАРДАНД
 
Сокини музофоти Панҷоби Ҳиндустон кабӯтареро пайдо карда, дарҳол ба полис занг зад. Шояд аҷиб ба назар расад, ки як ҳинду метавонад парандаи бегонаро шиносад, вале кабӯтарҳои Покистон, воқеан ҳам, бо ранги махсуси худ фарқ мекунанд. Пас аз тафтиш аз пойи кабӯтар ҳалқае ёфт шуд, ки дар он суроға ва рақами телефон ҷо шудааст. Паранда ба ҷосусӣ муттаҳам шуда, "ҳабс” гардид.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
АЗ ОЛАМИ АДАБ 
ИНШОИ 500 ҲАЗОР КАЛИМА  ДАР ШАРҲИ АСАРИ БЕҲАРФ 
 
Дар озмуни адабии «Арт – Тенёт - 97» романи Баян Ширянов «Комёбии ночиз» ғолиб омад. Соле пас нависанда боз ҳам хост дар «Арт – Тенёт - 98» ширкат варзад, вале бар асари тангии вақт чизе иншо накарда буд. Ба ин қарор омад, ки романи «Фосила»-ро, ки танҳо аз фосила (пробел) иборат буд, ба озмун фиристад. Асарро ба яке аз номинатсияҳо пешниҳод карданд, ки дар раванди баррасиаш беш аз 500 ҳазор калимаву аломат навишта шуд.
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ҚАБУЛИ ПЕШНИҲОД  ПАС АЗ 203 СОЛ
 
Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки нахустин маротиба дар таърихи башарият Конститутсия дар Амрико пайдо шудааст. Конститутсияи ин кишвар бо матни мухтасараш дар ҷаҳон маъруф аст. Он соли 1788 қабул шуда, дорои 4,4 ҳазор вожа мебошад. Бори нахуст, соли 1791 ба қонун тағийру иловаҳо ворид гардида, тибқи  он дар ҳудуди кишвар ғуломдорӣ аз байн рафт. Аҷибаш дар он аст, ки соли 1789 дар ҳамин қонун оид ба маҳдуд кардани маош пешниҳод ворид карданд, аммо он танҳо баъд аз 203 сол, аниқтараш соли 1992 ба қонуни асосӣ роҳ ёфт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ХУМ -  ХУРДТАРИН ШАҲР
Шаҳраки Хум ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ин шаҳр дар яке аз қуллаҳои кӯҳсорони Хорватия ҷойгир буда, 13 бинои истиқоматӣ (дар ду кӯча) дорад. Дар 7 манзили он одамон зиндагӣ мекунанд. Аҷиб аст, ки симои шаҳр дар 1000 сол тағйир наёфтааст. Тибқи ривоятҳо, шаҳрро бузургҷуссаҳо (викингҳо) сохтаанд. Аз асри ХI унвони  шаҳрро дорад.
Хумро раисе, ки аз тарафи шурои мардҳо интихоб мегардад, идора мекунад. Шаҳр табиб, милиса, суд, сӯхторхомӯшкун ва сомонаи интернетии худро дорад. 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
Фикр мекунем, ки дар бораи табиат маълумоти зиёд дорем, аммо муъҷизаҳои табиат тамомшавӣ надоранд. Ҳастанд мавзеъҳои аҷибе, ки бо хусусият, рангорангӣ ва зебоӣ аз дигар нуқтаҳои дигари сайёраи Замин фарқ мекунанд.
 
МАВЗЕИ ГЕОТЕРМАЛИ ДАР ВАЙ-О-ТАПУ
Вай-о-Тапу яке аз муъҷизаҳои зебо ва камназири Зеландияи Нав мебошад. Дар роҳи сафар, дар ҳар гардиш муъҷизаи нав - аз гейзерҳо сар карда, то кӯлҳои рангоранги аҷоибро мебинед. Ҳамчунин, ҳавзҳои лойи табобатӣ ва ҳавзи машҳури Шампон бо ҳалқаҳои ҷолиби беруна ва ранги норинҷӣ кирои тамошост. Бухори сап-сафеди кӯлҳои гарм ва абрҳои ҳамранги он ба ҳам омехта, манзараеро ба вуҷуд овардаанд, ки дар дигар ҷойҳо дидан ғайриимкон аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ҶАНГ ВА КӮДАКОН БЕ АШК НАМЕТАВОН ХОНД 
Навҳаву нолаҳои кӯдакони ҷангдидаро дар интернет мехонему диламон таҳ мекашад:
Кӯдаки суриягӣ: «Ҳама чизро ба Худованд қисса мекунам».
Кӯдаки дигаре: «Худованди азизу меҳрубон, мехоҳам аз гушнагӣ бимирам, нони хӯрдан надорам, маро ба ҷаннат равон кун, то дар он ҷо нон бихӯрам».
Духтараки афғон баъд аз таркиш, ки дасти ӯ захмдор шуда буд, бо ашки шашқатор ба табиб мегуфт: «Духтурҷон, дар вақти ҷарроҳӣ остинамро пора накун, ки ба ҷуз ин либоси дигаре надорам».
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
СӮЗАНДОРУ 
ТАЪРИХЧАИ ЯК ИХТИРОЪ
 
