logo

сиёсат

СИЁСАТ. ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛИ СУДЯҲО

Таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷашну хурсандӣ фурсати муносибест, ки нақши ин институт дар рушди ҷомеа, таҷдиди умури иҷтимоӣ ва аҳамияти он дар бедории сиёсиву арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ба таври васеъ матраҳ гардад. Зеро ин низоми идоракунӣ бо файзи хирад ва сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишвари мо дар ҷаҳони муосир мақоми арҷманде ба даст орад.
Ҳеҷ тардиде нест, ки дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аксаран ин рӯзро ба хотири дурахшонтарин чеҳраи давлатсози миллӣ Президенти маҳбуби кишвар гиромӣ медоранд. Албатта, чунин навъи шинохт дурусту мантиқӣ ҳам ҳаст. Зеро нақши низоми идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фаъолиятҳои пурбаракату зиндагисозӣ Пешвои муаззами миллат бармалову судовар гардид.
Ҳосили барномарезӣ ва иқдомҳои бесобиқаи Президенти мамлакат буд, ки арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аносири муҳими ҷомеаи озод шинохта шуда, ҳамзамон, ҳокимияти қонун дар мамлакат таъмин гардид. Дар ин замина, таҷриба собит менамояд, ки ҷузъи таркибии амалишавии вазифаҳои давлати демократӣ ва ислоҳоти ҷомеа аз сӯйи давлатро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил мекунад. Ин унсури калидӣ дар шароити имрӯза, ки зуҳуроти гуногуни номатлуб чун терроризму ифротгароӣ даст ба домони аҳли башар задааст, басо муҳим арёзбӣ мешавад. Бинобар ин, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳияи барномаҳои нав дар ин самт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки татбиқи ҳадафҳо дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ робитаи мустақим дошта, дар як вақт амалӣ гардидани онҳо самарнокии бештар ба миён меорад, ки мо, кормандони мақомоти судии кишвар онро дар амал санҷидаем.
Амалан, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ба ҳусни таваҷҷуҳ ва тарҳҳои аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайяншуда ба даст омадаанд. Чунончи, бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар фаъолияти мақомоти судӣ таҳаввулоти комилан нав ба миён омада, мустақил будан ва дахлнопазирии фаъолияти судяҳо таъмин гардид. Пешвои муаззами миллат 21 ноябри соли 2019 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар бо ишора ба ҳамин нукта чунин таъкид карданд: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст».
Агар таъмини адолат дар ҷомеа яке аз пояҳои марказӣ ва устувори давлатдорӣ ба шумор равад, пас ҳокимияти судӣ дар таъмини адолат мақоми марказӣ дошта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври зарурӣ ҳифз менамояд.
Мо, кормандони мақомоти судӣ бо изҳори садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ғамҳориҳои пайвастаашон, аз ҷумла афзоиши маблағгузории ҳамасолаи мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва дигар тадбирҳои анҷомшуда, поквиҷдонона дар тантанаи адолату ҳақиқат, таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқона амал намоем. 
 
Баҳодур ИСОЗОДА, 
муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед