logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Шуҷоъ Маҳмадшоев аз нахустин муаллимони даврони шуравӣ буданд. Таҳсилоти аввалро дар мактабҳои тоинқилобӣ ҳифз намудаанд. Баъди инқилоб пас аз хатми Дорулмуаллимини шаҳри Самарқанд ба зодгоҳ баргашта, дар нахустин мактабҳои шуравии саводомӯзӣ фаъолияти омӯзгориашонро оғоз карданд. 
Инсони дар ҳақиқат фозилу хирадманд, ба шеъру шоирӣ низ майл доштанд. Кас аз суҳбаташон як ҷаҳон маънӣ мегирифт. Соҳиби завқи баланд буданд ва ривоёти фаровонеро медонистанду истеъдоди фитрии нақлкунӣ доштанд. Дар маъракаҳо марди пешбар. Зиёд китоб мехонданд ва ҷевоне ғанӣ аз китобҳои нодир доштанд. Аз китобҳои он кас дигарон низ баҳра мебурданд, балки худашон барои хондан мардумро ташвиқ менамуданд.
Устод ба мо аз таърих дарс мегуфтанд. Воқеан, таърих сарчашма, дирӯзест, ки имрӯз аз он ғизо мегирад. Дониши мукаммал доштанд ва моро ба омӯзиши паҳлуҳои арзишманду илмии ин фан ва сарчашмаҳои таърихии дирӯзу имрӯзи халқамон раҳнамун менамуданд. Бо олимон ва донишмандони соҳаи таърих дӯстӣ доштанд. Доктори илми таърих, академик Аҳрор Мухторов яке аз дӯстони ҷониашон буданд ва ҳар гоҳ ки бо гурӯҳи кориашон барои пажӯҳиши бостоншиносӣ ба водии Зарафшон меомаданд, ҳатман меҳмони устод мешуданд. 
Инчунин, Шуҷоъ Маҳмадшоев чун олими пухтакор дар ҷустуҷӯ ва дарёфту интишори осори номатбӯи шоири шаҳиду шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ хидмати назаррасу бебаҳо намудаанд. Дар ин бора дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёд ба нашр расондаанд, минҷумла, дар китоби “Мунтахаботи ашъор”-и Туғрал (соли 1964) навиштаашон таҳти унвони “Дар ҷустуҷӯйи асарҳои Туғрал” ҷой дода шудааст, ки арзиши баланди илмӣ дорад. Академик Носирҷон Маъсумӣ низ ба аҳамияти калони илмию адабӣ доштани ин мавод баҳои хоса додаанд. Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” (23.12.1961) “Хотираҳо аз ҳаёти Туғрал” - ро ба хонандагон пешниҳод намуданд. Як асари драмавие низ аз рӯзгору осори Туғрали Аҳрорӣ таҳти назари драманависи маъруф Султон Сафар эҷод намуда буданд. 
Шуҷоъ Маҳмадшоев ҳамин ихлосу эҳтиромашонро, ки ба Туғрали Аҳрорӣ доштанд, ба фарзандону шогирдон низ илқо намуданд. Ба гуфтаи устод Мирзо Шукурзода: “Бисёр хуш ва дилпазир аст, ки чароғеро, ки муаллим Шуҷоъ Маҳмадшоев аз нури илму маърифат эҷод кард ва барафрӯхт, имрӯз ҳамаи фарзандони ин хонадон равшану пурфурӯғ нигоҳ медоранд». 
Устод дар тадқиқу ҷамъоварӣ ва таҳияву интишори намунаҳои фолклори водии Зарафшон низ шуғл варзидаанд. Маҳсули заҳматашон дар “Мунтахаботи фолклори тоҷик” нашр гардидааст. Дар байни мардум мегӯянд, ки: “Аз некон боғ”. Шуғли дигари устод боғдориву гулпарварӣ буд. Пешорӯйи ҳавлиашонро гулҳои садбарги зебо оро медиҳад. Дар боғашон анвои гуногуни дарахтони меваро парвариш ва ба воя расондаанд. Пайвандгари хуб ва пайваста дар пайи омезиши навъҳои гуногуни меваҷот буданд. Аз нодиртарин навъҳои меваи кишвар ба навниҳолон пайванд менамуданд. Аз ин ҷост, ки зодгоҳашон хазоини меваҷоти шаҳдрез ва гулҳои атрогин гаштааст.
Соли 2009 бо ҳузури аҳли илму адаб, ҳамкасбону шогирдон ва маҳфили ёдкарди устод баргузор гардид. Дар ҳамин рӯз нимпайкараи Маҳмадшоев дар саҳни мактабе, ки бунёдгузораш буданд, гузошта шуд. 
 
Саидбурҳон ИКРОМӢ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2021    №: 224    Мутолиа карданд: 494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед