logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

 
БАРОИ ҚАҲРАМОНИИ «ИСТИҚЛОЛ» ЯК ҚАДАМИ ДИГАР МОНД
Бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар қувваозмоии марказии давр «Хуҷанд» дар майдонаш «Хатлон»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. 
Садрнишини ҷадвали чемпионат – «Истиқлол» дар меҳмонӣ ба дарвозаи «Эсхата» се голи беҷавоб зад.
Натиҷаи се вохӯрии дигар: «Душанбе» – «Файзканд» – 0:1, «Истаравшан» – «Равшан» – 1:0, КМВА – «Кӯктош» – 2:0.
Ҳамин тавр, «Истиқлол» пас аз ин пирӯзӣ бо касби 58 хол мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам намуда, то қаҳрамонии навбатиаш дар Лигаи олӣ як қадами дигар мондааст.
Тими «Хуҷанд» бо 48 хол ва КМВА бо 39 хол дар зинаҳои дуюму сеюм қарор доранд. 
 
 
САМБО
ШИРКАТИ 14 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
 
12 – 14 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо, чемпионат аз рӯйи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. 
Тавре аз Федератсияи самбои кишвар иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Муҳаммадисо Раҷабов, Ҳамроз Раҷабов, Зафар Олимшоев, Фирдавс Насимов, Хуршед Маҷидов, Шоҳида Қаландарова (самбои варзишӣ), Бобохон Мирзозода, Сорбон Латифов, Саидҷони Ҳайдар, Табрезшо Парпишоев, Фаридун Одилов ва Олимхоҷа Олимов (самбои размӣ) намояндагӣ мекунанд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон 231 000 долларро ташкил медиҳад. Ғолибон 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва биринҷӣ 2000 доллар ба даст меоранд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ,  шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 772
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед