logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШОҲРОҲИ ТАРАҚҚИЁТ

Воқеан, агар ба умқи таърихи ташаккули давлатдории миллати   барӯманди тоҷик назар андозем, бармало эҳсос менамоем, ки баъд аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат гардидаву нашъаи давлатдорию  худфармониро дар аҳди Исмоили Сомонӣ чашида буданд. Пас аз гузашти ҳазор соли дигар соли 1991 бори дувум чунин имконият фароҳам омад, ки мо - тоҷикон низ, соҳиби давлату истиқлолият ва шаъну шарафи миллӣ гардем. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки саросари кишварро буҳрони шадиди  иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, ҳокимияти давлатӣ комилан фалаҷ  гардида, ба он хавфи парокандагӣ таҳдид мекард. Маҳз Сарвари давлат бо сиёсати дурандешонаи худ сипари тоҷикон гардида, кишвари ҷангзадаву  халқи парокандаро аз хавфу хатари пошхӯрдан наҷот дода, ба мухолифати мусаллаҳона нуқта гузоштанд. Ҷон ба кафи даст ба хатарноктарин манотиқи кишвар ва берун аз марзи ҷумҳурӣ сафар карда, парчами сулҳро ба даст оварданд. Тавре Шоири халқии  Тоҷикистон  Муҳаммад  Ғоиб дар “Достони Пешво” ном  шеъраш гуфтааст:
Бори вазнини  замони  нангро  бар 
дӯш  кард, 
Бо  муҳаббат кинадори хешро 
оғӯш кард, 
Оташи ҷанги ватансӯзандаро 
хомӯш кард… 
 
Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз таҳти сарварии  хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи олам шинохта шуда, ин гуна хусусиятҳои давлат дар сатҳи Конститутсия бебозгашт ҳукми  қонунӣ гирифтанд. 
Пешвои муаззами миллат нахустин сиёсатмадоре маҳсуб меёбанд, ки таъриху  фарҳанги қадимии халқи тоҷикро пайваста баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои бузурги сиёсӣ - баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, фаъолгардонии имконоти зеҳнии мардум  муҳайё карданд, ки ин омил ба таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол нақши мунир гузошт. 
Аз ҷониби дигар, садоқат ба халқу Ватан, дурандешӣ,  таҳаммулу  гузашт  карда  тавонистан, шуҷоату мардонагӣ, устувориву қатъият, инсофу адолат, дарки фаврии авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон, сифатҳои  муҳиммтарини шахсияти  волои Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум сохт. Иқдомоти наҷибу бузурге, ки ин шахсияти барҷастаи таърих дар мақоми Сарвари  давлат баҳри пойдории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ, беҳбудии  ҳаёти модӣ ва маънавии мардум, афзудани обрӯву эътибори Ватани азизамон ба амал оварданд, маҳбубияташонро дар ҷомеаи навини тоҷик афзуд ва азизи мардумон гардиданд.  
Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир зиракиву ҳушёрии ҳар фарди ватандӯст, кафили таъмини минбаъдаи сулҳу субот, рушду тараққиёт ва зиндагии шоиста аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат амал карда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз худ нақше боқӣ гузорем.   
 
Мухбирҷон  КЕНҶАЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед