logo

иҷтимоиёт

ҚАЛАМРАВИ ЁД

Баҳори соли 1992, дар доираи баргузории як озмун аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, моро бо автобус ба тамошои шаҳри Душанбе бурданд. Вақте ба фурӯшгоҳи марказии универсалӣ (СУМ) расидем, дар майдони назди Ҳукумат мардум гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд. Сарфи назар аз ин, мо барои таҳсил ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтем. Замони донишҷӯии мо ба як давраи душвору сангин рост омад. Одамон шабҳо барои нон харидан дар назди мағозаҳо нав-бат мепоиданд. Камчинии ғизову хӯрокворӣ бармало эҳсос мегардид. Аз сабаби нооромиҳо таҳсил муваққатан қатъ гардид. 
Моҳи феврали соли 1993 вазъ каме ором шуд. Моро барои идомаи омӯзиш даъват намуданд. Аз ёдам намеравад, ки дар ҷараёни дарс доктори илмҳои филологӣ, профессор, устод Иброҳим Усмон мепурсид:
"Бигӯед, ки хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви вилояти  Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) барои роҳбари ҷумҳурӣ таъин гардидани Эмомалӣ Раҳмон чӣ нақш дорад?". 
Мо ҷавоб медодем: "Дар ин колхози наздикии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гашт".
Ба Роҳбари нав идораи ҷумҳурии ҷангзада кори саҳлу осон набуд, зеро шаҳрвандони зиёд (беш аз сад ҳазор нафар) қурбони ин  ҷанги таҳмилӣ гардида буданд. Ором сохтани вазъ аз Роҳбари нав чашмикордонӣ, ҷасорату мардонагӣ тақозо менамуд. Бар замми ин, ҳазор-ҳазор нафар ба Афғонистон кӯч баста буданд. 
Ба туфайли таъсиси Комиссияи мусолиҳаи миллӣ, якчанд маротиба миёни роҳбарони Ҳукумат ва гурӯҳҳои мухолифин гуфтушунид ба амал омад. Хушбахтона, тобистони соли 1997 дар шаҳри Москва тарафҳо ба ифоқа расиданд ва сулҳи деринтизор дар сарзамини азияткашидаи тоҷикон барқарор гардид. 
Баъдан, ба шарофати хидматҳои шабонарӯзии Сарвари ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезагон ба сарзамини аҷдодӣ  ва меҳнати осоишта баргаштанд. 
Дар баробари ин, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ робитаҳои ҳасанаро ба соири кишварҳои олам барқарор созанд. Ҳоло мо шоҳидем, ки дар натиҷаи сиёсати башардӯстонаи Ҷаноби Олӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистон сол ба сол болотар мегардад.
Хурсандиовар аст, ки баъди Роҳбари давлати Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар беш аз пеш густаришу тавсеа меёбанд. Бо ташаббуси сарварони ду давлат гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардиданд ва мардум ба мамлакатҳои ҳамдигар озодона равуо доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ низ рушду нуму меёбанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду давлат аз панҷсад миллион доллари  ИМА ба як миллиард доллар хоҳад расид. 
Дар Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти ширкати "Артел", ифтитоҳи хатти нави автобусҳои мусофиркаш миёни шаҳрҳои калони ду кишвар, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии якдигар, барқарории ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ, саноат ва амсоли инҳо аз вусъати робитаҳо гувоҳӣ медиҳанд. 
Ҷойи таъкид аст, ки дар шаҳри Самарқанд парда аз рӯи муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бардошта шуд, дар Душанбешаҳр низ... Бо ибтикори роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев мактабҳои тоҷикию ӯзбекӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд, аз ояндаи боз ҳам неки ду миллати дӯсту бародар мужда мерасонанд. 
Қариниву ҳамдилӣ ва бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек поянда бод! Ба сарварони ҳар ду кишвар барои пиёда сохтани барномаҳояшон дар пешбурди сиёсати дурандешаашон комёбиҳои беназир хоҳонем!
 
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори "Овози тоҷик",
вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2021    №: 228    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед