logo

Хабарҳо

Дар Қазон машқҳои неруҳои посдори сулҳи СААД оғоз шуданд

Профил. Дар пойтахти Тотористон машқҳои неруҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз ёфт. Машқҳо таҳти унвони «Иттиҳоди шикастнопазир - 2021» баргузор мешаванд.
Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин зимни ифтитоҳи машқҳо дар бораи аҳамияти ҳамкории кишварҳои узви СААД ва таҳкими иттифоқ барои безараргардонии таҳдидҳои эҳтимолӣ изҳори назар кард. Машқҳо дар майдони тамринии Мактаби олии фармондеҳии танкии Қазон гузаронда мешаванд. Баҳри иҷрои амалиётҳои муштарак  қӯшунҳои низомии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
«Барои дар муддати кӯтоҳ анҷом додани амалиёти фавқуззикри контингенти ҳарбии шаш давлат, мо гурӯҳҳои тавонои гуногуни қӯшунҳоро бо системаи ягонаи идоракунӣ ба вуҷуд меорем», - таъкид кард Лапин дар маросими кушодашавӣ.  
 
 
Гуфтугӯйи телефонии Путин ва Бернс  
 
АИР "Новости". Президенти Россия Владимир Путин бо директори Идораи марказии  иктишофӣ ИМА Вилям Бернс гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуоти сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дод.
Песков  ба  АИР «Новости» гуфт, ки ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба, вазъи буҳронӣ дар муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуда, дар бораи низоъҳои минтақавӣ табодули назар карданд. Дар суҳбат, инчунин, ба мавзуи киберамният дахл карда шуд. 
Бернс дар аввали моҳи ноябр бо дастури Президенти ИМА ба Москва сафар карда буд. Он замон исрор мегардид, ки сардори Идораи марказии  иктишофӣ дар рафти сафари худ ният дошт бо нақшаҳои роҳбарияти Россия дар мавриди баъзе аз масоили марбута ба сиёсати хориҷии мавриди таваҷҷуҳи Вашингтон иттилоъ  гирад.
 
 
СММ: «Зиёда аз 45 миллион нафар дар ҷаҳон дар остонаи гуруснагианд»
 
CentralAsia (CA).  Барномаи ҷаҳонии озуқавории  СММ гузориш дод, ки беш аз 45 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд. Инчунин, 3 миллион нафар тибқи таснифи интегралии марҳилаҳои амнияти озуқаворӣ (ICF) ба сатҳи шадиди гуруснагӣ ва таҳдиди бадшавии он дар як сол рӯ ба рӯ шуданд.
«Даҳҳо миллион нафар бинобар гуруснагӣ ба вартаи ноумедӣ менигаранд. Низоъ, тағирёбии иқлим ва пандемияи COVID-19  шумораи одамонеро, ки гуруснагии шадидро аз сар мегузаронанд, меафзояд. Маълумоти охир нишон медиҳад, ки ҳоло беш аз 45 миллион нафар дучори гуруснагианд», - гуфт Дэвид Бизли, директори иҷроияи  БҶО.
Ба гуфтаи ӯ, болоравии қимати маводҳои сӯхт, ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ боиси афзоиши вазъи буҳронӣ мегардад.  
 
 
Байден оид ба иҷрои ваъдааш дар бораи мубориза бо ҳакерҳо ба Путин иттилоъ дод
 
Известия. Ҷо Байден,  Президенти ИМА,  8 ноябр гуфт, ки ваъдаи худро ба Владимир Путин, Раҳбари Россия дар мавриди боздошти ҳакерҳо дар саросари ҷаҳон иҷро кардааст.
«Вақте ки ман дар моҳи июн бо Путин мулоқот кардам,  возеҳ гуфтам, ки ИМА барои ба ҷавобгарӣ кашидани киберҷинояткорон чораҳо меандешад. Мо ин корро имрӯз анҷом додем", - гуфта мешавад дар изҳороти  Байден.  
Президенти ИМА, ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин самт корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Ба гуфтаи Байден, ИМА барои таҳкими инфрасохтори дахлдор иқдомҳои муҳим гирифтааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 785
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед