фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ПРЕЗИДЕНТ»
1. Қувваҳои мухолифи зидди давлат. 2. Мақоми олии қонунбарор. 3. Маснади давлатӣ. 4. Комёбӣ, музаффарият, фатҳу кушоиш. 5. Ба ҳам омадан, ягонагӣ. 6. Таърифнома, ситоиш. 7. Бандар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. 8. Соҳаи техника ва технология. 9. Пешрафт, шукуфоӣ. 10. Яке аз хислатҳои шоистаи инсонӣ. 11. Муродифи вожаи давлат, кишвар. 12. Ҳаммаънои вожаи осоиштагӣ.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ
ҶАВОБ БА МУАММОИ «АДИБИ МУМТОЗ» АЗ 05.11.2021:
1. Улуғзода. 2. «Адиб». 3. Бохтар. 4. «Ривояти суғдӣ». 5. «Ирфон». 6. «Навобод». 7. Драматургия. 8. Як. 9. Кино. 10. Орифов. 11. Варзик. 12. Китоб. 13. БАС. 14. Сервантес. 15. Собир. 16. Роман. 17. Наср. 18. Рустам. 19. Моҳак. 20. «Калтакдорони сурх». 21. Хоҳиш. 22. «Шодмон». 23. Наршахӣ. 24. Исроф. 25. «Фирдавсӣ». 26. Ироқ. 27. «Қисмати шоир». 28. Рудоба. 29. «Аҳмади Дониш». 30. «Шоҳнома». 31. Алпомиш. 32. Шаст. 33. «Темурмалик». 34. Кӯлоб. 35. Боку. 36. «Уқоби тиллоӣ». 37. Ислом. 38. «Модар». 39. Рубоб. 40. «Бачамард».
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
АКСИЯИ АМАКИ СЕРЁЖА
Ё ЧӢ ТАВР ЯК РОНАНДА, ХОНАНДАГОНИ ШАҲРИ БИРОБИДЖАНРО АЪЛОХОН КАРД?
Дар Биробиджан (Россия) ронандаи автобуси хатсайри № 26 Сергей Ушаков иқдоми мусофиркашии ройгон барои хонандагонро роҳандозӣ намуд. Тибқи он кӯдакону наврасон барои истифодаи ройгон аз нақлиёт бояд ба ронанда баҳои аълои дар дарс гирифтаашонро аз рӯзнома нишон диҳанд.
Кондуктори автобус мегӯяд, ки «аксия аз амаки Серёжа» дар байни мусофирони ҷавон маъруфият дорад. Ба гуфтаи ӯ, кӯдакону наврасон мекӯшанд, ки баҳои аъло гиранд ва таҳсилашон ба дигарон намуна бошад.
Бино ба гуфтаи муаллимон, иқдоми Сергей Ушаков ба таҳсили таълимгирандагони макотиби шаҳр таъсири мусбат расондааст ва дар Хабаровску Челябинск низ иқдоми ӯ пайравони худро дарёфтааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТАЪЛИМГОҲҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
6. ТАЪЛИМГОҲ ДАР КӮҲ
Дар уезди Ланкатсзии ноҳияи мухтори Тибети Чин (доманакӯҳҳои шимолии Ҳимолой) дар баландии 5 ҳазору 573 метр муассисаи таълимии ибтидоии Пуматсзянтан фаъолият мекунад. Муассиса айни замон мактабест, ки мавқеи ҷойгиршавиаш дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад. Машғулиятҳо дар ин муассиса дар 6 синф баргузор гардида, ҳамаи хонандагони он шабро дар мактаб рӯз мекунанд.
Бо вуҷуди гармиву сардии табиат ва мушкилоти равуо ҳамаи кӯдакони деҳаи Пуматсзянтан ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
7. ПИТОНИ ҲИНДӢ
(индийский питон)
Ин мори калонҷуссаи безаҳрро, ки то 5 метр дарозӣ дорад, питони палангӣ низ меноманд. Дар вақташ ин хазандаи нодир маликаи бешазорҳои Ҳиндустону Шри-Ланка ба ҳисоб мерафт. Хусусияти фарқкунандаи питони ҳиндӣ ҳамчун яке аз қадимтарин намуди морҳо ин аст, ки дар баданаш дунгиҳои хурд дорад, бо назардошти ин фарзияе ҳаст, ки чунин намуди морҳо дар гузашта метавонистанд пой дошта бошанд. Питони ҳиндӣ мори безаҳр аст, вале неши дандонҳои дурадааш дарди ҷонсуз дорад. Маъмулан ҷонвару ҳашароти нисбатан хурдҷуссаро шикор мекунад ва чун ҳамҷинсони дигари худ сайдро буғӣ карда мекушад. Вале дар ҳолати зарурӣ питони ҳиндӣ метавонад оҳубараро зинда фӯру барад. Питони ҳиндӣ то 20 сол умр дида, барои тоза кардани муҳит аз зараррасонҳое чун мушу каламушҳо саҳми беандоза калон дорад. Далели илмӣ аст: вақте дар се минтақаи Ҳиндустон одамон ин намуди морҳоро нобуд карданд ё тарсонда гурезонданд, теъдоди зараррасонҳо, бахусус интиқолдиҳандагони бемориҳои сироятӣ, якбора боло гирифт.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАЪНИИ ЗИНДАГӢ
Аз суҳбати дугонаҳо:
-Ним сол аст, ки азоби руҳӣ мекашам, дигар намефаҳмам маънии зиндагӣ дар чист.
-Назди асабшинос рав.
-Рафтам.
-Хайр чӣ?
-Бечора, ӯ ҳам дигар намефаҳмад маънии зиндагӣ дар чист?
Аз русӣ тарҷумаи
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
«ҚАБЛ АЗ ДУХТУР ШУДАН, ОДАМ ШАВ!»
Муҳаммад Машалии Мисрӣ, маъруф бо тахаллуси “Табиби фақирон”, беш аз 50 сол дар дармонгоҳи хусусиаш камбағалонро ройгон табобат карда, ҳатто, барои харидани дору ба маризон пул медод. Ин дар ҳолест, ки табиби ҳозиқ мошин надошт ва бо вуҷуди пиронсолӣ ҳар рӯз аз хона то дармонгоҳ пиёда мерафт.
Боре як сарватманди форснажод аз фаъолият ва масири зиндагии ӯ огоҳ шуда, 20 ҳазор доллар ва автомашинаи гаронбаҳояш ҳадя кард. Як сол пас Машали ин маблағро барои харидани дастгоҳҳо барои таҳлили ройгони беморон сарф намуд. Шиори ҳамешагии «Табиби фақирон» «Қабл аз духтур шудан, одам шав!» буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
СУХАНҲОИ ПУРҲИКМАТ
Владимир Маяковский:
«Дар сурати одамӣ ду чиз муҳим аст: яке лабханд ва дигаре умқи нигоҳаш, ки ҳеҷ ҷарроҳе наметавонад ба инсон диҳад. Лабханди одам уқёнуси сураташ аст ва чашмҳояш офтоб».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
АЗ ИРОДА ТО АМАЛ
ҶОИЗАДОРИ ОСКАР ДАР ШАШСОЛАГӢ
“Олиҳаи зебои хурдакак”, “Духтари лӯхтак”, “Офтобаки ҷингиламӯй”. Ин ҳама номҳои зебо ба Ширли Темпли шашсола дода шудааст, ки соли 1934 соҳиби ҷоизаи Оскар гардидааст. Ӯ соли 1928 дар Калифорнияи ИМА ба дунё омада, аллакай, аз сесолагӣ дар филми “Бихез ва бисарой” нақш офарида, дар шашсолагӣ ба актрисаи машҳури ҷаҳонӣ табдил ёфта, то даҳсолагӣ беш аз як миллион доллар ба даст овардааст. Ширли дар зиёда аз 70 филм нақш офарида, пас аз анҷоми корномаи ҳунармандӣ ба сиёсат ворид мегардад ва дар сафи дипломатҳои маъруфи амрикоӣ мавқеъ меёбад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
АДРИАНО ЧЕЛЕНТАНО ВА КЛАУДИА МОРИ АЗ НАҚШОФАРӢ ТО ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГИИ ЯКҶОЯ
Ин тааҷҷубовар аст. Шахсиятҳои истеъдоди ғайритабиидош- таро, ҳаёти оилавиашон ҳам ғайриодист. Адриано, овозхон ва ҳунарпешаи итолиёвӣ, бо ҳамсари ояндааш – Клаудиа Мори ҳангоми ҳамроҳ нақш офаридан дар филми «Ким чӣ хел шахси аҷиб» шинос шуда буду ҳамин тавр пайванди якумра гардиданд. Андриано то замони аҳди ҳамсарӣ бастан, аллакай, дар чандин ҷашнвораҳо ғолиб омадаву студияи хусусии сабти овозро таъсис дода буд. Адриано дар 12 филме, ки худи вай қаҳрамони асосӣ буд, ҳамроҳи ҳамсараш нақш бозидааст. Ин ду ҷуфт муваффақтарин филми дар ҳамҷоягӣ бозидаашон «Дуппи – ду» ё ин ки «Шитоб намо, ҳоло ки ҳамсарат барнагаштааст»-ро меҳисобанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
КОРНАМОИИ БАРОДАРОН
Ба собиқ футболбозони номвари тоҷик бародарон Ҳаким, Ҳикмат ва Раҳматулло Фузайловҳо, ки ҳоло ҳар кадоме ба ҳайси сармураббӣ дар тимҳои мухталиф фаъолият доранд, муяссар гардид, ки дастаҳои худро ба Лигаи олии футбол бароранд.
Тими «Динамо» (Самарқанд) зери роҳбарии Ҳаким ба Суперлигаи Ӯзбекистон роҳ ёфт.
Ҳикмат бо дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон гардид ва ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Раҳматулло бошад, бо бошгоҳи «Равшан» (Зафаробод) дар мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон зинаи дуюмро касб намуд ва тимаш ба Лигаи олӣ баромад.
Маҳмуд БАҲРОМ
ЯКЕ ДУЗДУ ДИГАР МУТТАҲАМ
Дар Вена муҳокимаи даъвои ду оҳангсози навмашқ идома дошт, ки яке дигареро ба дуздии оҳангаш муттаҳам карда, худро ҷабрдида меҳисобид. Суд барои дақиқ кардани муаллифи аслӣ мусиқашиноси машҳур Камил Сен-Сансро ҷалб месозад. Пас аз он ки Сен-Санс оҳангро дар иҷрои ҳар ду ҷониб гӯш мекунад, суд аз ӯ мепурсад:
- Лутфан, бигӯед, ки кадом ҷониб соҳиби аслии оҳанг ва ҷабрдида асту кадом ҷониб асардузду муттаҳам?
- Ҷаноби судя, бовар кунед, соҳиби аслии оҳанг асосгузори опереттаи франсуз, композитори машҳур Жак Оффенбах аст. Ин ду нафар бошанд, яке дузду дигар муттаҳам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҶОНВАРЕ БО АҚЛИ ОДАМӢ
Аспе, ки беморонро таскин мебахшад
Дар яке аз беморхонаҳои Фаронса аспе бо номи Пейо ба дидорбинии беморони вазнин меравад, ба онҳо тасаллӣ мебахшад ва табъи коркунони клиникаро шод мегардонад. Асп бо ишораи пой интихоб мекунад, ки ба кадом ҳуҷра ворид шавад.
Пас аз чор соли таҳлили вазъи ин ҷонвар олимон ба ин натиҷа расиданд, ки мағзи сари Пейо ба таври беназир фаъолият мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар бораи қобилияти зоҳирии Пейо барои таскин додани беморон маълумоти бештар гиранд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
МОҲИИ ДУТОННАГӢ
Дар баҳри Миёназамин, дар соҳилҳои шимолии Африқо, моҳигирон моҳмоҳиеро (онро офтобмоҳӣ ва сармоҳӣ низ мегӯянд) сайд карданд, ки вазнаш қариб ду тоннаро ташкил дод. Дар ин бора, сомонаи "Лента.ру" бо истинод ба Агентии иттилоотии «Рейтер» хабар медиҳад.
Дарозии моҳӣ 3,2 ва паҳноиаш 2,9 метр буда, андозааш, ҳатто, барои ин минтақа рекордист.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БОЯД БИДОНЕМ
Ду кор аз ду нафар барнамеояд: аз номард мардӣ ва аз мард номардӣ.
* * *
Мардон намебахшанд, аммо фаромӯш мекунанд. Занҳо мебахшанд, аммо фаромӯш намекунанд.
* * *
Мард бо дороӣ менозаду зан бо зебоӣ.
* * *
Агар, ҳатто, ният кардаӣ, эй фарзанд, ки падарро бифиребӣ, бидон, ки фиреб хӯрдаӣ.
* * *
Дар танҳоӣ ба афкор, дар оила ба рафтор, дар ҷомеа ба гуфтори худ аҳамият бидеҳ.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
НЕСТАНДАРҶАҲОН
Андерсонро соли 12844 аз зиндон «озод» мекунанд
Дар шаҳри Оклахомаи ИМА суд мардеро барои роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус ба муҳлати тулоние ҳабс кард, ки таърихи мурофиаҳои судӣ назирашро дар ёд надорад.
Даррон Бенналфорд Андерсон бо ин ҷурм, аввал 2 ҳазор сол зиндонӣ шуда, баъдан муҳлати адои ҷазояш 20 ҳазор сол эълон гардид. Маҳкумшуда соли 1997 аз болои ҳукми суд шикоят бурд ва дар пайи он муҳлати адои ҷазояш кам гардид. Бо ин ҳол, Андерсон соли 12844 аз зиндон «озод» хоҳад шуд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
7. ЗАХМИ ЗАБОН БА МАРГ РАСОНД
Соли 1884 фалокат ба сари машҳуртарин детектив (корманди политсияи ҷустуҷӯйи ҷиноятӣ)-и олам Алан Пинкиртони амрикоӣ омад.
Боиси ёдоварист, ки ӯ дар ҷодаи ҷустуҷӯйи ҷинояткорон ва дастгир кардани онҳо муваффақиятҳои зиёд дошт. Аз ҷумла, соли 1861 пешгирии суйиқасд ба ҷони президенти 16-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Авраам Линколн ва ба ҳабс гирифтани ташкилкунандагони дуздии 700 ҳазор доллар – маблағҳои ширкати роҳи оҳани Adams Express, аз комёбиҳои бузурги ин детективи маъруф ба ҳисоб мераванд.
Боре, ҳангоми сайругашт, Пинкиртон пешпо хӯрда, меафтад ва забонашро мегазад. Бар асари он захм бардошта, мубталои гангрена (хушкшавии бофтаҳои бадан) мегардад. Чун дар он замонҳо ҳанӯз антисептикҳо вуҷуд надоштанд, оқибат ӯ аз ин беморӣ мефавтад.
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
16. ФАРҚИЯТИ ВАҚТ-ҶУЗЪИЁТЕ, КИ
ПЕНТАГОН НАОМӮХТ
Соли 1961 Амрико мебоист бо ду навъи қӯшун: пиёдагард ва ҳавоӣ ба Куба ҳуҷум кунад. Тибқи нақшаи ҷангӣ қӯшунҳои ҳавоӣ уҳдадор буданд, ки пиёдагардонро ҳамроҳӣ ва ҳимоят намоянд. Вале Пентагон фаромӯш кард, ки фарқияти вақтро миёни Амрикову Куба ба инобат гирад. Дар натиҷа қӯшунҳои ҳавоӣ ба майдони муҳориба 1 соат дертар аз пиёдагардон расиданд. Сабаби асосии мағлубияти Пентагон давоми як соат беҳимоя мондани қӯшунҳои пиёдагарди Амрико буд.
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
АЗ ОЛАМИ АДАБ
ЭРНЕСТ ҲЕМИНГУЭЙ
Нависандаи сахтҷоне, ки 273 пораи тир ҷонашро нагирифт
Борҳо собит шуда, ки агар риштаи умр дароз бошад, инсон ба ҳар баҳонае аз чанги аҷал мераҳад. Ин ҳақиқатро саргузашти нависандаи машҳур Эрнест Ҳемингуэй бори дигар тасдиқ менамояд.
Ӯ дар 5 ҷанг иштирок карда, аз 4 садамаи нақлиётӣ ва 2 суқути ҳавопаймо ҷон ба саломат бурдааст. Ду маротиба дар шикор захмӣ гашта, аз сӯхтори ҷангал низ берун меояд. Дар яке аз муҳорибаҳо аз пулемёт ҷароҳати вазнин мебардорад, ки 273 пораи (асколка) тир баданашро мешикофад.
Бо вуҷуди ин, ӯ тули 62 соли зиндагонӣ бо эҷоди осори гаронбаҳо аз худ номи нек боқӣ гузошта, барои асари «Мӯйсафед ва баҳр»-аш Ҷоизаи Нобелро ба даст овардааст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
“БЕРАҲМТАРИН” ПОЛИС ДАР ҶАҲОН
Дар миёни кишварҳои олам неруҳои полиси Бразилия бераҳмтарин мақомоти корҳои дохилӣ ё қудратӣ ҳисобида мешавад. Албатта, ба маънои мусбаташ, зеро чунин рафтори онҳо сабаб дорад. Аниқтараш, муборизаи танготанги неруҳои полис бо мафияи маводи мухаддир дар ин кишвар онҳоро сангдил кардааст. Зеро онҳо бояд дар баробари гурӯҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллоб “бо усулҳои худ” мубориза баранд, ки аксар вақт ин шеваҳо аз усулҳои худи ҷинояткорон фарқ надоранд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2021 №: 228 Мутолиа карданд: 2969