logo

иҷтимоиёт

АЗ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТО ЁРИПУЛӢ БА БЕКОРОН. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баҳри таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо дар даҳ моҳи соли равон корҳои муҳимро ба сомон расонд. 
 
Салимҷон Нуралиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки, ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020 – 2022, давоми даҳ моҳи соли равон ба шуъбаи Агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор 1472 сокини ноҳия муроҷиат кард. Аз онҳо, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», 1317 нафараш ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 1058 корҷӯ (433 зан) дар асоси роҳхат дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо соҳиби кор гашт, ки беш аз 100 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. То охири соли равон иловатан боз беш аз 300 кас бо кор таъмин мешавад.
-Талаботи бозори меҳнат ва номгӯйи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 80 корҷӯйи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб мегардад,- афзуд Салимҷон Нуралиев. 
Бино ба гуфтаи ӯ, ба 29 нафар барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 110 ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, истеҳсолӣ ва ғайра фаъолият доранд. 
Ҳамзамон, тайи  даҳ моҳи соли равон аз шаҳрак ва деҳоти Оқсу, Лолазор, Корез, Сангтӯда, Исмат Шарифов 335 кас ихтисосҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, компютер, гулдӯзӣ, попуридӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, адрасбофӣ, кафшергари барқ, ороишгари мӯй ва муҳосибиро меомӯзанд. Инчунин, 253 шаҳрванд тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид. 
Соли равон ба 283 нафар ба маблағи 129 ҳазору 200 сомонӣ, аз ҷумла 33 нафари аз маҳбас озодшуда 16 ҳазор сомонӣ, 250 ҷавони аз сафи Артиши миллӣ рухсатшуда 113 ҳазору 200 сомонӣ, ёрипулӣ дода шуд. Дар баробар ин, 26 нафари аз кор ихтисоршуда 35 ҳазору 612 сомонӣ кумакпулӣ гирифт. 
Тибқи квота аз ҳисоби ҷавондухтарону ҷавонписарон ва модарони серфарзанд дар беморхонаи марказии ноҳия, ёрии аввалияи тиббӣ - санитарӣ, ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ва шуъбаи маориф 110 нафар бо кор таъмин гашт. 
Соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят дар ноҳия бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва деҳот сездаҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузашт. Дар натиҷа, 155 нафар (63 зан) соҳиби корҳои доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29 кас зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ кӯшиш дорад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо боз ҳам ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила, сатҳи зиндагии сокинонро баланд бардорад.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2021    №: 224    Мутолиа карданд: 1544
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед