logo

иҷтимоиёт

НОМГУЗОРӢ ВА НАСАБСОЗИҲОИ МИЛЛӢ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОҒОЗ ШУД

 
Ҳар як номи тоҷикӣ нишонае аз симои миллӣ ба шумор рафта, сарфи назар кардан аз он,  пеш аз ҳама, беэҳтиромӣ нисбат ба забони модарӣ ва давлати худ,  ба таъриху фарҳанги миллӣ ва, дар маҷмуъ, ба миллату Ватан мебошад.                                                                         
Эмомалӣ РАҲМОН
Масъалаи муҳим, ки ба рушди минбаъдаи забон дар алоқамандӣ бо эҳёву посдории суннатҳои ниёгон ва ҳувияти милливу асолати забон, сиёсати забон дар мамлакат дахл дорад, эҳёи арзишҳои миллии халқамон дар ному насабсозии миллист. Дар саргаҳи ин ибтикори наҷиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва худ ному насабашонро тоҷикӣ карданд.
 
Истиқлоли кишвар шароит ба вуҷуд овард, ки на танҳо ному насабсозии ниёгон барқарор гардад, балки номҳои таърихии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳову мавзеъҳо низ, аз нав эҳё шаванд. Пешвои миллат роҷеъ ба ин масъала таъкид карда буданд: “Бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест”. Ин андешаҳои худшиносонаи Пешвои миллат ҳар шаҳрванди кишварро бори дигар хотирнишон месозад, ки ҳувият ва аслияти ҳар фард аз ному насаби ӯ падидор мегардад ва барои фарзандон бо риояти суннати ниёгон номи мувофиқ гузоштан, ба посдошти арзишҳои миллӣ, динӣ, таърихиву фарҳангии халқи тоҷик мусоидат хоҳад кард. Қонунгузорӣ ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллатро ба эътибор гирифта, дар  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар боби 2, моддаи 20 ва бандҳои ҷудогона номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва  номи падарро муайян кардааст. Аз ҷумла, банди сеюму шашуми моддаи 20 истифодаи пасвандҳои исмсози забони русӣ (-ов, -ова, -ев, -ева, -ович, -евна) - ро манъ кардааст. Мувофиқ ба банди чоруми ҳамин модда, ному насаби фарзанд мутобиқ ба суннатҳои миллӣ  бо иловаи пасвандҳои насабсози тоҷикии -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт бояд сохта шаванд. Мувофиқи моддаи панҷум бошад, ба кӯдакон гузоштани номҳое, ки ба фарҳанги миллӣ бегонаанд ва ё  ба шаъни кас футур меоварад, касро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, мамнуъ мебошад. Шаҳрвандон метавонанд номи фарзандонашонро мувофиқи китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ва ё анъанаҳои миллии хеш гузоранд.  Қобили ёдоварист, ки “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 ба тасвиб расида, аз назари мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот бисёр номҳои зебои тоҷикона аз ин феҳрист берун мондаанд, ки иловаи ин номҳоро дар нашрҳои минбаъда зарур мешуморанд.
Эҳёи номи  шаҳру ноҳияҳо ва кӯчаву хиёбонҳо ва ба номи шахсиятҳои бузурги халқамон, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчунин, зинда гардондани номҳои таърихии Суғд, Бохтар, Рашт, Хуросон, Истаравшан ва монанди инҳо ба фарҳангу тамаддуни халқамон низ ишорат мекунанд. Ба сиёсати забон дар кишвар зиёиён дар солҳои аввали истиқлол садо баланд карда бошанд ҳам, Пешвои миллат ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хоси худро зоҳир намуда, яке аз аввалин ашхосе буд, ки ному насаби хешро тоҷикона гардонд ва аз дигарон низ даъват ба амал овард, то ному насаби тоҷиконаи хешро барқарор созанд ва ба насли пасоянд исмҳои тоҷикона гузоранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Осиёи Марказӣ ҳазорон калимаву ибора ва номвожаҳои сирф тоҷикӣ мавҷуданд, ки  ба меъёрҳои калимасозии тоҷикӣ мутобиқанд  ва  танҳо ба табаддулоти ками овоӣ дучор гаштаанд. Таҳлили  номгузориҳои бисёре аз шаҳру деҳаҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ниёгонамон дар таърих ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин амали онҳо боиси ифтихори ҳамарӯзаи  мост. Идомаи ин анъана, омӯзиши пайваста ва собит кардани баъзе масъалаҳои баҳсангез аз ҳар яки мо масъулияти бештар мехоҳад.
Ҳамзамон, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” тартиби номгузорӣ ва номивазкунии мавзеъҳои ҷуғрофиро бо назардошти аломатҳои хос, хусусиятҳои этнографию миллӣ  ба танзим медарорад, аммо дар ин раванд корҳо ҳанӯз зиёданд, зеро номҳои қолабиву сунъии бо забонҳои ғайр сохташуда зиёданд.
Забон ҳам дар баробари мардум дар ташаккул ва иртибот бо дигар забонҳои ҷаҳонист. Дар пештоқи биноҳои боҳашамат пайдо гардидани номҳои мухталиф бо забонҳои гуногун шаҳодати гуфтаҳои моянд. Ба ифодаи Пешвои миллат: “Имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр номҳои фаровони хориҷӣ, ки ба қонунгузории мо мухолифат доранд, ба мушоҳида мерасанд. Ба андешаи ман, номгузорӣ ба забонҳои хориҷӣ беэҳтиромӣ ба арзишҳои миллӣ, истиқлол ва худшиносии миллӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд”. Модоме чунин аст, ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳар фард зарур мебошад. Дар ин самт  фаъолияти комиссияҳои татбиқи қонуни забон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат кофӣ нест, балки покизагии забон аз мову шумо оғоз мешавад.
Мутобиқи боби 7, моддаи 26 “Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони мансабдор, воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо ҷарима роҳи ҳалли ин масъала нест.  Меҳри забон ва ҳисси дифоъ аз онро бояд дар зеҳну қалб, имону виҷдони  ҳамватанону ҳамзабонон бештар намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон  муроҷиат карда, изҳор доштаанд: “Ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон,  номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки оинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошад, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад”.
 
Ҷумъаи ҶАМОЛ, 
устоди Донишгоҳи
давлатии Фарғона


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед