Хабарҳо
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ
Дар ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси кумита Қосим Роҳбар, муовинон ва кормандони масъули кумита, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш, инчунин, муовинон ва шахсони масъули вазорату кумитаҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” дар ноҳияи Рашт мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки иҷрои қонуни мазкур дар ноҳияи Рашт мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардида, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми меҳнаткаши ноҳия бо суръат рушд дорад ва бовар аст, ки чунин созандагиҳо минбаъд низ идома меёбад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 955