logo

сиёсат

ВОРИСИ СОДИҚИ МИЛЛАТ

Мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити муосир ба ҳам овардааст. 
 
Низоми махсуси ғояҳо ва арзишҳо, шакли муносиби муошират ва муносибат, танзими хоси равандҳо ва руйдоду ҳодисот, ташаккули  элитаи  сиёсии  миллӣ, шаклгирии фарҳанги муосири сиёсӣ ва коркарди механизмҳои зарурии таъминкунандаи ҳамгироӣ дар ҷомеа, дар маҷмуъ, инъикоскунандаи шакли идоракунии нав дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, ки ҷанбаҳои усулии ин мактаби бузурги сиёсиро ташкил медиҳанд. 
Бо гузашти марҳилаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гашт, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат гардид. Бояд қайд намуд арзиши мазкур сохтаю сунъӣ набуда, он дар умқи ҷомеа ташаккул ёфта, сипас, дар чаҳорчӯбаи қонун шаклбандӣ гардид. Моҳияти институтсионалии он имконият дод, ки ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун мақоми нави иҷтимоӣ пазируфта ва эътироф шавад. 
Ниҳоди Пешвои миллат сохтори комилан нав дар таҷрибаи давлатдории мо маҳсуб меёбад. Аз нуктаи назари аҳамияти иҷтимоию сиёсии худ он ба сифати ҷавҳари муттаҳидкунанда баромад намуда, дар сафарбарии ҷомеа ҷиҳати муваффақ гаштан ба натиҷаҳои интизорӣ нақши бузург дорад. Ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод мешаванд, ҳамовозӣ ва ҷонибдории худро дар умқи ҷомеа пайдо менамояд.
Тақвияти мавқеи ниҳоди мазкур барои ҷомеаи мо дар шароити муосири геополитикӣ амри зарурӣ аст. Зеро ҷомеа беш аз ҳарвақта ба неруи маънавию  сиёсие ниёз дорад, ки тавонад дар мушкилтарин лаҳзаҳо онро роҳбару роҳнамо бошад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат тавонистанд нақшаҳои манфиатхоҳона ва номардонаи хоинони миллатро барбод диҳанд ва пояҳои давлати миллиро таҳким бахшанд. Маҳз шуҷоати хос ва далерии Пешвои миллат дар мушкилтарин лаҳзаҳо мардумро руҳбаланд карда, баҳри шуҷоатмандона паси сар намудани ҳама санҷишҳои таърих равона намуд.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар симои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарваре дорад, ки роҳи ояндаашро бо чароғи садоқату муҳаббат равшан мекунад.
 
Махфират  ХИДИРЗОДА, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви КМИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 1374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед