logo

Хабарҳо

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар масири сафари худ ба Париж, ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, (9 – 24 ноябри соли ҷорӣ) бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқот кард.
Вазири корҳои хориҷӣ дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро  ба сифати санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъкид сохт. 
Ӯ, ҳамчунин, ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода медали “30-солагии Истиқлолият”-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст, тақдим кард.
 
 
Академияи илмҳои кишоварзӣ 30-сола шуд
Бахшида ба 30-солагии Академияи илмҳои кишоварзӣ бо иштироки вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмадсаид Файзуллозода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода конфронси илмӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзӣ, дар конфронс баромадҳои олимон бо презентатсияҳо намоиш дода шуд. Дар фарҷом олимону мутахассисони соҳа барои дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯи 31 номина сазовори мукофотҳо гаштанд.
 
 
Густариши ҳамкорӣ бо UNODC
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро ба ҳузур пазируфт.
Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру дигар ҷинояткориҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
 
 
Мулоқот бо сафири Эрон
Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот кард.
Мусоҳибон масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ онҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.
 
 
Ярмаркаи идона
Ба муносибати иди касбии кормандони милитсия – 10 ноябр, бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар назди бинои марказии вазорат ярмаркаи идонаи хӯрокворӣ доир гардид.
Дар он деҳқонони хоҷагиҳои ёрирасон ва раёсату воҳидҳои поёнии ВКД, аз ҷумла РВКД дар вилояти Хатлон, РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру навоҳии Истаравшан, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Данғара ва амсоли инҳо маҳсулоти тару тозаи полизиву меваҷот ва дигар анвои хӯрока, аз ҷумла равған, биринҷ, гӯшт, нахӯд, картошка, пиёз, карам, сабзӣ, тухмро бо нархҳои аз 30 то 40 фоиз арзон нисбат ба бозор пешкаши харидорон намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед