қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 27 августи соли 2021, № 327, ш. Душанбе
Дар бораи Низомномаи фаъолияти Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи фаъолияти Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).
2. Раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳоро ташкил карда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори мазкур барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд ва иттилоотонии шаҳрвандонро дар ҳудудҳои тобеъ оид ба муҳлатҳо, тартиб ва афзалиятҳои қонунигардонии дороиҳо таъмин намоянд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2021 №: 227 Мутолиа карданд: 4072