Сӯзандору соли 1853 ихтироъ шуда, соҳиби патент гардид. Онро дар як вақт ду табиб аз кишварҳои гуногун бе огоҳӣ аз ҳамдигар ихтироъ кардаанд. Яке духтури ҳайвонот аз Фаронса Шарл Габриэл Праваз ва дигаре табиб аз Шотландия Александр Вуд мебошанд. 
Байтор Праваз медонист, ки ҳангоми муолиҷа ҳайвон ором намеистад. Ба ӯ асбобе лозим буд, ки доруро ба хун гузаронад.
Александр Вуд бошад, мехост бо беморон усули ҷарроҳии бедардро таҷриба намояд ва пайи ихтирои сӯзандору шуд. Он замон барои сабук кардани дард ба мариз морфий медоданд ва на ҳар меъда онро сабук мепазируфт. Зарурат пайдо шуд, ки онро тавассути сӯзандору ба хун фиристанд. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
ТАЪРИХЧАИ ШИНОСОИҲОИ ҒАЙРИИНТИЗОР
СОФИ ЛОРЕН ВА КАРЛО ПОНТИ 
София Виллани Шиколоне номи аслии ӯст.  Тахаллуси Софи Лоренро барояш  Карло Понти, коргардони итолиёвӣ додааст. Шиносоии Софи бо ин марди аз худаш 22 сол бузургтар ӯро ба шоҳбонуи синамои Ҳолливуд табдил дод.
Ҳунарпеша дар айни шукӯҳ ва  маъруфият бо филмҳои  «Ду шаб бо Клеопатра» ва «Ганҷи  Неапол» дили  боз ду марди бузург - Грант ва Марлон Брандоро тасхир кард. Гулборон, номаҳои ошиқона ва туҳфаҳои гаронарзишро напазируфт. Бо Понти, ки ӯро кашф кардаву ба олами синамо овард, хиёнат накард, бо вуҷуди пир буданаш соли 1966 бо ӯ издивоҷ кард. Шавҳари ӯ 94 сол   умр дид. Ҳунарпешаи сарватманд, ки ҳоло 86 сол дорад, аз ҳаёти бо Понти гузарондааш заррае афсус намехӯрад.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ШАШ НОН
Марде ҳар рӯз шаш нон мехарид. Рӯзе дӯсташ пурсид:
- Шаш нон ҳар рӯз чӣ мекунӣ?
- Гуфт: Нонеро нигоҳ медорам ва як нонро меандозам ва ду нонро пасандоз мекунам ва ду нонро қарз медиҳам.
Он дӯст гуфт:
- Сухани ту ҳич намефаҳмам, соф бигӯ.
- Гуфт: 
Як ноне, ки медорам, мехӯрам ва ноне ки меандозам, хушдоманро медиҳам ва ду нон, ки вопас мекунам модару падарро медиҳам ва ду нон писарони худро қарз медиҳам.
 
Таҳияи Дорои БОРБАД
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
6. БУРДИ 180 000 - ДОЛЛАРА
Як оила аз иёлати Оклахомаи ИМА ширкати «Хайнтс» - ро ба додгоҳ мекашад. Онҳо даъво карданд, ки 42 грамм кетчупи қуттиҳои ширкат кам аст. Дар натиҷа додгоҳ ҳукм баровард, ки ширкат 180 000 доллар ба оила ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Аз русӣ тарҷумаи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
15. ТИРЕЗАЧАҲОИ ЧОРКУНҶА САБАБИ МАРГИ 54 МУСОФИР
Тайёраи «Комета Де Ҳевилленд»-и ширкати бритонии «Де Ҳевилленд» миёни тамоми ҳавопаймоҳои солҳои 50-ум намунаи олии эҷод ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, баъди панҷ соли фаъолият, аниқтараш соли 1954, ду аэробуси ин ширкат дар ҳаво якбора таркида, ҷони 54 мусофирро бо худ ба нестӣ мебаранд. Коршиносон сабаби асосии садамаи фалокатборро дар шакли тирезачаҳои тайёра маънидод карда, мегӯянд, ки маҳз бо сабаби чоркунҷа буданашон онҳо натавонистанд ба фишори баланди атмосфера тоб оваранд. Воқеан, аз ҳамон сол инҷониб дар тамоми тайёраҳо тирезачаҳои доирашакл истифода мешаванд. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
БАРЪАКС
Мувофиқи қонуни фалсафа, чизе ё коре, ки барои шумо бисёр муфиду муҳим аст, метавонад баъзан бар зарари шумо ҳам «хидмат» кунад. Ҳатто хомаатон ҷумлаеро менависад, ки тибқи он зери хатар ё ҷустуҷӯ қарор мегиред. Аз ин сабаб, рубрика «Баръакс» ном гирифт. Инак, чанд баръакси зиндагонии мо.
 
