logo

иҷтимоиёт

ВОРИСИ ТАХТИ СОМОНИЁН

(Эссе)
 
Ибтидои солҳои 90–уми асри ХХ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ завол ёфт ва понздаҳ давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлоли комил ба даст овард. Мутаассифона, баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ гардид. 
Махсусан, вазъият дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон бениҳоят мураккаб буд. Дар чунин шароити басо мушкил, ки миллат дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд. Дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ин марди хирадсолор ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Ба Раиси Шурои Олии навинтихоб аз давлати абарқудрати шуравӣ мероси кироие боқӣ намонда буд. Ин шахсияти таърихӣ тавонистанд бо ақлу заковат, хираду дурандешӣ бо ҳазорон заҳмату талош мамлакатро дар заминаи холӣ ба по хезонад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзгор ба мардуми гуреза муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед», «Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пораи ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди  тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Албатта, буданд нафароне, ки баргардондани гурезаҳоро намехостанд, ҳатто, ба Сарвари кишвар дар ин маврид фишор меоварданд. Роҳбари давлат ба ақлу заковати фитриашон Ҳукумати фалаҷгаштаро аз сари нав таъсис дода, барои ташкили давлати навини миллӣ тамоми гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд ва ба рушди давлати миллӣ корро оғоз карданд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа неруи созандаеро рӯйи кор оварданд. Ин аст, ки мардуми кишвар дар атрофи ӯ муттаҳид гардида, ба неруи бузурги созанда табдил ёфтанд. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Пешвои миллат таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот, баргардондани гурезаҳо ба Ватан ва расидан ба ваҳдати миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор доданд. Ба Сарвари маҳбубамон муяссар гардид, ки ваъдаҳояшро амалӣ гардонад. Аввал ҷанги шаҳрвандиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима бахшид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро ба имзо расонданд. Баъд аз ин ҳамасола дар кишвар 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. 
Пас аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи гузариш ба низоми нави иқтисодӣ барои Пешвои миллат вазифаи ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт, вале эҳёи иқтисодиёти фалаҷшуда ҷидду ҷаҳди шабонарӯзиро тақозо мекард. Гирифтани пеши роҳи фалаҷшавии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, ободсозии харобиҳои ҷанг ва ба маҷрои фаъолияти созанда ворид намудани ҳаёти иқтисодии кишвар ба қатори дастовардҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. 
Маврид ба зикри хос аст, ки барои эҳёи фарҳангу таърихи тоҷикон ва ба ҷаҳониён ошно намудани ин миллати куҳанбунёду тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои мондагори илмӣ-таърихӣ, аз ҷумла «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва «Забони миллат - ҳастии миллат»-ро навиштанд. 
Дарвоқеъ, Пешвои миллат чун сарнишин киштии миллатро аз вартаи ғарқшавӣ наҷот дода, беосеб ба соҳили мурод расонданд. Ин корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вориси ҳақиқии тахти Сомониён, ҳеҷ гоҳ аз ёди мардуми тоҷик зудуда намегардад ва дар таърих бо ҳарфҳои заррин  навиштаю ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд.   
 
Маҳмуд ШАРИФЗОДА, 
хонандаи синфи 11-и Литсей 
барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2021    №: 227    Мутолиа карданд: 421
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед