logo

Хабарҳо

Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

ТАСС. Ба иттилои хадамоти матбуоти дастгоҳи Шурои амнияти Федератсияи Россия, ширкаткунандагони машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шуроҳои амниятӣ оид ба масъалаҳои Афғонистон, ки рӯзи чоршанбе дар Ню-Дели баргузор шуд, ба чунин хулоса омадаанд, ки  ҳузури доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад.  СММ дар Афғонистон  нақши марказӣ ва зарурӣ мебозад.  
Иштирокдорон зарурати таъмини ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои миллиро дар ин кишвар таъкид доштанд. Ташкили ҳукумати фарогир  шарти муҳими раванди бомуваффақияти мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон  мебошад, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти  дастгоҳи Шурои амнияти ФР. 
 
Неруҳои посдори сулҳи СААД якҷоя амал карданро меомӯзанд
Мир24. Дар Тотористон низомиёни кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  амалиёти  ҳифзи суботу оромиро тамрин мекунанд. Ин дафъа гурӯҳҳои махсуси ҳуҷумкунанда бори аввал истифода шуданд.  Дар доираи машқҳо, ҷангҷӯёни мусаллаҳи рамзӣ биноро тасарруф карда, ба атрофи он бомбаҳои худсохт гузоштанд. Низомиёни кишварҳои узви СААД  террористони рамзиро бо ёрии техникаи муосир безарар карданд. 
Амалиётҳои асосии машқҳои «Иттиҳоди шикастнопазир» дар  машқгоҳҳои низомии Мактаби олии танкии Қазон, ки дар наздикии пойтахти Тотористон воқеъ аст, баргузор мешавад. Неруҳои дастаҷамъии сулҳхоҳи СААД на танҳо мубодилаи таҷриба мекунанд, балки якҷоя амал карданро низ меомӯзанд.
 
 
Меркел хоҳони суҳбати дубора бо Путин аст
Лента.ру. Иҷрокунандаи вазифаи Канслери Олмон Ангела Меркел интизор дорад, ки Президенти Россия Владимир Путин пас аз суҳбати охирини 10 ноябр дар бораи буҳрони муҳоҷират дар марзи Беларус бо Иттиҳодияи Аврупо ба ӯ занг занад.  Ба гузориши шабакаи телевизионии РБК,  Bloomberg мутаваҷеҳи ин мавзуъ шуд. 
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин нашрия, дар мақомоти Иттиҳодияи Аврупо,  гуфтугӯйи ҷадиде қабл аз шаб дар назар аст, аммо пеш аз ин Роҳбари Россия бояд ба ҳамтои белорусии худ Александр Лукашенко тамос гирад.  Меркел ба Путин паёми равшане расонд, ки ӯ бояд бо Лукашенко гуфтугӯ кунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Меркел қасдан мустақим ба Президенти Беларус занг назадааст ва ба ҷойи он бо Президенти Россия тамос гирифтааст.
 
 
Бар асари пандемия 25 ҳазор тонна партов дар уқёнусҳо ҷамъ шуд
CentralAsia (CA)  Ҳангоми пандемияи COVID-19 дар уқёнусҳо зиёда аз 25 000 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродии истифодашуда ва партовҳои пластикии марбут ба коронавирус пайдо шуданд. Ин ҳисобро олимон бо роҳбарии Имин Пэн аз Донишгоҳи Нанян анҷом дода, натиҷаҳоро дар маҷаллаи Proceedings of Academy of National Sciences нашр карданд.
Олимон ҳамчун асос маълумот-ро аз 193 кишвари ҷаҳон дар бораи партовҳои ҷамъшудаи марбут ба коронавирус гирифтаанд - инҳо ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшакҳо ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, маҷмуаҳои санҷишӣ ва партовҳои беморхонаҳои ковидӣ мебошанд.
Маълум шуд, ки аз оғози пандемия то моҳи августи соли 2021 дар ҷаҳон 8,4 миллион тонна чунин партовҳо истеҳсол шудааст. Моделсозӣ нишон дод, ки, аллакай, 25 ҳазор тонна партов дар уқёнусҳои ҷаҳон мавҷуд аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед