logo

Хабарҳо

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо иштироки 313 довталаб оғоз гардид, ки то 12 ноябр идома меёбад, - иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.
Ба ҳайати ҳакамон устодони варзида аз рӯйи се жанр иштирок мекунанд. Ҷараёни баргузории озмун тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад.
Маросими ҷоизасупории озмун 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир мегардад.
 
 
Густариши ҳамкорӣ миёни  Тоҷикистон ва Австрия
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳартро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир низ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
 
 
Вохӯрии Баҳодур Шерализода  бо Донал Браун
Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, дар шаҳри Глазгои Шотландия, вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҷаноби Донал Браун баргузор гардид.
Раиси кумита зикр намуд, ки айни замон лоиҳаи нави аз ҷониби IFAD дар ҳамкорӣ бо кумита дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои иқлим таҳиягардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Изҳори бовар шуд, ки раванди мувофиқакунонии он дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом хоҳад расид. Лоиҳаи нав бо ҷалби маблағҳои IFAD ва Фонди иқлими сабз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мешавад.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА АВСТРИЯ
Ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар
Нишасти соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳои хусусии ду кишвар ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок баргузор гардид.
Дар нишаст роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва ширкату соҳибкорон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз зарфиятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор карданд.
Дар нишаст беш аз 60 намояндаи ширкатҳои ду кишвар иштирок дошт. 
 
 
Боз 500 ҳазор воя ваксина ворид гардид
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи “КоронаВак”- и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 502 ҳазор сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бояд гуфт, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаҳдорӣ ва тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ гузаронда мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед