logo

сиёсат

БУЗУРГИИ ПЕШВО Ё ЧӢ ГУНА ОРЗУИ САФИНА БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ЁФТ

Сафина. Сухан аз духтаре меравад, ки дар дил орзуи аз деҳ ба шаҳр омадану таҳсил карданро дошт. Ӯ аз хурдӣ мехост журналист шавад, вале муҳити деҳа ва тафаккури аҳли он ба таҳсили духтарон ҳамеша монеъ мешуд. Ин андеша орзуи идомаи таҳсилро дар дили садҳо духтар кушта  буд. Вале ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ин навмедиро барҳам зада, саҳифаи навро дар зиндагии Сафина рақам зад. 
Ҷумла аҳли русто дар интизори меҳмони олимақом чашминтизорӣ ва дар дил тапишу ҳаяҷон доштанд. Сафина бо гурӯҳе аз духтарони деҳ ба пешвози Ҷаноби Олӣ сафарбар шуда буд. Мутмаин буд, ки ояндааш аз вохӯрии имрӯза вобастагӣ дорад. Суҳбатеро, ки дар сар бо Пешвои миллат меандешид, дар нақшаи касе  набуд ва онро нафаре интизор ҳам надошт. 
Фурсати ба замин фурудоии чархбол фаро расид. Ҳама дар ҷустуҷӯйи чеҳраи бовиқори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамагӣ дар ҳолати омодабош ва аз фарти хурсандӣ дар ҳаяҷон. Роҳбари кишвар аз чархбол фуруд омада, самти халқ равон мегарданд. Беш аз ҳама Сафина дар изтироб. Беихтиёр ба тарафи Роҳбари давлат меравад. Муҳофизон пеши роҳашро мегиранд. Ин замон Президенти мардумӣ ба арзи духтари кӯҳистонии бо орзуҳои бузургу рангин камолёфта мерасанд. 
 -  Монед, биёяд...
- Сафина Азизӣ ҳастам, зодаи Раштонзамин, соли таваллудам 2000-ум. Мехоҳам дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсили илм намоям. Бар рағми андешаи ҳамдеҳагонам, мехоҳам духтарони деҳ таҳсилро дар макотиби олии гуногуни ҷумҳурӣ идома диҳанд, аз ҷумла худам.
- Падаратон чӣ кораанд, духтарҷон? – суоли аввали Ҷаноби Олӣ буд.  
- Омӯзгоранд дар мактаб. 
- Ҳозир куҷоянд?
- Ҷаноби Олӣ, падарам дар пушти шумо...
Пешвои маҳбуби миллат ба падарам гуфтанд, ки ба таҳсили духтарон монеъ нашавед, зеро онҳо модарони ояндаанд. Бигзор илм, дониш ва касб омӯзанд. Ояндаи насли наврас ва ояндаи ин Ватан аз модарони соҳибилм ва фарҳангшиносу худшинос вобаста аст. Модари босавод фарзанди соҳибилму бомаърифат ба камол мерасонад. Ва афзуданд: 
- Ту мехонӣ, духтарам. Таҳсилатро идома медиҳӣ. Дар ҳар риштае, ки таҳсил кардан мехоҳӣ, азм кун. Ман худам ба таҳсил карданат иҷозат додаам ва худам кумакат мекунам, то муваффақ шавӣ.
Аз ин воқеа панҷ сол сипарӣ мешавад. Сафина факултети  журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо сари баланд хатм намуд ва таҳсилро дар шуъбаи магистратура идома медиҳад. Сафина барои духтарони деҳ раҳкушо ва намуна гардид. Ин аст, ки баъд аз ӯ, чандин духтарони боҷасорати деҳа имрӯз таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар идома медиҳанд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат бархе аз  духтарони ин ноҳия ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо Квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои кишвар донишомӯзанд ва аз толеи баланди худ ризоанд. 
Ҳамин аст, ки ҷавонони замони истиқлол ҳамеша аз лутфу марҳамати Пешвои миллат миннатдор буда, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаашон мебошанд. Дар васфи ҷонбозиҳо ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соатҳо ва саҳифаҳо сухан гӯем кам аст, вале чанд нуқтаро ин ҷо бояд дарҷ намоем:
 Вақте аз Пешвои миллат мегӯем…
Оне, ки ҷангро ба сулҳ табдил дод, Пешвои миллат буд.
Оне, ки ҷони худ дар хатар гузошту пушти халқ воистод, Пешвои миллат буд.
Оне, ки ҳазорон гурезаро ба Ватан баргардонд, Пешвои миллат буд.
Оне, ки тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд, Пешвои миллат буд.
Оне, ки дасти ятимеро гирифт ва сарашро сила намуд, Пешвои  миллат буд.
Оне, ки барои ҷавонон садҳо дари умед кушод, Пешвои миллат буд.
Духтари деҳ, бар рағми қавонини маҳали худ, тарки манзил карду идомаи таҳсилро интихоб намуд, аз шарофати Пешвои миллат гуфт.
Модарбузургам, ки кулфати рӯзгорро дида ва мазаи ҷангро чашидааст, ҳамаи ин оромишу суботро аз қудуми мубораки Пешвои миллат гуфт.
 Нависандае, ки як умр қалам дар даст аз оламу одам  менависад, Пешвои миллат гуфт.
Шоир бо тамоми илҳоми эҷодӣ васфи  Модар-Ватан, Меҳан, сулҳ, озодӣ намуд ва дар идома Пешвои миллат гуфт.
Ронанда, ки пайваста дар роҳҳои ҳамвору ноҳамвор дар сафар аст, масирҳоро роҳҳои Пешво гуфт.
Пиру кампир ҳамеша даст ба дуо аз сиҳатии тану руҳи Пешво гуфтанд. 
Рассом зебоиҳои атрофу акнофро бар лавҳи қалам кашид, вале муҷассамаи офаридаи Пешворо бузургтарин дастоварди худ баён кард. 
Чӯпон дар дашту саҳро бо рамаи худ фалакнавозӣ мекунад ва аз осудагию оромии дунёи худ шукр мегӯяду аз Пешво мегӯяд. 
Кӯдаки хурдсол ҳоло муҳаббатро намедонад, вале дар васфи Пешвои миллат шеъру достонҳо месарояд ва муҳаббати бепоёни худро изҳор карда, бобоҷонам зинда бош, мегӯяд.
Хонандае, муҳассили донишгоҳ шуд, сармояи бахти баланди худро аз муҳаббату ғамхории Пешво гуфт.
Зиндоние авфу озод гашт ва  сипосу шукронаи Пешвои миллат гуфт.
Ин гуфтора нуқтаи охир надорад, зеро эҳтирому муҳаббат ва садоқати аҳолии кишвар нисбати роҳбари мамлакат рӯз то рӯз амиқтару густурдатар мегардад ва мо ҳамагӣ шоҳиди онем.
Вақте  бори аввал Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   чанд фарсах аз худ дур дидам, аз шодиву ҳаяҷон ва эҳсоси наҷиби қалб ифтихор кардам. Салобату нигоҳ ва ҳашамати ин марди шариф гӯиё бузургиву хирадмандии ӯро барҷастатар нишон медоданд. Он гоҳ Ватандор будан, Пешво доштан ва бузургии худро дарк намудам.
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, 
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед