logo

фарҳанг

ИФТИХОРИ МО

Дар ҷаҳони муосир Рӯзи Президент ҳамчун як ҷашни муҳими давлатӣ, ки дар баробари ибрози эҳтироми ҷомеа ба ин мақоми олӣ, омили муҳими сарҷамъию муттаҳидӣ низ мебошад, дар аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Президент барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз аҳамияти бузурге бархӯрдор аст. Зеро оромию осудагӣ, рушду шукуфоӣ ва нуфузи эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо кору пайкор, муборизаву ҳақталошӣ, сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд мебошад. 
Миллати тоҷик яке аз миллатҳои қадимии ҷаҳон мебошад ва бо дилу нияти пок тамаддуни ниёгони хешро пос медорад. Аз ин рӯ, алоқаи Пешвои миллат ба илму ирфон ва китобу китобхонӣ реша дар асолати миллии эшон дорад. Бинобар ин, маорифпарварӣ дар сиёсати созандаи Сарвари давлат аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдор аст.
Маҳз ба шарофати амалисозии ҳамин сиёсати фарогири фарҳангӣ тайи сӣ соли Истиқлоли давлатӣ дар Ватани азизамон ҳазорон иншооти соҳаҳои маорифу фарҳанг мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва муҷаҳҳаз ба истифода дода шуданд. Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳҳои зебову замонавӣ ва шоистаи шаъну шукӯҳи фарҳангу тамаддуни бостонии миллат сохта шудани Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва садҳо иншооти дигари илмӣ, фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои муаззами миллати мо баҳри бақои давлату миллат ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи фаъоли ҷомеаи башарӣ фарҳангро дар ин амр авлавият ва афзалияти хоса бахшидаанд. Моҳияти ин сиёсатро метавон бо як ҷумлаи кӯтоҳ ва дар айни ҳол хеле амиқу пурмазмуни Сарвари давлатамон баён кард: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар давраи истиқлол бо ташаббуси Тоҷикистон тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, мусиқии классикии Шашмақом ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон эътироф шуда, таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи зиёиён, Рӯзи кормандони фарҳанг, Рӯзи китоб, Рӯзи забон ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромад.
Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд. Дар ин замина, баҳри ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобхонаҳо», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» ва ғайра заминаи мусоид муҳайё сохтанд. 
Бо дастгирии Пешвои миллат дар соҳаи китобу китобхонашиносӣ пешравӣ ва таҳаввулоти зиёде ба миён омада, базаи моддӣ-техникии  китобхонаҳои мамлакат таҳким ёфт. Дар системаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, Консерваторияи миллӣ, Коллеҷи хореографӣ, ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ва «Фалак», Филармонияи бачагона, Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо мақсади таблиғу ташвиқи мусиқии касбии тоҷик, дастгирии санъати навозандагӣ, дарёфти наврасони соҳибистеъдод, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон пайваста фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.
Таърихи давлату давлатдорӣ хеле кам мардони сиёсатмадору таърихсоз ва шахсиятҳои давлатсозу давлатдорро ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шаванд. Зеро Пешвои миллат будан танҳо унвон нест, балки қаҳрамонӣ, эътирофу эҳтироми умумимиллӣ, қадрдонӣ ва ифтихор аст. Ба ин сатҳи олӣ расидан ва дар арсаҳои дохиливу ҷаҳонӣ ҳамчун Пешвои воқеии миллат эътироф гардидани Сарвари давлат натиҷаи машаққатҳои зиёдашон дар масири аз вартаи нобудӣ раҳондани Меҳан, хидматҳои бузург дар роҳи сарҷамъ гардондани миллат, корнамоиҳои барҷаста барои боло бурдани обрӯву эътибори тоҷикону Тоҷикистон дар арсаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, баёни пешниҳодҳои мушаххас оид ба мушкилоти кулли башар, ҷонфидоиҳо барои ваҳдату якдилии халқҳои мамолики ҷаҳон ва азхудгузаштанҳо баҳри рушду пешрафт ва ободиву оромии Тоҷикистони азиз аст.
Азбаски тамоми ибтикороти Пешвои муаззами миллат аз зовияи инсондӯстиву мардумсолорӣ ва қонунмеҳварӣ сурат мегиранд, аз ин рӯ, тавонистанд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият муваффақ гарданд ва ба комёбиҳои беназир даст ёбанд. Ҳамзамон, дар замири ин абармарди таърихсозу давлатмеҳвар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла хоксорию фурӯтанӣ, ғамхорию меҳрубонӣ, далериву ҷасорат, азхудгузаштагию ҷонфидоиҳо ва риояи одобу тавозуни хирад, манфиати миллату Меҳан, ба ҳам омадаанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардида, обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мегардад. 
 
Зулфия ДАВЛАТЗОДА, вазири фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 2274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед