logo

сиёсат

16 НОЯБР. АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ АРЗИШҲОИ МУҚАДДАСАНД

Табиист, ки ҳар як ҷашни тақвимӣ дар худ арзишу ҳикмате дорад. Дар ҳамин радиф таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷашнҳои муҳимтарин ва пураҳамияти ҳувиятсоз маънидод мешавад, зеро ин ҷашн, дар баробари таҳкими худшиносӣ эҳсоси самимият ба Президент, муҳаббат ба Ватанро дар ниҳоди мардум тақвият бахшида, дар шинохти саҳеҳтари арзишҳои меҳварии давлатдории миллӣ нақши мунир мегузорад. 
Ҳарчанд таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ба шахсият ишора надорад, вале дар зеҳну шуури наслҳои имрӯзу оянда шукӯҳи ин ҷашн якҷо бо хизматҳои бедареғу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навин, бедории тафаккуру андешаи миллӣ ба ҷилва меояд. Зеро зуҳури ин шахсияти тобноки таърих дар саҳнаи сиёсӣ ва идораи умури давлатдорӣ замоне воқеъ шуд, ки зербинои сохтории давлати тозаистиқлол ба шиддат фурӯ рехта, касе аз нухбагони сиёсии вақт ҳозир набуд, то зимоми роҳбарии давлатро дар чунин вазъи печида ба уҳда гирад.
Барҳақ, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд низ ба далели интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) ҳамчун анҷумани тақдирсози миллат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудааст. Зеро, танҳо баъд аз чунин интихоби масъулонаи вакилони халқ таҳти роҳбарии Раиси нави Шурои Олӣ идомаи кори иҷлосия ба низом даромад ва дар заминаи қарорҳои муҳиму созандаи он роҳи хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дурнамои эъмори давлати навбунёд ва расидан ба қаламрави саодати миллӣ тарҳрезӣ гардид. Он замон мардуми ошуфта рӯйи экрани телевизионҳои худ дар минбари Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ роҳбаре бо ғурури баланди миллиро диданд, ки бо андешаҳои созанда, муҳаббати бепоён ба халқу муқаддасоти миллӣ ба майдон омада, қодир аст, чароғи рӯшноиро шуълавар намуда, ҷойгоҳи миллати дорои тамаддуни ҷаҳоншумулро дар маснади таърихиаш барқарор созад. Зеро дар аввалин суханронӣ аз ин минбари қисматсоз халқи гирифтори навмедиҳо дар вуҷуди Эмомалӣ Раҳмон хирад, фазилату ҷасорат, иродаи маънавию сиёсӣ ва оини мардумиро дарёфта, ба оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ чашми умед бастанд. 
Дарвоқеъ, Президенти маҳбуби кишвар дар фурсати кӯтоҳе на танҳо ин хушбиниҳоро ба ҳукми амал дароварданд, балки Тоҷикистонро беш аз ҳадди пешбиниҳо ба қаламрави саодат ворид намуда, ҳуҷҷати асолати миллиро ба дасти халқ супурданд. Вале то расидан ба соҳили мурод ва марзи ормонҳои халқ сангинтарин марҳилаҳоро паймуда, барои озодиву истиқлол, саодат ва пирӯзии миллат бар зулмот борҳо ҷони худро ба гарав гузоштаанд.
Туфайли иродат ва барномарезиҳои дақиқу созандаи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ берун омада, ҳоло дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоид фароҳам аст. Мардуми шарафманди тоҷик дар шароити комилан озоду осоишта барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, вусъат бахшидани корҳои бунёдкорӣ даст ба дасти ҳам дода, таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари амалгарои хеш Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо ҷумлаи дастовардҳои азиму таърихӣ таҷлил намуданд.
Қобили таъкид аст, ки корнамоиҳои беқиёси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дорои зарфиятҳои хоси ҷаҳондорӣ муаррифӣ намуд. Акнун, ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на як давлати хурд дар қитъаи Осиё, балки дар пасманзари ташаббусҳои байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи Роҳбари давлат ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақа мешиносанд. Чунин зафармандӣ, тадобиру иқдомоти бунёдии Сарвари давлат, ки заминаҳои рушди давлатдории миллиро барои садсолаҳои дигар муайян намуда, ҷойгоҳи ҷаҳонии онро дар дарозои таърихи минбаъда истеҳком бахшидааст, кофист, ки Пешвои ормонии миллат дар зеҳну шуури насли оянда низ мисли имрӯз маҳбубият ва мақоми арҷманде дошта бошанд.
Сиёсатшиносону таҳлилгарон бар ин андешаанд, ки гузаштан ба сохтори идоракунии президентӣ дар умури давлатдории навини мо самтгирии дурусту натиҷабахш буда, маҳз тавассути ҳамин низом дар пайвастагӣ ба фаъолиятҳои сиёсиву роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба қаламрави саодати миллӣ расида, вориди шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳонӣ шуд. Аз ин нигоҳ, таҷлили Рӯзи Президент, ки рамзи садоқат ба Сарвари давлат ва муҳаббат ба Ватанро дар худ таҷассум мекунад, барои маърифати таърихи давлатдории навин, ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ ва бедории миллӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад. 
Чунончи, таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам дар ин самт сабақҳои корсозеро ба мерос гузошта, гиромидошти бунёдгузорон ва пешвоёни миллии халқу қавмҳои гуногун, назири Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, “Падари миллати турк” (Отатурк) дар Туркия, “Падари миллати ҳинду” (Маҳатма Ганди) ва “Бунёдгузори давлати ҳинд” (Ҷавоҳирлаъл Неру) дар Ҳиндустон, Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ дар Покистон, “Асосгузори давлати Сингапур” (Ли Куан Ю) дар Сингапур, “Пешвои миллат” (Нурсултон Назарбоев) дар Қазоқистон ба руҳияи миллии онҳо таъсири мусбат гузошта, дар шинохти асолат ва роҳи рушди давлатдориашон мусоидат кардааст.
Аз соли 1885 ба ин сӯ дар ИМА Рӯзи нахустин Президент Ҷорҷ Вашингтон ҷашн гирифта мешавад. Дар Британияи Кабир бошад, ҳар сол шанбеи дуюми моҳи июн Рӯзи Малика Елизаветаи II баргузор гардида, ба ин монанд дар Канада, Австралия, Исландия, Нидерландия, Ангола ва аз соли 2011 инҷониб дар Қазоқистон аввали моҳи декабр Рӯзи Президент таҷлил мегардад. 
Пас, дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад дар баробари таҳкими худшиносиву эҳсоси ватандорӣ ва рушди ҷомеа эҳтироми хосу ом ба ин мақоми олиро ҳамчун институти идоракунии умумипазируфташуда тақвият бахшад. Зеро эҳтироми Президент, эҳтироми миллат ва изҳори муҳаббат ба халқу Ватан аст.
 
“ҶУМҲУРИЯТ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 1454
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед