logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ – ҶОДАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ

 
Аз замоне ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлати тоҷиконро ба уҳда гирифт, дар баробари пойдор гардидани сулҳу дӯстӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани кишвар ва ба ҳамин мақсад навсозӣ ва ободгардонии роҳҳои кишвар ба яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат табдил ёфт.
Бешак, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар давлат роҳҳои автомобилгард нақши асосӣ доранд, зеро маводи ниёзи аввали мардуми кишвар маҳз тавассути роҳ дастрас мегардад. Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон бо Сарвари хирадманди хеш барои сохтани нақбу пулҳои нав, таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ ба камоли ҷидду ҷаҳд талош варзид. Барои ин нақбҳои «Шар-шар», «Чормағзак», «Шаҳристон» ва «Истиқлол» мисоли равшананд. Имрӯзҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои инвеститсионии кишвар ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар саросари кишвар садҳо барномаҳо амалӣ гашта истодаанд.
Банда инак 9 сол мешавад, ки ҳамроҳи чиниҳо дар сохтмони роҳҳои кишвар саҳм мегирам. Дар ин муддат ҳамроҳи ҳамкорони хориҷиву маҳаллӣ чандин роҳҳои автомобилгард ва пулҳои мошингузарро сохта ба истифода додем. Хушбахтона, дар гузоштани санги асос ва ифтитоҳи се лоиҳаи бузург бо иштироки Сарвари давлат, шахсияти бузурги фаромиллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ширкват варзидам. Ҳамчун мутахассиси маҳаллӣ вақти ба истифода додани роҳу шоҳроҳҳо вуҷудамро ифтихори бепоён фаро мегирифт.
Яке аз ин барномаҳо лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент то сарҳади Ӯзбекистон буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз бахшида шуд. Барои амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур дар асоси шартномаи байниҳамдигарӣ ширкати машваратии «Кокс»-и Олмон ва ширкати роҳу пулсозии «Синдзиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳсозони тоҷик бо садҳо техникаҳои пуриқтидори замонавӣ равона карда шуданд.
Лоиҳа таҷдиду азнавсозии қитъаи 113 - километраи роҳи байни ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаи гузариши байнисарҳадии Саразмро дар бар гирифта, аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди рушди байналмилалӣ (ОПЕК), инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардид. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи роҳҳои мавриди назар, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, донишу малакаи мардуми маҳаллӣ дар сохтмони роҳҳо беҳтар шуд.
Дувумин лоиҳаи муҳим эстакада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд, ки онро ҳам Сарвари давлат ифтитоҳ намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гашт. Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.
Дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳнои роҳ ба 68 метр расида, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хатти ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ навсозии шабакаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшоӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзгардонии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ шуданд. Дар ин сохтмони таърихӣ 80 дарсади роҳсозон тоҷикон буданд. Аз ҷумла, мо ҳам дар маросими ифтитоҳ бо сари баланд ва рӯи сурх иштирок мекардем, зеро руҳану ҷисман ҳис мекардем, ки чашми умеди Пешвои миллат ба мо – мутахассисони маҳаллӣ аст ва сафи мо чӣ қадаре афзояд, шодии Президент ҳамон қадар зиёд мешавад.
Ҳарчанд пандемияи коронавирус иқтисодиёти ҷаҳонро ба буҳрони шадид гирифтор кард, сохтмони роҳҳо дар кишвари мо давом ёфт. Аз ҷумла, таҷдиду навсозии роҳи байналмилалии Душанбе - Бохтар, ки ду марҳиларо дар бар мегирад, аз иншооти муҳими соҳа ба шумор рафта, пойтахти мамлакатро бо вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин мепайвандад. Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он туҳфаи пурарзиши Ҳукумати мамлакат ба сокинон маҳсуб меёбад. 
Паймонкори ин лоиҳа низ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва пулҳои “Синдзян Бейсин” буд, ки аз коргарони он ҳастем. Ин роҳи муҳиму сарнавиштсозро низ чанде пеш Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурданд. Ин ҷо ҳам чашмони пурнури Пешвои миллат ба сӯи мо дӯхта шуда буд. Мо либосҳои корӣ ба бар, якҷо бо фарзанди бузурги миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон сарфарозӣ доштем. Чӣ гуна метавон дар бари марди бузурге, ки «агар нашуд, нақбро бо нохунамон меканем», мегӯяд рост наистӣ. Виҷдони зангбаста даркор аст, ки ҳамроҳу ҳамфикри ӯ набошӣ.
Ин ҳама бунёдкориҳои аср аз орзуҳои чандинсолаи сокинони мамлакат буд ва онро ҳамчун корнома наслҳои оянда ёд хоҳанд кард. Он замон, ки шояд дар остонаи пирӣ мерасем, бо мамнуният ба фарзандону наберагон хоҳем гуфт: дар он сохтмон мо ҳам чун Фарҳод теша задаем ва то қадри имкон барои ин Ватан хидмат кардем. 
Тазаккур бояд диҳам, ки дар ин муддат ба сардории озмоишгоҳи ташхиси масолеҳи сохтмонии ширкати “Синдзян Бейсин” баргузида шудем ва ҳоло дар тарбияи мутахассисони ватанӣ азму талош дорем. Он рӯз дур нест, ки кишвари азизи мо бо Сарвари оқилу хирадманди хеш худро дар радифи давлатҳои мутараққӣ муаррифӣ намуда, ба сӯи ояндаи дурахшони худ тавассути ҷодаҳои нав мерасад.
 
Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
сардори озмоишгоҳи ширкати 
“Синдзян Бейсин”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 431
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед