logo

иҷтимоиёт

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ: «ПИРӮЗИАМРО БА ПРЕЗИДЕНТИ МАҲБУБАМОН ВА МАРДУМИ САРБАЛАНДИ КИШВАР ЭҲДО МЕКУНАМ!»

 
Гӯштигири маъруфи кишвар Акмалиддин  Каримови  31-сола дар  Чемпионати  ҷаҳон оид  ба самбо (12 – 14 ноябр, Тошканд, Ӯзбекистон) ба ҳама рақибонаш пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид ва дар таърихи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи навро рақам зад. Ӯ чорумин тоҷикистониест, ки ба ин даст-овард ноил гашт. Қаблан, Сайидмуъмин Раҳимов (1975, Минск), Беҳрӯз Хоҷазода (2017, Сочи) ва Хушқадам Хусравов (2018, Бухарест) унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст оварда буданд. 
Паҳлавони бомаҳорати тоҷик Акмалиддин Каримов (-58 кг) дар набарди аввал муқобили самбочии Тринидад ва Тобаго Тирон Черлес ба рӯйи гилем баромада, ӯро боҳисоби 8:0 пеш аз анҷоми вақт мағлуб намуда, ба 1/4 финал роҳ ёфт. Дар ин давр бо Ясир Боуҳиссун (Марокаш) зӯрозмоӣ намуда, гӯштигири марокаширо низ пеш аз анҷоми вақт аз сари роҳаш дур карда, ба нимфинал баромад. Барои ҳамвор кардани роҳаш ба финал Акмалиддин бо Болатбек Раимқулов (Қазоқистон) зӯр озмуд. Нерусанҷии паҳлавонон ҷолиб сурат гирифта, аввал бо як хол паҳлавони қазоқ ба пеш баромад, вале тоҷикбача маҳорати баланд нишон дода, бо як партоби олӣ 4 хол касб кард ва бо ҳамин натиҷа қувваозмоӣ ба анҷом расид. Дар набарди ҳалкунанда паҳлавони тоҷикро самбочии маъруфи Россия Саян Хертек интизор буд. Саяне, ки соли 2017 дар финали Чемпионати ҷаҳон (Сочи) Акмалиддинро шикаст дода, қаҳрамон гардида буд. Ба қавле барои паҳлавони тоҷик ин набард фурсати мувофиқ барои баровардани қусури бохти қаблӣ буд. Зӯрозмоӣ оғоз гардид. Ҳар ду самбочӣ боэҳтиёт гӯштӣ мегирифтанд. Дақиқаҳо пайи ҳам пушти сар мешуд, аммо паҳлавонон наметавонистанд партофте анҷом дода, хол гиранд. Ҳамин тавр, Акмалиддин огоҳии аввалро гирифт. То анҷоми вақт фурсати кам монда буд, ки Саян низ огоҳӣ гирифт. Панҷ дақиқа ба анҷом расид ва тибқи қоидаҳои самбо дар сурати ба даст наовардани хол аз ҷониби гӯштигирон нафаре, ки огоҳии охирро мегирад мағлубшуда ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, Акмалиддин дастболо гардида, бори аввал дар корномаи варзишиаш унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.  
Ин зӯрозмоии финалӣ барои Акмалиддин 5-умин финал дар чемпионатҳои ҷаҳон буд. Ӯ қаблан, солҳои 2012, 2015, 2017 ва 2020 ба ин марҳила баромада буд, вале бахт бар рӯяш нахандид. Ғолибияти гӯштигири тоҷик дар Тошканд мисраъҳои маъруф: «Аз ноумедиҳо басо умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро ба хотир меовард.
Пас аз ғолибият Акмалиддин мисли шер наъра мекашид, зеро орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Дар суфаи қаҳрамонӣ ҳангоми садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чашмони Акмалиддин ашк мерехт, вале сараш баланд буд. Ин гувоҳи он буд, ки ашк - ашки шодист. Ва баробари ӯ мухлисоне, ки паси "оинаи нилгун" ин воқеаи таърихиро мустақиман медиданд, онҳо низ ашк мерехтанд. Зеро Акмалиддин бо хулқу атфоли накуяш миёни ҳаводорони гӯштӣ ҷой гирифта буд. Ҳама орзу дошт то Акмалиддин чемпиони ҷаҳон шавад. Баъд аз оне, ки ӯ ба даври ниҳоӣ баромад дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳама ӯро руҳан дастгирӣ мекарданд ва менавиштанд: «Мо ҳама дуогӯйи туем, Акмалиддин, то ба орзуят расӣ».
Акмалиддин дар суҳбат бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки ба даст овардани унвони қаҳрамони ҷаҳон орзуи ҳар варзишгар мебошад. Шодам, ки ин унвон насибам гашту орзуи дар дил доштаам ҷомаи амал пӯшид. Ба мураббиҳоям минатдории бепоён баён медорам, зеро тарбияи онҳо буд, ки ин қулларо фатҳ намудам.
- Дар ин рӯзҳои фараҳ мо, халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бешак, ғолибияти ҳар варзишгар дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ худ муаррифии номи миллату давлат аст. Ғалабаи ман туҳфаи арзандаест барои ин ҷашни фараҳ. Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди кишвари эҳдо мекунам, - гуфт Акмалиддин Каримов.
Акмалиддин ба ҷуз 4 медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, инчунин, се нишони биринҷии чемпионти ҷаҳонро низ дорад. Барандаи ду Ҷоми ҷаҳон (2012, 2014), ғолиби Бозиҳои Осиёии Ҷакарта – 2018 ва се карат қаҳрамони қора (2013, 2015, 2017) мебошад. Дар баробари ин, ӯ чемпиони бисёркаратаи кишвар ва ҷоизадори мусобиқоти бонуфузи байналмилалист.        
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 426
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед