logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БО РАФТИ СОХТМОН ДАР МАЙДОНИ “ИСТИҚЛОЛ”

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти сохтмон дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар як гӯшаи боғ дарахтони нодири секвойя шинонданд.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони секвойяи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карданд. Дарахти секвойяи калифорниягӣ зебову нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинондани дарахт ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар оғоз бахшиданд. Аз ҳозир ё дар ин мавсим шинондани дарахт хусусияти хоси худро дошта, барои 99 фоиз хуб нашъунамо ёфтани ниҳол мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғ дар Майдони “Истиқлол” дарахтони зиёди ороишӣ аз хориҷи кишвар ворид гардидааст. Дар маҷмуъ, то имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдони “Истиқлол” 5510  дарахти зебову нодири ороишӣ шинонда шудааст ва нашъунамои хуб дорад.
Тарҳи лоиҳаи сохтмони ин мавзеи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.
Оянда низ дар ҳудуди боғи Майдони “Истиқлол” дарахтони нодири сояафкану ороишии ба минтақа мутобиқ шинонда мешаванд.
Баъди ба истифода додани иншооти мазкур, ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ гузошта шудааст. Масоҳати он 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.
Баъди шинондани дарахт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти сохтмони Майдони “Истиқлол” шинос шуданд.
Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад. Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.
Бунёди майдон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонӣ ҷалб карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед