logo

иҷтимоиёт

ХАЛҚИ ТОҶИК МАРДИ ТАЪРИХСОЗ МЕҶУСТ, ИН МАРДИ БУЗУРГ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ!

Халқи тоҷик фарҳанг офаридаву саҳифаҳои таърихи башарро бо ҳикмати зиндагисоз, муҳаббати фарогир, ишқи наҷотбахш ороста, рисолаташ меҳрубониву меҳр овардан будааст, аммо муносибати таърихи намакношинос бо тоҷикон бераҳмона буда. 
 
Таърих такрорпазир аст. Кош, некипазир ҳам мебуд. Вале афсӯс, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ҳам ҷабри таърих ба мардуми тоҷик афзуд, ки кам нашуд.  Ва, ба фикри мо,  ин ҷабр чандон бе заминаву бесабаб ҳам набуд: адами таҷрибаи давлатдории мустақилона ва хуруҷи бемории иҷтимоии маҳалгароӣ, густариши бесобиқаи исломгароии омиёна, иқтисоди фалаҷшуда ва афзоиши бекорӣ барои бозиҳои фоҷиафарҷоми сиёсии абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ки худро мубаллиғу муҳофизи ҳуқуқи инсон ва мардумсолор муаррифӣ мекунанд, вале аслан аз пайи аз нав тақсим кардани ҷаҳони кайҳо тақсимшуда ба коми худ ҳастанд, майдони мусоидеро фароҳам овард, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ шуруъ шавад. 
Ҳарчанд мо - тоҷикони Ӯзбекистон аз майдони ҷанг дур будем, бӯйи борут нашамидем, танамон аз тиру туфанг ҷароҳат набардошт, аммо майдони ҷанг ба дилу дидаҳои мо кӯчида буд, хун аз дили мо мерехт, ҳувияти миллии мо, ифтихор ва руҳи тоҷиконаи мо тир мехӯрд, маҷруҳ мешуд... 
Ва ниҳоят дар он солҳои шум ситораи саъде бо исми Эмомалӣ Раҳмон падид омад. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадори ҷавон ва умедбахш Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард ва бо ҳамин тасмими саривақтӣ ва саҳеҳ дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи тозае боз шуд. 
Дар чунин вазъияти ногувор ба дӯш гирифтани масъулияти роҳбарӣ табиист, ки хатарнок буд, зеро ба таъкиди худи Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: “Вазъ дар ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд”. 
Пас, Эмомалӣ Раҳмони он вақтҳо ҷавон ва дар кори давлатдорӣ чандон таҷриба надоштаро чӣ водошт, то  масъулияти сангин ва он замон хатарноки президентиро ба уҳда бигирад?  Ангезаи ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон дилсӯзии ӯ ба ҳоли миллату Ватан ва бовараш ба фардои босаодати халқи шарифаш буд. Бо сарварии ӯ Тоҷикистон аз торикистон раҳо шуд. Ҷои  харобиро ободӣ, ҷои ғамро шодӣ гирифт.  Бесарусомонӣ сомон ёфтаву руҳи Исмоили Сомониву Рӯдакӣ шод шуд. Академик Василий Ключевский, таърихнигори рус, барҳақ навиштааст: «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст.  Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонанд». 
Он замон бархӯрди манфиатҳои пасипардагии қудратҳои тасаллутхоҳ аз барқарории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон манфиатдор набуданд, гурӯҳе аз дарун ва гурӯҳе аз берун кишвари ҷангзадаро тороҷ мекарданд,   кинаву адоват, қасди қасос байни гурӯҳҳои мухолиф  авҷ мегирифт. Дар чунин вазъи ҷангталаб сулҳ овардан кори осон набуд! - Эмомалӣ Раҳмон аз камшумортарин роҳбарони давлат аст, ки ба ваъда  вафо кард.
Сардии муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон, баста шудани марзҳо, ба ҳамдигар санги таънаву туҳмат партофтан барои халқҳои сермиллати ҳар ду кишвар, хоссатан ӯзбекону тоҷикон, ба мисли як хоби даҳшатнок буд ва, шукри Худо, ки гузашт! Занги бедориро президентҳои муҳтарами Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – бародарон  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв заданд.
Эътироф бояд кард, пас аз зимистони зиёда аз бистсолаи равобити ду кишвар баҳор овардан, бо гармии муҳаббати бародарона об кардани яхи нобоварӣ, душмании пинҳонӣ осон набуду нест! Худи ман панҷ сол қабл умед ва бовар надоштам, ки ба дидори дӯстон, ҳамкурсон, ёрони тоҷикистониям бирасам. Бо ҳасрати ҷигарсӯз худ ба худ мегуфтам: "Дидор дар қиёмат". Аммо шукри Худо, ки  ба бахти ӯзбекону тоҷикон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ношуданиро шуданӣ карданд! Барои ба қадри имрӯз расидан дирӯзро дар ёд бояд дошт! Ҳикмати таърих ҳамин аст. Набояд фаромӯш кунем, ки дирӯз, фарзанд ба ҷанозаи падар ё модар расида наметавонист! Ба иллати ин ки шавҳар ӯзбекистонӣ, ҳамсар тоҷикистонист ё баръакс, оилаҳо ҷудо, фарзандҳо зиндаятим мешуданд!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистону ӯзбекистониҳо муҳаббат ва эҳтироми хосса доранд:  ба ёд орем ташрифҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон. Истиқболи ғайриинтизор, пазироии гарму самимии Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ҳавасангез, беназир ва баҳри душманону нифоқангезон ба ҳадде рашкбарангез низ буд.
Бо ин падидаи нек тоҷикони вилоятҳои Фарғона ва Суғд талхии ҷудоиҳои иҷбориро ба шакарнами дидорҳои гуворо бадал намуданд.
Чанде пеш дар ноҳияи Риштон бинои муосири муассисаи томактабӣ қомат афрохт. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон сафири мухтор ва фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири муассисаҳои томактабии Ӯзбекистон Агрепина Шин, вакилони ҳокимияти вилояти Фарғона иштирок доштанд. Ростӣ, он ҳама сипосгузорӣ, миннатдории мардуми Риштонзамин, хоссатан мураббиён ва шодии беғубори кӯдаконро бо сухан ифода карда наметавонам. Ба шарофати дӯстӣ  ва саховатмандии Президенти Тоҷикистон 200 кӯдак ба оғӯши меҳрпавари кӯдакистон омада, 53 омӯзгор бо кор таъмин шуданд! Дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ бинои замонавии мактаби таҳсилоти умумӣ аз ҷониби Тоҷикистон бунёд ёфт. Аз ҷониби Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон шифохона, дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шуд. 
Донишҷӯёни тоҷики ӯзбекистонӣ, ки дар донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, баробари донишҷӯёни тоҷикистонӣ маблағ месупоранд. Ин ҳам як далели дигари дарёдилии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.    
Ду шахсияти хушноми таърих Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо иродаи қавии сиёсӣ, инсонпарварӣ ва муҳаббатофаринӣ ҳиҷронро васл, гиряро ханда, яъсро умед карданд.
Тобистони соли 2019, баъди сиву панҷ сол, ба шаҳри ишқу ҷавониҳоям Душанбе сафар кардам.  Душанберо, ки солҳои донишҷӯӣ (1980-1985) шӯхиомез “қишлоқи бузургу асфалтпӯш” мехондемаш, нашинохтам. Дар оғӯши шаҳри бошукӯҳу муосир ҳайкали ҳайрат шуда будам. Душанбеи азизи маро чӣ қудрате аз аловхонаи ҷанги таҳмилӣ берун овард? Чӣ ҳиммате варо даҳҳо карат беҳтар аз пештара сохт? Кадом дарёдиле хушкистонро ба гулистон табдил дод? Кадом рустамманише пас аз ҳазор сол Исмоили Сомониро аз фаромӯшӣ раҳо кард ва дар маркази Тоҷикистон дубора ба тахти иззат шинонд? Кадом орифнажоде муҳташамтарин қасри замонаро сарпаноҳи китоб кард? Кадом фозиле бо фаросат дарёфт, ки китоб меҳроби дили тоҷик аст ва дили тоҷик китоби хонданист? Кадом фарзонафарзанде Рӯдакии аз Бухоро пушаймон омадаро ба Душанбе овард ва Душанберо Бухоро кард? Кадом хайёте Тоҷикистон ва Ӯзбекистони аз ҳам гусастаро бо риштаи меҳру бовар ба ҳам дӯхт, ки ман осон ба Душанбе омадам? Бо ин саволҳо ногоҳ чашмам ба бинои баланду оинабанди пешорӯям меафтад. Акси абармардеро мебинам. Табассуми малеҳ рӯяшро нуронӣ карда. Нигоҳаш меҳрубон. Гӯиё маро “Хуш омадӣ!” мегуфт. Бале, ӯ Эмомалӣ Раҳмон аст!
 
Масъуд МИРЗО, 
раиси шуъбаи Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон 
дар вилояти Фарғона
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед