logo

фарҳанг

ҶОМЕА. ВАҚТЕ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶАВОНПАРВАР АСТ ...

 
Ҷавонон неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқамон ба ҳисоб мераванд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳамеша саҳми арзанда доранд.
 
Тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад ва маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари рушди дигар самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баҳри ташаккул додану амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон корҳои зиёдро ба субут расонд. Баъди шаш моҳи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992) далели ин гуфтаҳост. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонунеро қабул намуд, ки бевосита ба  рушду тавсеа ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон нигаронда шудааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, ташаккули сиёсати ҷавонон ва тарбияи онҳоро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолият медонад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба қишри бузурги ҷомеа-ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамеша иброз медоранд, ки ҷавонон  ояндаи моанду фардо идораи давлат ба дасти онҳост. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар руҳияи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ ва донистани илмҳои муосиру донандаи чанд забони хориҷӣ ба воя расанд. 
Хушбахтона, ин тадбир то имрӯз идома ёфта, дар ин давра аз ҷониби ҷавонон дар арсаи бунёдкорию созандагии кишвари маҳбубамон корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд ва борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори таҳсину офарин гардиданд.
Чуноне ки зикр намудем, яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ барои ҷавонон таваҷҷуҳи падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавон мебошад. Дар тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ, ки чанде муқаддам ин санаи таърихиро бо тантана ҷашн гирифтем, Сарвари кишвар ҳафт маротиба бо ҷавонон ва даҳҳо маротиба дар мулоқоту ҳамоишҳо масъалаҳои зиёди мубрами ҳаётии наврасону ҷавононро баррасӣ ва ҳал намуданд. Ин муносибат бори дигар ғамхории Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба насли ҷавон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инъикос менамояд. 
Сарвари давлат ҳамеша таваҷҷуҳи роҳбаронро ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ва олимони ҷавон ҷалб месозанд. Дар ин маврид дар тули сӣ сол даҳҳо барномаю лоиҳаҳои гуногун  қабулу амалӣ гардиданд, ки барои рушду нумӯи истеъдодҳо ва худшиносии ҷавонон заминаи воқеӣ фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2020-2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ғайра, ки ба тарбияи маънавии ҷавонон нигаронда шудаанд, дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши муассир мебозанд.
Дар ҷодаи иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлат Президенти кишвар дар як суханрониашон ба ҷавонон чунин муроҷиат намуда буданд: "Ҳеҷ кас монанди шумо моҳияти дигаргуниҳои сарнавиштсозро ба ҳамсолонатон беҳтар фаҳмонда наметавонад". Яъне, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат бар он равона гашта буд, ки ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва маънавии ҳамсолони худ дар самти бунёди давлати пешрафта ва орому осоишта фаъол бошанд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар сол дар саросари кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор мешавад. Озмун ҳазорҳо нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуда, баҳри дарёфти истеъдодҳои нав, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва рушди санъати миллӣ заминаи устувор гузошт. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки аҳли фарҳангу санъат дар муаррифии фарҳанги волои миллӣ муваффақ гардида, бори дигар маҳбубияти фарҳанги миллии тоҷикро дар тамоми ҷаҳон собит намуданд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад.
Тули ин муддат дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10700 чорабинии гуногун доир гардид, ки ҳадафи онҳо рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва, ба ин васила, тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад, ки дар ҳамаи онҳо насли ҷавону ояндасоз ширкати фаъолона дошт.
Ҳамаи ин ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - ҷавонони кишварро водор месозад, ки вақтро ғанимат шумурда, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои навтарин ҳамарӯза заҳмат кашем ва Ватанамонро ба диёри гулгулшукуфон табдил диҳем.
 
Мавлуда БОБОШОЕВА,
сармутахассиси Вазорати фарҳанг
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 1532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед