logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ҶАҲОНИШАВИИ НУФУЗИ МИЛЛАТ

Дар оғӯши гарму гуворою руҳбахши Ватан зистан ва, гузашта аз ин, баҳри ободонию пешрафту шукуфоии Ватан талош варзидан, - чунин тавсифи фишурдаву маънирез бахшидаанд аҳли хирад ҷавҳари зиндагонии инсонҳоро.  Дар  иртибот бо ин ҳикмат, барҳақ бо камоли ифтихору қаноатмандӣ метавонем иброз дорем, ки мо – тоҷикон, соҳиби Ватани маҳбубу озодем ва дар оғӯши он рӯзгорони саодатбору шаҳдрезе насибамон гашта. Инак, се даҳсола мешавад, ки Ватани азизи мо соҳибистиқлол асту пайваста рушд меёбад ва ҳамвора нуфузу эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.
Ин ҳама, албатта, бо сиёсати хирадмандонаю халқпарварона ва ватандӯстонаи Сарвари муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд аст ва собит мегардад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо бо роҳнамоии ин абармарди оқилу дурандеш барои такомули бомарому халалнопазири иқтисодиёту иҷтимоиёт бунёди қавӣ ва боэътимод гузошта шудааст, бунёде, «ки аз боду борон наёбад газанд».
Бале, бо сарварию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – аҳли кишвар аз марҳилаҳои тозаи рушди кишвар, аз дастовардҳои шоистаи мамлакат ва аз комёбиҳои рӯзафзуни аҳли заҳмати диёр огаҳӣ дарёфта, боз ҳам шукри ин Ватани биҳиштосову Истиқлоли безаволи он, шукри Пешвои хирадсолори миллати фархундаамон мекунем. 
Пешвои муаззами миллат ҳамеша доир ба умдатарин масоили рӯз, чун Ватан ва ватандорӣ, ифтихори миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ, посдорию таҳкимбахшии Истиқлоли давлатӣ, муқаддасоти миллат, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, густариши робитаҳои байналмилалӣ, таъмини некуаҳволии мардум, посдории обрӯю эътибори миллат, садоқат ба анъанаҳои миллӣ ва, махсусан, масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва таъмини амнияту суботи кишвар, ки дар айёми мо мубраму пурмоҳият ва изтиробангез боқӣ мондааст, таъкид мекунанд. Ва инҷониб, дар партави ибтикороту ташаббусҳои созандаю бунёдии ҳамешагию ҳамаҷонибаи ин абармарди фозилу фотеҳ фақат чун қатрае аз баҳр ва гӯшае аз фатҳи қуллаи ормонҳо силсилаи пирӯзиҳои аҳли кишварро дар арсаи созандагию бунёдкориҳои соҳаи илму маориф меорем.
Истиқлоли давлатӣ миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷикро бори дигар водор намуд, ки мартабаи маориф ва илмро дар ҷомеаи навин ба таври шоиста баланд бардорад. Дар татбиқи ин рисолати таърихӣ ва мондагор тарҳрезиҳои мушаххас ва сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат нақши барҷаста ва бориз гузоштанд. Ҳамчунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ рушди илму маорифро ҳамчун самти муҳимтарин ва аввалиндараҷаи сиёсати давлат дастгирӣ менамоям».
Ёдовар мешавем, ки боз ҳам бо ташаббусу дастури Президенти муҳтарам озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон– Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд ва зуд ҳаводорону иштирокдорони зиёд пайдо карду боиси ба омӯзиш, эҷод ва ба китобхонӣ рӯй овардани доираи васеи шаҳрвандони мамлакат гардид. 
Бояд гуфт, ки «ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад».
Дар радифи Истиқлоли давлатиро соҳиб шудан эҳтиёҷ ба донистани забонҳои хориҷӣ низ хеле афзудааст, зеро муносибатҳои байналмилалии ҳам сиёсиву иқтисодӣ, ҳам илмию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба воситаи забонҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд. 
Пешвои миллат ҷонибдори онанд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ дар баробари доро будан ба сифатҳои ҳамидаи созгори замон ба забономӯзию забондонӣ ҷидду ҷаҳд намоянд, забонҳои маъмули ҷаҳонро саҳеҳ биомӯзанд ва, ба ин васила, доираи имконоти худро дар таҳсилот ва ҳам дар фаъолияти меҳнатӣ вусъат бахшанд. Сарвари кишвар вобаста ба ин масъалаи мубрами замон дастур доданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъмин карда шавад.
Албатта, аз ҷониби Пешвои миллат пайваста ба забономӯзӣ даъват намудани наврасону ҷавонон бо руҳияи ҷаҳони муосир ва омилҳои меҳварии таъмини рушди минбаъдаи мамлакат бастагӣ дорад. Забондонӣ дар баробари аз ҳар ҷиҳат афзудани имконоти толибилмон доираи муошираташонро густариш мебахшад, дастрасиашонро ба сарчашмаҳои илму дониш бештар мекунад, барои дар донишсароҳои пешрафтаи ҷаҳон идомаи таҳсил кардани ҷавонон шароити созгор фароҳам меоварад ва, ҳамзамон, боиси вусъати ҷаҳонбинии насли наврас, дарёфти саривақтии иттилооти навин аз ҷониби онҳо мегардад. 
Дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни мардуми гуногунзабони дунё дар шароити кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои олам барои густариши ҳамкориҳои гуногунпаҳлу ва шинохту гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ нақши муҳим мебозад ва, ҳамчунин, “...тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар низ баргардонда шаванд”.
Ин нукта ҳам муҳим аст, ки Пешвои миллат ҳамеша заминаи комёбии омӯзиши забонҳои хориҷиро дар хубу комил омӯхтани забони модарӣ мебинанд ва вобаста ба ин дастур медиҳанд, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ зоҳир гардад. Сарвари кишвар бо камоли эҳтирому муҳаббат ба забони модарӣ иброз доштанд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
Ин чанд нукот ҳамагӣ пайку навидест, армуғонест, барги сабзест аз дарахти ҳамешасабзи фидокориҳо ва роҳандозиҳо, ки дар шоҳроҳи фатҳи қуллаи ормонҳои халқи тоҷик ин фарзанди барӯманду содиқи кишвар бо  шуҷоату матонат, бо садоқату меҳр шинондаву сабзондааст. Воқеан ҳам, Президенти маҳбуби мо – Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихору пайравӣ, эъмори ояндаи неки миллатанд. Хидматҳои шоиставу аз худ гузаштанҳои Президенти кишварро мардуми босипосу қадрдони тоҷик бо ҳамовозии дастаҷамъона бо қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” собит намуданд. 
Фақат  чун  муште  аз  хирвор  як  падидаи  нек ва пайки хуш – дар асоси Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон ба нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хидматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардондани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самари корнамоиҳою фидокориҳои бешумори ин фарзанди шуҷои миллат барои халқи тамаддунофари тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ буда, бешак, далел бар он аст, ки “халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест”.
Пас, ҳамагон масъулем, ки дар пайравии кору ибтикор ва  раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободию пешрафту шукуфоии кишвар аз ифодаи падаронаи «бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст», кор бигирем.
 
 
Гулназарзода ЖИЛО, 
доктори илмҳои филология, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед