logo

Хабарҳо

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид,- хабар медиҳад шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда,  баргузории конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар аст.
 
 
Мулоқот бо президенти Шурои иҷроияи ЮНЕСКО
Дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯбаи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо президенти Шурои иҷроияи ЮНЕСКО Агапито Мба Мокуй баргузор шуд.
Дар мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО, роҳҳои нави густариши муносибатҳо ва масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
 
 
2500-солагии Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҷлил мешаванд
Зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси  генералии ЮНЕСКО, тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ, номинатсияи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022 – 2023 ворид гардиданд.
 
 
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ
Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дод.
Роҳбарони вазоратҳои мудофиа фаъолияти муштараки системаи дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ дар соли 2022-ро тасдиқ намуда, ҳамчунин, тасмим гирифтанд, ки медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» таъсис дода шавад. Ба ғайр аз ин, нақшаи кори Шуроро барои солҳои 2022 муайян сохта, якчанд қарорҳои дахлдор қабул карданд.
 
 
Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис ёфт
Дар пойтахти Ӯзбекистон– шаҳри Тошканд ҳамоиши роҳбарони иттифоқҳои касабаи Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ки зимни он Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт, - хабар медиҳад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Шуро бо мақсади тақвияти ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, татбиқи ҳадафҳои ҳукуматҳои ҷумҳуриҳо дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, иҷтимоии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1783
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед