logo

сиёсат

МУҲАММАДҶАЪФАРИ РАНҶБАР: «ШОҲИДИ ҶОНБОЗИҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАСТАМ»

Сарвари хирадманду дурандеши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бародари дилсӯз ва ҳамсояи нек дар бештари маҳфилҳои дохилӣ ва ҷаласоти байналмилалӣ, агар сухани аввалаш роҷеъ ба Тоҷикистон бошад, бидуни шак, дувумин паём садои дардҳо ва мушкилоти мардуми Афғонистон аст, ки ба гӯши ҷаҳониён мерасонад. Чунин ҳамдардию дилсӯзӣ аз камтар раҳбаре дар кишварҳои дуру наздик дидаву шунида шудааст. Дасти ҳақ ва дуои некону бузургон нигаҳбонашон бод! 
 
Имсол ба иқомати ман дар ин кишвари бостонӣ 30 сол пур шуд. Нигоранда ба поси пайвандҳои муштарак ва ҳаққи нону намаки ин азизони ҳамзабон чун ҳамасола бо нашри китобҳо ва баргузории маҳфилҳо саҳми маънавӣ ва фарҳангии хешро дар чунин рӯйдодҳои фархунда гузоштам. 
Меҳвару мадори кори мо таърих ва рӯйдодҳои сад соли ахир, бавижа 30 соли Истиқлоли Тоҷикистон аст, ки ин миллату Меҳан бо истиқомату дурандешӣ ва тадбири раҳбари хирадмандаш ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дарёи хуну оташ ва «ҳафтхони Рустам» гузашта, то ба ин сулҳу амният ва оромишу пешрафт расидааст. 
Ҳукуматҳои Сомониёну Ғазнавиён, Хоразмшоҳиёну Темуриён ва… дар ҳавзаи Мовароуннаҳру Хуросон бо иқтидори бештар фармонравоӣ доштанд, аз 150 ва 200 сол ба ин сӯ шоҳону фармонравоёни айёшу бекифоят дар ин қаламравҳо ҳоким шуданд, ки тамоми ҳушу гӯшашон ҷангҳои дохилӣ ва аморатсозиҳои маҳаллию қабилавӣ буд, ки мардумони мазлум ва бенавои ин ҳавзаҳо дар ҷангҳо ва лашкаркашиҳои бемаънии ин фармонравоёни мустабиду хобрафта ғорату тороҷ ва ба хоки сиёҳ нишастанд. Дар натиҷаи чунин ғафлату бекифоятӣ, ҷаҳолату бехабарӣ, бардадорию канизӣ буд, ки ду қудрати бартари он замон дар як қарордоди пинҳонию нонавишта оҳиставу пайваста бахшҳое аз ин ҳавзаҳои муштараки таърихию фарҳангиро замимаи мустаъмараашон намуданд, ки имрӯз шоҳиди «истон»-у «истон»-ҳои зиёд дар қаламравҳои ягонаи таърихию тамаддунии Хуросони бузург ва Мовароуннаҳр ҳастем.
Тоҷикони имрӯз чун соири ақвому милал таъриху тамаддуни пурбору бошукӯҳ дар бистари фарҳанги Шарқ ва Осиёи Миёна дошта, аз 100 сол ба ин сӯ фарозу фурудҳои бешумореро дидаву чашида, борҳо афтодаву бархостаанд. 
Аз солҳое, ки Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳавзаи нуфуз ва идораи шуравӣ буд, гарчанде аз як миқдор озодиҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ маҳрум буд, вале дар арсаи фарҳангу маориф, шаҳрсозию кишоварзӣ, тарбияи кадрҳову мутахассис ба дастовардҳои ғайри қобили инкор ноил шуд. 
Рӯйдоди талхи миллати тоҷик воқеаҳои дардангези дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки 1992 то 1997 ҳатто то 2000 бар сари кишвар ва миллати тоҷик соя андохта буд, ки бо талошу тадбири Раҳбари давлат ва миллати сабури тоҷик бартараф шуд. Ҷараёнҳо ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсию идеологӣ аз ҳар сӯ қад барафроштанд, ки, мутаассифона, ба ҷуз вайронию парешонӣ ва оворагии мардумонаш чизе ба армуғон наёвард. Дар чунин рӯзгори сахту душвор парокандагии миллат ва сафбандии ҷараёнҳо буд, ки шахсияти дилсӯзу ватандӯст Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соири равшанфикрону дилсӯзони миллат ба майдони наҷоти Меҳан ворид шуданд.
Азмро ҷазм намуда, ба соли 1991 ба кишвари ҳамзабони Тоҷикистон омадам. Камтар аз як моҳ дар ин шаҳри зебо ва миёни мардуми босафо будам. Ончиро дӯстон гуфтанд, дар ҳақиқат дидаму мафтуни сафову самимият, меҳмоннавозию хоксорӣ ва табиати зебову сабзи шаҳри Душанбе шудам. Бо баъзе дӯстон ва адибони тоҷик мулоқоту табодули андеша кардам, дар заминаи ҳамкориҳои муштараки фарҳангию адабӣ суҳбату ҳамоҳангӣ намудам. Душанбе дигар он шаҳри орому дилоро набуд. Шаҳре, ки қаблан шукуфон буд, якбора мисли кӯдаки ятим дар биёбони сиёсату ваҳшат раҳо шуд. Дар асари тазоҳурот ва майдоннишиниҳои шаҳри Душанбе ва шиорҳои «мурда боду зинда бод» ва фирори кадрҳо ва мутахассисини русӣ кишвар дучори буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ноамнӣ гардид. 
Дар ҳақиқат, дар баъзе нуқтаҳои шаҳри Душанбе ва соири ҷойҳо мардуми одӣ аз дасти дуздону зӯргӯён дар рӯзи равшан гаштугузор карда наметавонистанд. Баъд аз аср бештари мардум дар хонаҳояшон мебуданд. Билохира, аксари вакилони Маҷлиси Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъ шуда, тули чанд рӯз баҳсу табодули назар ба соли 1992 бо аксарияти раъйҳо ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. 
Дар замоне Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон масъулиятро ба даст гирифт, ки тақрибан бонкҳо холӣ ва бидуни пуштивона, ниҳодҳои амниятӣ ва қонунгузорӣ аз ҳам пошида буданд. Гурӯҳҳои худсару мусаллаҳ дар ҳар сӯи шаҳру кишвар ташкил шуда, ба марказ итоат наменамуданд, даст ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона мезаданд ва камтар мавриди пайгарди қонуну бозхост қарор мегирифтанд. 
Дӯстон ва хонандагони гиромӣ, бавижа ҷавонони азизи тоҷик, ин нукоти пандомӯзу саргузашти талхи миллату Меҳани шуморо ва ҳамзабонони худамро ҳамчун шоҳиди мустанад ба он далел менависам, ки теъдоди ҷавонони имрӯз ё таваллуд нашуда ё хурдсол буданд, дақиқан намедонанд, ки чӣ гуна аз он рӯзҳои душвор ба ин рӯзҳои оромишу ҳамвор ва сулҳу амният расидаанд. 
Дақиқан ба ёд дорам, ки чандин моҳ дар шаҳри Душанбе бензин каму нопайдо буд. Бештари мошинҳои шахсию давлатӣ аз фаъолият боз монда, аксари кормандону устодон ва донишҷӯён чандин километр пиёда рафтуомад мекарданд ва баъзан барои автобус бештар аз як соат интизор мекашиданд, вақти омадани он чунон ҳуҷум менамуданд, ки кӯдакону хурдсолон зери дасту по мешуданд ё он ки аз ақиби автобус ба панҷараҳояш овезон шуда, то мақсуд мерафтанд. Маоши кормандон бисёр каму ночиз буд. Баъзан, чандин моҳ маош намегирифтанд, чун дар буҷети давлат маблағе вуҷуд надошт. 
Аз ҳама сахту дардовар камбуди орду нон буд, ки барои ба даст овардани як ё чанд адад нон мардуми шаҳр ва аъзои хонаводаҳо чандин соат дар навбат менишастанд. Хушбахт касе буд, ки баъд аз чандин соати интизорӣ яке ду нонро ба даст оварда, онро миёни фарзандонаш тақсим мекард. Чандин пиру ҷавон, зану кӯдак дар сармо ва зери дасту по ҷони ширинашонро аз даст доданд. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чандин тараф дар фишори мушкилоти дохилию хориҷӣ буд. Аз як тараф, фармондеҳони қудратманди ҳукуматӣ, ки гӯши шунаво надоштанд, бо ваҳшату даҳшат дар шаҳр бо афроди мусаллаҳашон гаштугузор мекарданд ва парвои давлату қонунро надоштанд, зеро давлат он иқтидори кофиро барои саркӯби чунин гурӯҳҳои мусаллаҳро надошт. Аз тарафи дигар, гурӯҳҳои оппозитсиони мусаллаҳ, ки бештар бо давлат ва баъзан байни худашон даргирии мусаллаҳона менамуданд, садамадидагони аслӣ мардуми одӣ буданд. Ҳамчунон, мушкилоти давлат таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон буд, ки аз ҳеҷ самт роҳи таъмини озуқа ва маводи аввалияро надоштанд. 
Раҳбари Шурои Олӣ дар чунин рӯзҳои душвор шабу рӯз бо ҳамкорону мушовиронаш дар дафтари кораш бедорхобӣ ва талош менамуд, то мардумашро аз мушкилоти дохилӣ, дасисаи кишварҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳу қонуншикан наҷот диҳад. 
Ман шоҳиди талошу ҷонфидоиҳои Сарвари кишвар дар ҷодаи осоиш ва сулҳ ҳастам. Дар чунин рӯзҳои талху сарнавиштсоз, ин шахсияти далеру нотарс ва дилсӯзи миллат бо қабули хатарот ва масъулияти миллию виҷдонӣ гоҳе дар байни афроди мусаллаҳи мухолиф, дар Бадахшону Хатлону Вахш мерафтанд ва чандин бор бо вуҷуди мушкилоту ноамнӣ ба Кобулу Тахор сафар намуданд. Аз чандин тавтеа ва кудатои дохилӣ ҷон ба саломат бурдаанд. 
Бояд содиқона ва ба дур аз тамаллуқу тавсиф эътироф намоем, дар рӯзгори фавқулода сахту сарнавиштсоз ин шахсияти ботадбиру дурандеш бо ҳавсаламандӣ ва хуни ҷигар ва дипломатияи қавии дохилию хориҷӣ миллату меҳанашро ба ин рӯзгори шоду обод расондааст. Дар сахттарин лаҳзаҳо миллату ватанашро танҳо раҳо накарда, чун кӯҳи побарҷо дар рӯзҳои душвор дар миёни мардумаш истод, то ин киштии шикастаро ба соҳили наҷот расонад. 
Ҳамзамон, бо мушкилоти дохилӣ ва созишномаи сулҳ бо оппозитсияи мусаллаҳ бештар аз сад ҳазор муҳоҷири ватанашонро ба дохил оварданд, ки намунаи онро дар таърихи муосир ва дар кишварҳои минтақа камтар шоҳид будем. Барои ваҳдату ягонагии фарзандони чор сӯи сарзаминашон талошҳо ва заҳматҳои зиёдеро кашида, то ихтилофоти самтию маҳаллӣ аз миён бардошта шаванд. 
Имрӯза Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар арсаҳои муътабари байналмилалӣ ба унвони як шахсияти тавоно ва сиёсатмадори муваффақу варзида шинохта шудаанд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро ба таври шоиставу боиста ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
 
Муҳаммадҷаъфари РАНҶБАР,
муассиси Китобхонаи устод Халилӣ 
дар Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 500
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед