logo

сиёсат

ҲАЁТБАХШИ ИСТИҚЛОЛ

 
Мардуми сарбаланду бунёдкори тоҷик таҳти  сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хосса ва бо ифтихори баланди милливу ватанпарварӣ 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд. Садои ин ҷашни бузурги миллӣ дар саросари ҷаҳон танин андохт ва то имрӯз идома дорад. Халқи мо сӣ сол аст, ки аз ҳавои софу мусаффои истиқлол нафаси озод мекашад.
 
Магар мо ба ин рӯзи фирӯз ба осонӣ расидаем? Ҳангоме ки 9-уми сентябри соли 1991 Хуршеди замоне фурӯрафтаи Истиқлоли давлати миллии мо аз нав аз самти дигаре тулуъ намуд ва дар ҳукми кӯдаки навзоде буд, бар сараш теғу шамшер омад.
Бо гуноҳи хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фарзандони як миллат, як падару модар, як Ватан, як забону як фарҳанг бар қасди ҷони якдигар теғ кашиданд ва ҷанги нангини шаҳрвандӣ панҷ сол идома ёфт ва боиси марги 150 ҳазор мардуми бегуноҳ гардид ва 50 ҳазор кӯдак ятим монд.
Боз фоҷиаи таърих такрор шуд, боз ҷанги падару писар – ҷанги Рустаму Суҳроб аз нав зинда гашт, боз нолаву шевани ҷонгудози Таҳмина аз марги фарзанди ҷигарбандаш гӯши фалакро кар кард, боз фиғони Кова аз қатли ҳабдаҳ писараш ба фалак печид, боз хуни ноҳақрехтаи Сиёвуш дар ҷӯйҳо равон гашт. Ҷанги Рустаму Суҳроб панд буд, ҳушдор буд, бонги изтироб буд ва мардумону давлатҳоро аз ҷанги шаҳрвандию хештанкушӣ барҳазар менамуд.
Магар Худованд ба фарёди миллати ситамкашидаи тоҷик расид, ки ба арсаи таърихи тоҷикон ҷавони баландахтару ҷасуру матинирода Эмомалӣ Раҳмон қадам гузошт ва бо забони Ҳазрати Мавлоно ба халқу Ватани хеш савганди вафодорӣ ёд кард:
Ман ғуссаро шодӣ кунам, гумроҳро 
ҳодӣ кунам,
Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро 
шаккар кунам.
Ба хотири наҷоти истиқлол, якпорчагии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдат ва хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ музокирот бо мухолифин оғоз ёфт. Он ба таври умум зиёда аз чил моҳ идома ёфт ва 40 санаде ба имзо расид, ки барои миллату Ватан нақши тақдирсоз дошт. Ниҳоят, рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва дар саросари ҷаҳон мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.
Созмони Милали Муттаҳид созишномаро дар роҳи пойдории сулҳи ҷаҳон намунаи дурахшони ибрат эълон намуд. Дар ин иртибот шоири номдор Расул Ғамзатов чунин изҳори назар карда буд: «Инсони ҷасоратманду хирадманд – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки формулаи сулҳи ҷанги бародаркуширо ёбад».
Бар асари оштии миллӣ шароит муҳайё гашт, ки беш аз як миллион фирориёни иҷбории тоҷик ба Ватан баргарданд ва ин иқдом дар таърихи давлатдории ҷаҳон падидаи бисёр нодир гардид.
Рақамҳои сершуморе, ки далели раднопазиранд, музаффариятҳои Тоҷикистонро боз ҳам равшантар таҷассум месозанд. Барои таърих 30 соли Истиқлолияти Тоҷикистон танҳо як лаҳзаест, аммо корҳои бузурге, ки дар ин муддат анҷом ёфтаанд, ба садсолаҳо баробар мебошанд. Танҳо ба ифтихори ин ҷашни бошукӯҳ дар саросари ҷумҳурӣ бунёд гардидани қариб 30 ҳазор иншооти муҳим дар таърих собиқа надорад ва худ як корномаи беназирест.
Илҳомбахшу нерубахши ин пешрафтҳои таърихӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқу Ватани моро ба корномаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд. Ба гуфтаи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро – ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро армуғон овард. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст».
Пешвои миллат дар саросари Тоҷикистон чун машъалафрӯзи маърифату маънавиёт ва мактабу маориф маҳбубият ва шуҳрати баланде дорад. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат аз аввалин солҳои истиқлол мактабу маориф ҳамчун меҳвари асосии рушди кишвар ва ғанитар гардондани арзишҳои олии истиқлол пазируфта шуд. Лев Толстойи бузург гуфтааст, ки барои пешрафти ҷомеа, бедории фикрӣ ва болоравии маънавиёти мардум се омил чун обу ҳаво заруранд: маориф, маориф ва боз ҳам маорифанд.
Ба ёд овардан гуворост, ки дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф барои зиёда аз як миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардидааст. Ва ҳоло дар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор донишҷӯ машғули таҳсиланд. Дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор ҷавони мамлакат маълумоти олӣ дарёфт ва даҳҳо ҳазор ҷавонони боистеъдод дар мактабҳои олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил хоҳанд намуд. Эмомалӣ Раҳмон хуршедест, ки бар сари миллати тоҷик тофтааст. Аз забони пиру барнои Тоҷикистон бо ифтихор  ин сухан баланд мешавад: «Эмомалӣ Раҳмони мо!».
Дар ин як каломи бисёр кӯтоҳ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ нисбат ба Пешвои миллат таҷассум ёфтааст. Мардум Сарвари давлатро равшанибахши хонадони худ ва бечорагону камбизоатон ва кӯдакони ятим соябони сари хеш медонанд. Вақте ки Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳо даст ба сари кӯдакони ятиму бепарастор ва мариз гузошта, онҳоро бо меҳру муҳаббати падарӣ навозиш мекунад, ба онҳо сарулибоси нав мепӯшонад, туҳфаҳо мебахшад, дар чашми бисёр одамон ашк ҳалқа мезанад. Ин як саҳнаи бисёр риққатангез буда, ғамхорию меҳрубонии Сарвари давлатро нисбат ба ятимон ва дилбардории онҳоро намоиш медиҳад.
Он ҳама кӯдакони ятим, ки дар 66 мактаб- интернати ҷумҳурӣ тарбия меёбанд, Эмомалӣ Раҳмонро соябони сари худ меҳисобанд.
Кору пайкори Пешвои миллат дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» симои ӯро дар назари мардум чун як қаҳрамони миллӣ муҷассам менамояд.
Ин неругоҳи азимро дар замони шуравӣ мебоист 300 корхонаи бузург бунёд мекард. Аммо бо гузашти айём бунёди он бар дӯши Тоҷикистон ва Президент Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Оқибат, рӯзи 16 ноябри соли 2018 нахустин агрегати он ба кор оғоз намуд ва ба як ҷашни бузурги миллӣ табдил ёфт. Барқи «Роғун» чун Хуршед аз дили кӯҳ бурун омад ва Тоҷикистонро партавафшон намуд.
Ку Рӯдакии суханвару сухангустар, ки бо овози андалебосои худ мадҳияи «Роғун»-ро бисарояд?
Ку Фирдавсии вассофи қаҳрамониҳо, ки васфи достони «Роғун» ва корномаи Пешвои миллатро бигӯяд?
Ку устод Айнӣ, ки достони «Ҷанги одаму об»-и хешро дар ситоиши «Роғун» эҷод намояд?
Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва дохили ҷумҳурӣ ва нақбҳои ҳозиразамон яке аз бузургтарин корномаҳои Пешвои миллат аст. Ин роҳҳо аз дили бузурги ӯ оғоз гардида, ба чор самти кишварҳои ҷаҳон тул кашидаанд.
Роҳҳои нав дар чор фасли сол тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд ва мардумон шабу рӯз ба хотири ҷамъу дили пур дар онҳо рафтуомад мекунанд.
Аз оғози Истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз таърих ва тамаддуни чандҳазорсолаи мо, забони ноби тоҷикӣ, назми оламшумули мо ва симоҳои абадзиндаи илму фарҳанг, ки барои инсоният хидматҳои бузург кардаанд, дар маркази таваҷҷуҳ ва ғамхориву гиромидошти доимии Пешвои миллат қарор гирифтаанд ва ба ифтихори онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҷашнҳои бузург доир гардидаанд.  Маҳз Сарвари давлати мо арзиши ҷаҳонӣ ва умумибашарӣ доштани Саразми бостониро ба аҳли олам собит намуд ва Тоҷикистони навинро бо таърихи шашҳазорсолаи ниёгонамон абадӣ пайванд намуд.
Пешвои миллат барои таҳким бахшидани ҳофизаи таърихӣ ва тафаккури миллати хеш корҳои наҷибу азиме анҷом медиҳанд, ки дар таърихи давлатдории ҷаҳон назир надоранд. Намунаи дурахшони он аз ҳисоби фонди захиравии Президент нашр ва ба кулли сокинони мамлакат туҳфа намудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Оё чунин ташаббуси наҷиб ва беназирро дар арсаи ҷаҳон ягон давлате ва ё роҳбаре анҷом дода буд? На, ҳаргиз касе ин корро накардааст. Ин амал танҳо аз ҳиммати олӣ ва аз дили бузургу чун чашмасорон пурҷӯши Эмомалӣ Раҳмон ва аз мақсаду андешаҳои волои ӯ сар задааст. Пешвои миллат бо ин ташаббуси наҷиби хеш пояҳои истиқлоли Тоҷикистон бо таърихи давлатҳои ориёии мо Каёниён, Ҳахоманишиҳо, Суғду Бохтар, Кӯшониён, Сосониёну Сомониён решапайванди ҷовидонӣ бахшид.
Фарз кардем, ки агар имрӯз Бобоҷон Ғафуров зинда мебуд, аз ин иқдоми Пешвои миллат аз хурсандиву сарфарозӣ дар ин ҷаҳони бекарон намегунҷид ва умри дубора ёфтани худро бо чашми сар медид ва итминон пайдо мекард, ки асари безаволаш ҳамсадо ва ҳамсафари абадии миллати азизаш гардидааст.
Дили пурҷӯши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ташнаи боз ҳам содиқонатар ва бештару бештар хидмат кардан ба халқу Ватани ҷоноҷони хеш аст. Мо аз забони Президенти кишвар ин сухани баландпарвозро борҳо шунидаем: «Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯйи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!».
Дар ин шоҳроҳи муқаддас халқи қаҳрамону бунёдкори мо дӯш бар дӯши Пешвои миллат пеш хоҳад рафт.
 
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед