logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ОИНҲОИ БОСТОНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, бо донишмандон ва, ҳамчунин, адабпажӯҳони хориҷӣ суҳбати пурмуҳтавое ороста, омӯзиши густурдаи пешинаи таърихии ҷашнҳои миллии тоҷиконро яке аз паҳлуҳои муҳими хештаншиносии милливу таборӣ донистанд. 
Ин нишасти ниҳоят баландпояро Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120-солагии Давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод «Наврӯз (1, 94)», «Тиргон», «Меҳргон», «Сада»  ва дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин оинҳоро боз ҳам равшантар месозанд. 
Пеш аз ҳама, мебояд ёдовар шуд, ки ҷашнҳои ниёкони мо реша дар андешаҳои ориёиҳои бостон доранд ва ошкор аст, ки онҳо намоёнгари се асли фалсафаи ориёӣ - пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек мебошанд.
Ин се асли асосии ахлоқи ориёӣ, ба сони се дастуре мебошад, ки дар он зиракӣ ва доноӣ баён гаштааст. Доноӣ ва зиракии дар ин фалсафа ҷой дошта хеле сода ба чашм мерасад, вале он се зинаи ба камоли ахлоқӣ расидани инсон мебошад. Чун инсон рӯйи зинаи нахуст боло шуда он бинишро пайравӣ кунад, бо гом ниҳодан рӯйи он дуи дигар, онҳоро низ ҳатман мепазирад. Мардумоне, ки ин се марҳилаи ахлоқиро пазируфта, ба дастурҳояш пайравӣ кунанд, байнашон меҳрубонӣ, дӯстӣ ва сулҳу созишу осудагӣ ҳамеша фарогир буда, ба зиндагии хуррами моддӣ хоҳанд расид.
Ончуноне дарунмояи Ҷашни Наврӯз, ки обишхӯри ахлоқи ориёии пиндори нек мебошад, аз беҳтарин андешаҳои хирадгароии инсонӣ тартиб ёфтааст. Нав шудани сол,  анҷоми сардиҳо ва ба нуқтаи болотарини кайҳон баромадани Офтоб, фарорасии баҳор, замони рӯишу сабзишу шукуфтанҳо, ҷилои ҳазорон рангҳои дилрабо,  болидани замин барои ба синаи худ ҷой дода тавонистани тухму донаҳо ва ба ин муносибат аз дилҳо зудудани кудуратҳо, бахшидани гуноҳҳо, даъвати ҳама ба оромиву осудагӣ, меҳрубониву дӯстӣ, арҷгузорӣ ба хоку обу ҳавову оташ – ин чор сиришти зиндагисоз, ки гиромидошти онҳо мояи ҳастии инсонҳо мебошад, ҳамаро ба накукориву меҳрварзӣ даъват мекунад.
Яке аз оинҳои хуҷастаи дигар, вале то замони мо фаромӯшгашта Ҷашни Тиргон мебошад. 
«Тирмоҳ», аз вожаи «тир» баргирифта шуда, ба достони пурифтихори ватанпарасти бостон - Ораши камонвар, ки дар китоби китобҳо «Авасто» ва шоҳи китобҳо «Шоҳнома» омадааст, пайванд аст. 
Дар бостон тоҷиктаборон рӯзи чаҳордаҳуми ин моҳро, ҳамчун Тиргон ҷашн мегирифтанд бад – он сабаб, ки он рӯз хабар оварданд тири аз камон раҳокардаи Ораш дар куҷо афтодааст.
Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», рӯзи бузургдошти мақоми нависандагон дар бостон будааст.
Боясти ба ёд овард, ки ҳар кадоме аз номҳои бостонии гоҳшумории яздигурдӣ таърихе дорад, ки решааш дар боварҳои бостониамон устувор аст. 
Вобаста ба оини фаромӯшшудаи Меҳр, мехоҳам ба таври гузаро фалсафаи меҳрпарастиро дар нигораҳои Чакан ба ёд оварам, ки ба ин пайвастагӣ на ҳама бо чашми таҳқиқ менигаранд.   
Нигораҳои Чакан  яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми  тоҷик  мебошад, ки ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи байналмилалӣ бароварда шудааст. Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО нигораҳои «Чакан»-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил кардааст, ки ин падида бори дигар аз ҳунару андешаҳои баланди бостонии тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. 
Ончуноне пажӯҳишгарон нишон додаанд, фалсафаи меҳрпарастии ниёкони мо хеле пурмуҳтаво аст ва андешаҳову бовариҳои гузаштагони ориёинажодон ба Хуршед - офтоб пайвастагии ногусастанӣ доранд.
Дар сарчашмаҳо Хуршед дорои тоҷи фармонравоӣ қаламдод шудааст ва нақши он бар рӯйи дирафшҳо ва парчамҳо дӯхта мешуд, то ҳомии тоҷи шаҳриёрон ва намоди қудрату пирӯзии онҳо бошад. 
Пай бурдан душвор нест, ки нигораҳои чакан на танҳо дар рӯйи порчаи матоъ, балки дар ҳунарҳои нонпазӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ низ ба чашм мехӯранд. Нону кулчаҳо, ки ба шакли доира ва нақшофаринӣ дар рӯяшон пухта мешаванд, ба ҳамон нигораҳои чакан далолат мекунанд, танӯри нонпазии тоҷикон чун Офтоб гирду гарму сӯзон аст. Ҳатто бар рӯйи рафидаи нонпазӣ низ нигораҳои чаканро метавон дид. Дар чӯбҳои гаҳвора, досу теша ҳакокии нақши Хуршедро метавон мушоҳида кард. Қуфли гиребон (зиреҳи гиребон) ба сурати Офтоб таҳия гашта, гиребони бонувонро мебандад.  
Бо жарфнигарӣ ба муҳтавои нигораҳои чакан ва умуман, офаридаҳои  гузаштагон  метавон ба натиҷае расид, ки онҳоро набояд содаву омиёна дид. Дар  нақшҳои чакан дидани гулҳои баҳорӣ ё рангҳои рангинкамон хеле биниши сарсарӣ ва омиёна аст. 
Донишиёни нуктасанҷ Ҷашни Садаро ба кашф кардани оташ нисбат додаанд, ки баргирифта аз устураҳои миллӣ мебошанд. Пайдоиши оташ ва муносибати инсонҳоро ба он ҳар қавму тоифае ба гунаи худ бозтоб кардааст, аммо тавсифи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидон аз ҳама беҳтар ва заминиву воқеъгароёна мебошад. 
Дар замони бостон шоми Ҷашни Сада болои теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, аз ҳезуме хушк оташ бармеафрӯхтанд ва дар атрофи он таронаҳо хонда, рафтани сармо ва расидани гарморо орзӯ мекарданд. Ҷашни Сада, мисли дигар ҷашнҳои мардуми шаҳрнишину кӯҳнишини мо, бештар ба шароити иқлимӣ, рухдодҳои кайҳонӣ ва омодагириҳои киштварзӣ вобастагӣ дорад.
Дар миёни пажӯҳандагон чунин бинише вуҷуд дорад, ки он пайваста ба бовариҳои меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ, митроизм) ва гоҳшиносии онҳо мебошад. Назар ба тақвими бостонӣ (меҳрпарастӣ) сол аз 150 рӯзи зимистон ва 210 рӯзи тобистон иборат будааст. Яъне, аз оғози зимистон то даҳуми Баҳман 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯзи дигар ҳисоб мекардаанд.
Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки кишварҳои ба истилоҳ ҳавзаи Наврӯз ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада ва Меҳргонро ба сони Тоҷикистон дар сатҳи баланди давлатӣ бо шукӯҳи хосса, зери сарпарастии роҳбари давлаташон таҷлил намекунанд. Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ бахшида ба ин оини ниёкон шахсан иштирок менамоянд ва мардуми кишварро водор месозанд, то аз таҷлили ин ҷашнҳо бардоштҳои зиндагисоз дошта бошанд. Дар истиқболи ин оинҳои миллӣ дар баробари худнигарӣ ба гузаштаҳои дури фарҳангии ниёкони худ, корҳои зиёди ободонӣ ва созандагӣ ба роҳ андохта мешаванд.
Бад-ин тартиб дар бунёди давлати миллӣ, баҳри дар роҳи тарбияи мардум ва пайдо намудани тасаввурот  оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯйи пешравиҳои минбаъда, яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад. Ва хотираи таърихӣ ин шинохти хештани хеш - фарҳанги гузаштагон, барои ҳосил намудани тасаввуроти асосӣ, бар он ки ниёкон ба хазинаи фарҳангии ҷаҳон чи арзишҳоеро ворид намудаанд, дарки муборизаҳои чандҳазорсолаи халқи худ, барои нигаҳдошти ҳувият, забон, мамлакати худ ва  ҷойгоҳи он дар ҷаҳон мебошад. Дар ин бора гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят пуртаъсир мебошанд: "Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад".
Дар пиромуни арзишҳои баланди чор ҷашни ҳувиятсози тоҷикон - Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада донишмандон имрӯз ҷусторҳои намоён бурдаанд, аммо бояд гуфт васияти Ҳаким Фирдавсиро маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар давлатдорону сиёсатмадорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба таври шоиста пос доштаанд. Ҳамон гуна, ки бо дидани бинои пуршукӯҳу пурнигору зарнигоре унвонии Кохи Наврӯз меҳмонони аз кишварҳои дигар ташриф оварда, ангушти ҳайрат газидаанд. Дар ҳар ноҳияи мамлакат Наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии  ин суннати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар корхонаҳову идораҳо аз сабзаву гулҳои рангоранг намоди арча ороста шавад. Дар ин пешниҳод нуктаи хирадмандонае ҷой дорад, ки ниҳоли арчаи боғ бурида нашуда, дар бозтоби шакли он аз гиёҳу гулҳои рангоранг кор гирифта шавад. Ҳамчунон, дастур дода шуд, ки барои ҷой додани туҳфаҳои кӯдакон, халтаҳои ороишёфтаи коғазӣ, бо сабти шодбошии наврӯзӣ таҳия намоянд. 
Бар асари таъкидҳои Сарвари давлат ба ёд оварда шуд, ки мардумони мо дар ҳама замон ҷашнҳоро на танҳо бар ҳадафи хушнудӣ, шодиву сурур ва сайругашт офарида буданд. Дар пушти арҷгузориҳову хушнудиҳои бостонии мо як силсила оинҳоеро ҷой дода буданд, ки дархӯри ободсозӣ, худнигарӣ ва беҳсозии зистгоҳу киштзорон ва чаманистону гулистонҳо буд.
 
Зафар МИРЗОЁН, 
профессори фахрии Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 1023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед