logo

Хабарҳо

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти чунин унвон дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо иштироки Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси кумита, Мақсуд Низомӣ, сардори сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия, кормандони кумита ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи тантанавӣ доир  гардид.
 
Ҳамоишро Муҳаммадсаид Файзуллозода ҳусни оғоз бахшида, аз хидматҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули конститутсия ёдовар шуд ва гуфт, ки он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Тавассути Қонуни асосӣ, ки бо тариқи раъйпурсии халқӣ қабул шуд, мардуми тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом дошт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр аст ва дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоиши онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
Мақсуд Низомӣ оид ба арзишҳои волои миллӣ ва шоҳкориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди давлат ва миллати тоҷик ёдрас шуда, иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан, санади тақдирсозе аст, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.  Конститутсия, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегирад, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд. 
Ҳамзамон, дар ҳамоиш китоби тозанашри Вазорати адлия бо номи “Таҳаввулоти конститутсионии соҳибистиқлол” дар ин рӯзи муқаддас аз ҷониби намояндаи вазорат ба китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тақдим шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ филми мустанади “Конститутсия – таҳкимбахшандаи Истиқлолият” пешниҳоди ҳозирон гашт. 
                                                                      
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1796
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед