logo

иқтисод

«РОҒУН». КОРНАМОӢ ДАР МАРЗИ НОМУС

Тибқи ҳисоби мутахассисон, дар Тоҷикистон шумораи дарёҳо қариб ба 1000 мерасад, ки дарозиашон зиёда аз 28 500 километрро ташкил медиҳад. Аксари онҳо манбаи истеҳсоли барқи обӣ ба шумор мераванд. Агар кишвари мо аз ҷиҳати масоҳат дар дунё ҷои 85-умро ишғол намояд, аз рӯйи захираҳои барқи обӣ баъд аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи 8-ум қарор дорад. 
 
Захираҳои барқи обии кишвар 527 миллиард киловатт/соат мебошад, ки ин нисбат ба Қирғизистон қариб 5 баробар зиёд аст.
Яке аз дарёҳои аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ беҳамто ва беназири кишвари мо дарёи Вахш мебошад. Аз рӯйи манфиати энергетикие, ки тамоми мардуми Тоҷикистон аз он мебинад, меарзад, ки  мо онро дарёи муқаддас эълон намоем.
Мавҷудияти захираҳои азими энергетикии кишвари мо таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳаро хеле барвақт ҷалб кард ва ҳанӯз аз солҳои 20-30-и асри гузашта он мавриди омӯзишу тадқиқот қарор гирифт. Беҳуда нест, ки тули солҳои аҳди Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ мутараққӣ табдил ёфт.
Ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ, бинобар зиёд шудани талабот ба неруи барқ дар Иттиҳоди Шуравӣ ва ба хотири танзими об дар заминҳои навкорам, инчунин, бо барқ таъмин намудани насосҳои пуриқтидори обкаш бо таклифи роҳбарияти ҳамонвақтаи Туркманистону Ӯзбекистон ва ризоияти роҳбарияти Тоҷикистон лоиҳакашӣ ва асоснокнамоии техникӣ-иқтисодии НБО «Роғун» оғоз ёфт. 
Асосноксозии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи неругоҳ соли 1972 дар Вазорати энергетикаи СССР бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи Комиссияи давлатии иқтисодии Госплани СССР маъқул дониста шуд. Ҳамин тавр, 10 июли соли 1972, чор моҳ қабл аз ба истифода додани аввалин агрегати НБО «Норак», дар бунёди НБО «Роғун», корҳои тайёрӣ оғоз ёфтанд. 
Расман бошад, сохтмони ин маҷмааи гидроэнергетикӣ ва шаҳри дувуми энергетикҳои тоҷик – Роғун (дар собиқ деҳкадаи Сарипулак) моҳи майи соли 1986 шуруъ гардид. Баъди ин, дар муддати кӯтоҳ манзилҳои зист, ду мактаб, ду боғчаи бачагон, мағозаҳо, ошхонаҳо, ду толори намоиши филм, роҳҳо, хатҳои барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдонҳои сохтмон, муассисаҳои ёрирасони сохтмон ба маблағи зиёда аз 60 миллион рубли шуравӣ бунёд ёфтанд.
Майдончаи сохтмонии рақами 1 (байни дарёҳои Оби Ҷӯшон ва Паси Муҳраҳо) тамоми иншооти аввалияи истеҳсоли сангу шағал, ҷойи нигоҳдории техникаву таҷҳизот ва маводу сӯзишвориро доро буд. Дар баробари ин, боз се майдончаи дигари сохтмонӣ низ бунёд мегаштанд.
Мутаассифона, баъди пошхӯрии СССР ва ба сари халқи тоҷик таҳмил шудани ҷанги бародаркуш НБО «Роғун» ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва бо гузашти солҳо аксар иншооти он корношоям шуданд ва минбаъд масъалаи аз нав бунёд намудани ҳамаи онҳо пайдо гардид. 
 
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НБО «РОҒУН»
Танҳо баъди Сарвари давлат интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун»  ҷунбиши ҷиддӣ ба амал омад. 
Аслан, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди соҳаи энергетика ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ, 18 ноябри соли 2006, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик маънидод сохта, аз ҷумла гуфтанд: «Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд…» .
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронси дувум оид ба фурӯши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, моҳи октябри соли 2006, дар шаҳри Душанбе, иброз доштанд: «Дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи ниҳоят муҳим ва ояндадор амалӣ шуда истодааст. Яке аз онҳо ба охир расондани навбати аввали Неругоҳи "Роғун" мебошад…
Мо тасмим гирифтаем, ки аз соли 2007 сохтмони ин неругоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шуруъ намоем ва вусъат бахшем».
Ин изҳороти Сарвари давлат барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Аксарият бовар карда наметавонистанд, ки Тоҷикистон бе ширкати ягон давлати абарқудрат худаш метавониста бошад, ки аз уҳдаи иҷрои ин кори бузург ва мураккаб барояд. Вале азму иродаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавӣ ва устувор буд.
Баъди як сол, 31 августи соли 2007, бо мақсади тезондани сохтмони он, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ба имзо расид.
Баъди ин дар бунёди неругоҳ марҳилаи муҳиму ҳалкунанда оғоз ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки неругоҳро дар такя ба халқи кишвар бунёд намояд, то фоидаи он бегона нагардад. Барои равнақу ривоҷи сохтмон, афзоиши суръати он ва ба моликияти истисноии давлату мардуми Тоҷикистон табдил додани саҳмияҳои ин иншооти сарнавиштсози миллӣ, бо кафолатҳои зарурии ҳуқуқӣ, барои шаҳрвандони кишвар ба фурӯш бароварда шуданд.
Дар робита ба ин, 5 январи соли 2010 Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон пахш гардид, ки хеле амиқу самимӣ буд ва баъди он мардуми кишвар бо арзи эҳтирому садоқат ба Сарвар ҷиҳати бунёди ин неругоҳи тақдирсоз камар бастанд. 
Инак,  29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз гардид. Тавре маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо иттилоъ дода буд, дар маросими оғози сохтмон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва, дар маҷмуъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.
Оқибат он рӯз фаро расид! 16 ноябри соли 2018, рӯзи тантанаи миллат, рӯзи фараҳу шодмонӣ буд. Бе ягон шакку шубҳа ин рӯзро дар кишвари мо метавон рӯзи рӯшноӣ ва нур номид. Дар ин рӯзи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Он рӯз сар то сари Тоҷикистон тантана дошт. Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дошт. Бештар аз 200 рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз ИМА, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ин воқеаи таърихиро васеъ инъикос намуданд.
16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқуъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.
Маълум аст, ки барои интиқоли барқи НБО «Роғун» бунёди инфрасохтори он низ хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳали сохтмон хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи «Роғун» –  «Зеристгоҳи Душанбе – 500»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшонданд. 
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Корҳои васлгарии таҷҳизоти он ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидаанд. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хатти барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз таҷҳизоти мазкур тавассути ду хатти барқии 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол меёбад.
Ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.         
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд: “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.
Баъди камтар аз як сол бошад, 9 сентябр, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна тантана агрегати дуюми неругоҳ низ ба кор даромад.
 
ОХИРСУХАНИ МУАЛЛИФ 
Ҳанӯз соли 2010 китоби ман «Роғун – ҳамкори Офтоб» чоп шуд. Чунин ном гирифтани он ба он маънӣ буд, ки манфиати НБО «Роғун» мисли Офтоб, ки ба ҳама баробар нуру зиё мебахшад, мерасад. Он амсоли Офтоби дувуме хоҳад гашт, ки аз кишвари мо тулуъ намуда, минтақаро нуру ҳарорат хоҳад дод. 
Худо ба Пешвои муаззами мо иродаву матонат ва ҷасорату ғайрат дод ва  халқ атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, НБО «Роғун»-ро бино кард. Ва ин ҷамъбасти як давраи муҳими фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Давраи пур аз муборизаву душвориҳо, вале давраи шаҳди нусратро чашиданҳо низ!
Дар қатори барқарор намудани сулҳу ваҳдат, наҷоти миллат, таҳкими давлатдорӣ, бунёди НБО «Роғун» қаҳрамонии дигари Пешво мебошад, ки миллатро ба Сарвари худ наздиктар намуд ва эътимоду эҳтиромашонро дар дили халқ афзунтар.
Ман аз НБО «Роғун» ифтихор дорам! Фахр мекунам, ки миллати ман имрӯз иродаву иқтидор дорад, ки чунин шаҳомати энергетикиро бунёд менамояд.
 
Нозир ЁДГОРӢ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 1861
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед