Хабарҳо
ФОРУМИ МИНТАҚАВӢ. ИМЗОИ 6 САНАДИ ҲАМКОРӢ
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Форуми минтақавии соҳибкории Рашт - 2021 таҳти унвони “Рушди соҳибкории агросаноатӣ” бо иштироки доираи намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, шарикони рушд ва коршиносон баргузор гардид.
Форумро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи соҳибкорон дар водии Рашт бори нахуст Форуми минтақавии соҳибкории “Рашт – 2021” баргузор гардида истодааст.
Ҳадафи форум шиносоӣ бо имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти васеъ намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории водии Рашт, ҷустуҷӯи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, дарёфти бозорҳои фурӯш, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Мавзуъҳои имконияти рушди соҳаи кишоварзӣ ва арзёбии заминаҳои мавҷуда дар водии Рашт, дарёфти роҳ ва усулҳои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, роҳандозии усулҳои нави ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар тақвияти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзалиятҳои технологияи муосир дар баланд бардоштани суръат ва сифати маҳсулот, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки натиҷаҳои форум барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақа ва, дар маҷмуъ, Тоҷикистон, инчунин, қавӣ гардондани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳои дар водӣ мавҷудбуда мусоидат менамояд.
Аз иштирокчиён ва дигар соҳибкорону сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки неру ва иқдоми дастаҷамъонаи худро барои таҳкими муносибатҳои созанда, таъмини рақобати солим ва рушди иқтисодиёти водии Рашт ва дар ин замина саҳми шоистаи худро дар таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат равона менамоянд.
Дар форум шаш санади ҳамкорӣ, ёддоштҳои тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва ҶСК “Кафолат” ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти фароҳамоварӣ ва эҷоди мавзеъҳои сайёҳӣ ва бунёди иншооти хизматрасонӣ, байни ҶСК “Кафолат” ва ТҶ “Рушноӣ” ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои сайёҳӣ, байни ҶДММ “Баракат-Исфара” ва ТҶ “Рушноӣ” оид ба ҳамкориҳо дар самти банду баст ва коркарди аввалияи мева, байни ҶДММ “Маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ” ва ТҶ “Рушноӣ” ҷиҳати ҳамкориҳо дар самтҳои сайёҳӣ, байни ҶДММ “Рахш-а-ЛТД” ва ТҶБ “Сурхоб” ҷиҳати ҳамкориҳо дар соҳаи агросаноатӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот, байни ҶДММ “Рахш-а-ЛТД” ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони “Ҳалқарф”-и ноҳияи Рашт ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти занбӯрпарварӣ, истеҳсол ва содироти асал ба имзо расонда шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 786