ЗЕБОӢ БАХТ АСТ Ё ХАТАР?
Байни 1000 бонуи соҳибҷамоли Олмон доир ба хушбахт буданашон пурсиш гузаронданд. Аз онҳо танҳо 235 кас посухи мусбат дода, аксарият аз зебоӣ ранҷу озор дидани худро изҳор доштанд.
Масалан, яке аз онҳо нақл кард, ки барои ҳусни беназир шавҳараш пайваста рашк мекард ва ниҳоят бо ҳамин сабаб оилааш пош хӯрд.
Дигареро зебоӣ сабаби сар задани ҷангу ҷидол байни ҳамсар ва рафиқаш шуда, оқибат беёр мондааст. 
Бонуи зебои дигар гуфтааст: «Чеҳраи боз, рӯву лаби ба табассум моил ба атрофиён чунин таассурот мегузорад, ки гӯё мо хушбахтем. Аз ин сабаб, касе дарду доғи моро намепурсад, ҳол он ки мо ҳам одами муқаррарием».
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ПРОКОФЙЕВ  ВА РЕКЛАМАИ АФЛЕСУН
Дар Театри опера ва балети Чикаго ба намоиш гузоштани пйесаи «Муҳаббат ба се афлесун» («Любовь к трем апельсинам»)-и оҳангсози машҳури рус Сергей Прокофйев миёни мардум ҳангомаи бесобиқаеро ба вуҷуд овард. Бо эҳтимоли зиёд, ин намоишнома мухлисони зиёдро мебоист дар театрҳои гирду атроф ба ҳам орад. 
Инро дида, «ҳокимони афлесунӣ» («апельсиновые короли») хостанд бо истифода аз фурсати муносиб меваҳои худро миёни издиҳоми мардум намоиш диҳанд. Бо ин мақсад, яке аз онҳо ба роҳбарияти театр маблағи ҳангуфте ваъда карда, хоҳиш намуд, ки афлесунҳои ширкати ӯро дар намоёнтарин ҷойи даромадгоҳ реклама кунанд. Воқеан, матни реклама тахмин чунин садо медод, ки боварнокарданист: «Афлесунҳои мо худи Сергей Прокофйевро илҳом мебахшиданд. Худораҳматӣ танҳо аз меваҳои ҳамин ширкат лаззат бурда, эҷод мекарданд!». 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МАХАВ
АВВАЛИН БЕМОРИЕ, КИ ИНСОН МУБТАЛО ШУДААСТ! 
Ба гурӯҳи олимон аз Хюстон (ИМА) муяссар гардид, ки куҳантарин бемориро муайян намоянд. Ин маризии махав буда, дар китобҳои осмонӣ низ аз он ёд шудааст.
Он пӯстро вайрон намуда, ба пардаи луобии роҳҳои болоии нафас ва асаб таъсири манфӣ мерасонад. 
Агар беморӣ сари вақт муолиҷа нашавад, боиси тағйирёбӣ ва бадафтшавии сурат мегардад. Бактерияҳои он ҳанӯз 10 миллион сол пеш вуҷуд дошта, аз Африқо ба дигар кишварҳои дунё паҳн шудаанд. Даҳсолаҳои охир бемории махав хеле кам ба назар мерасад. Масалан, дар соли 1990 теъдоди  мубталоёни маризии мазкур дар дунё аз 12 миллион ба 1,8 миллион кам шуд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
5 РОҲИ ДУРУСТИ ТАРБИЯИ КӮДАКИ ҲУШМАНД
4. Фарзандатонро ба мусиқӣ пайвандед
 
Фарзанди шумо ба мусиқӣ таваҷҷуҳ дорад? На, пас бояд ӯро оҳиста - оҳиста ба дунёи мусиқӣ ворид намоед. Олимони ИМА баъд аз гузарондани таҳқиқ ба хулосае омаданд, ки байни мусиқӣ ва фанҳои гуногун пайвандӣ вуҷуд дорад. Дар кӯдаконе, ки ба оҳангу суруд майл доранд, қобилияти хуби азхудкунии донишҳои гуногун дида мешавад. Хурдсолоне, ки мусиқӣ меомӯзанд ё эҷод мекунанд, нозукии байни садоҳоро дарёфта, шинохти нейрофизиологии онҳо ба пешрафт оварда мерасонад. Бидуни дарси мусиқӣ инкишофи зеҳнии тифлонро пурра ҳисобидан ғайриимкон аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 223    Мутолиа карданд: 2407
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед