logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН ҶОЙГОҲАШРО ҚАВИТАР МЕКУНАД

 
Аз оғози Истиқлоли давлатӣ то 27 июни соли 1997 Тоҷикистони ҳамсоя ҳаёти пур аз таҳлукаву даҳшат ва давраи хуношоми ҷанги дохилиро аз сар гузарондааст. Аз ин боис, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чун азизтарин ва бақадртарин ҷашн ба шумор меравад, ки ба мамлакати тоза ба истиқлол расида, сулҳу субот ва ягонагии миллӣ овард.
 
Низоъҳои дохилии сиёсӣ ва майдонкашии қувваҳои мухталифи мазҳабӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз то ба истиқлол расидан – дар интиҳои даврони сохти шуравӣ оғоз ёфта буд ва ба иллати ноустувории Ҳукумати Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои бародарӣ, ки оташи низоъҳои милливу мазҳабӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ ангехта шуда буданд, авҷ мегирифт. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз он эмин намонд. Ин таҳаввулот дар ҷумҳурии ҷавон ҳар чи доман паҳн мекард, қувваҳои зиёди дохиливу хориҷӣ дар ин нақши боризтар пайдо мекарданд.
Дар шароити афзоиши талафоти ҷониву моддӣ, зиёд гардидани гурезагон, тороҷи дастовардҳои моддиву маънавӣ ниёз ба сулҳу субот ва якпорчагӣ бештар эҳсос мегардид. Зеро мамлакати ҷавони ҳанӯз бар пой наистода дар остонаи парокандагӣ ва нопадидӣ қарор дошт.
То ба сари як мизи мулоқот нишастани ҷонибҳо фурсати зиёде аз даст рафта буд ва пас аз чанд марҳалаи гуфтушунидҳо дар Москваву Теҳрону дигар шаҳрҳо қароре ба даст омад, ки барои нигоҳдории якпорчагии ҷумҳурӣ ва ба сулҳу ҳаёти осуда расондани ҷамъият роҳи ягона оштӣ аст. Ва ин муоҳидаи оштӣ охири моҳи июн ба даст омад, ки пас аз он ҷамъият ба ҳаёти осуда баргашта, барои ободу барқарор намудани саноату иқтисодиёт, кишти замину сохтмони зиндагии ором пардохт.
Ба сулҳу ваҳдат расидани мардум як падидаи нодири сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ба назари таҳлилгарон он беназир арзёбӣ мегардад. Дар ин бобат гуфтаҳои бунёдгузори Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолиби диққат аст: «Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар даврони пуртаҳлукатарини ҷумҳурӣ ба сари қудрат омада, тамоми марҳилаҳои сангини давлатдориро аз сар гузарондааст, бештар ва беҳтар аз дигарон дарк менамояд, ки мамлакати ҷангзадаро роҳбарӣ кардан чӣ кори тоқатфарсо ва пурмашаққат аст.
Маҳз зери роҳбарии ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ алҳол ҷумҳурӣ дар ҳар ҷанбаи зиндагӣ – иқтисодиёту сиёсат ва масъалаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ қадамҳои боварибахш гузошта, дар минтақаву ҷаҳон ҷойгоҳи баландеро соҳиб мешавад.
Пас аз чоряк асри рукуд дар муносибот байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон робитаҳо дар ҳар риштаи дилхоҳ ончунон доман густурданд, ки ҳатто хушбинтарин касон онро ба ин андозаи беҳад чашмдор набуданд. Аз 70 миллион доллари чанд сол пеш қарори то як милиард доллар расондани табодули амвол байни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя аз он далолат менамояд, ки заминаву захираҳо барои он мавҷуд мебошанд ва тақвияти робитаҳои минбаъда ба нафи ҳарду ҷониб хидмат хоҳанд кард.
 
Тоҷибой  ИКРОМОВ,  шореҳи сиёсии «Овози тоҷик»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 433
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед