logo

иҷтимоиёт

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ЧАНД МУШКИЛИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ дар филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб» қонеъкунанда набуда, сол ба сол қарзи истифодабарандагон рӯ ба афзоиш аст. 
 
Дар робита ба ин, Ғайратшо Маҳмуродзода, роҳбари корхонаи мазкур, дар суҳбат иброз дошт, ки қарзи муштариён беш аз 330 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки Хоҷагии обу корез 12 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ҳудуди 7, 5 миллион сомонӣ, корхонаҳои боқимондаву аҳолӣ 214 миллион сомонӣ қарздоранд. 
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулон нисбат ба солҳои қаблӣ пардохти маблағ аз ҷониби истифодабарандагон беҳтар гардидааст. Фарзи мисол, Ғайратшо Маҳмуродзода гуфт, ки тибқи барномаи биллинг кор бо муштариён осонтар гардидааст. Масалан, ҳангоми пардохти ҳаққи барқ ба телефони муштарӣ расиди пардохт тавассути паёмак фиристода мешавад. Ба гуфтаи масъулон, аз ин намуди хизматрасонӣ 174 ҳазор муштарӣ истифода мебарад.  
Қариб як сол мешавад, ки филиалҳои ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб» зерсохтори муассисаи фавқуззикр гардидаанд. Ба суоли «баъд аз тағйир ва иваз гардидани сохтор чӣ дигаргунӣ шуд?» Ғайратшо Маҳмуродзода чунин посух дод:
Солҳои пешин ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ 30 - 40 фисад иҷро мешуд, ки айни замон то 80 фоиз расидааст. Туфайли ин дар нуҳ моҳи соли равон 68 трансформатор таъмир гардид. Метавон гуфт, ки  аз пештара дида корҳо беҳтар гардида истодаанд. 
Вале Фарҳод Мирзоев, роҳбари тиҷоратии филиали  ҶСК  «Шабакаҳои   тақсимоти барқ    дар ноҳияи Восеъ» назари дигар дорад. Ӯ, зимни суҳбат зикр кард, ки бо тағйир ёфтани сохтор танҳо ҷамъоварии истифодаи неруи барқ беҳтар гардидаасту халос. Вазъи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ хуб нест. Мавсуф афзуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 300 литр сӯзишворӣ мегиранд, ки ҳатто барои рӯзҳои корӣ басанда нест. Ҳарчанд дар рӯзҳои истироҳат низ дархостҳо барои бартарафсозии баъзе садамаҳо кам нестанд, бо назардошти ин, ба гуфтаи мутасаддиён солҳои пешин ниҳоди мазкур барои зимистонгузаронӣ то як тонна сӯзишворӣ захира мекард. 
Тоҳир Абдураҳимов, роҳбари техникии шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, гуфт, ки ба онҳо барои як моҳ 500 литр сӯзишворӣ медиҳанд, аз ин рӯ сӯзишвориро сарфа мекунанд, ки то моҳи дигар бирасад. Дар анбор ҳамагӣ 40 литр сӯзишворӣ захира доштанду халос. Тибқи иттилои мутасаддиёни филиали болозикр, техникаҳои муассиса фарсуда буда, таъмирро тақозо доранд. 
Умуман, айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб 46 ҳазору 286 симчӯби фарсуда буда, дар нуҳ моҳ 430-тои онҳо ба пояҳои бетонӣ иваз шуданд. Қобили қайд аст, ки беш аз 100 деҳа дар минтақа ҳанӯз ҳам барқ надорад. Суоли матраҳ ин аст, проблемаи норасоии сӯзишворӣ дар филиалҳо бартараф мешавад, ё на? Масъулон кай метавонанд деҳаҳои бебарқро бо барқ таъмин намоянд? «Ҷумҳурият» ин мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
 
Суннати СОДИҚ,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2021    №: 227    Мутолиа карданд: 1724
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед