иқтисод
МУКОЛАМАИ МИЛЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА НИЗОМИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муколамаи миллии сатҳи баланд оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шуд. Дар ҳамоиш хонум Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, нахуст, доир ба ин масъала суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ҷиҳати баргузории муколамаи миллӣ дар сатҳи баланд ва таҳияи «Нақшаи миллии амал оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар робита ба низоми мавҷудаи озуқаворӣ, сиёсати он ва муайянсозии роҳҳои татбиқи амнияти озуқаворӣ бо ҷалби дигар вазорату идораҳои давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Тибқи «Дастурамали низоми озуқаворӣ» чунин ҳамоишҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон, Хуҷанди вилояти Суғд ва Хоруғи ВМКБ баргузор шуданд.
Мирзодавлат Сабурзода, сардори раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар кишвар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024 қабул шуданд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Мақсади асосии дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқа аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад.
Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки ба амалисозии нақшаҳои муҳим замина мегузоранд. Бинобар ин, таваҷҷуҳ бояд ба он равон шавад, ки хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш гардад.
-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳа оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин рӯ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се-чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар оила таъмин намоянд,- иброз дошт М. Сабурзода.
Дар охир зикр шуд, ки таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо оид ба лоиҳаи «Нақшаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2022 – 2030» ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, дигар пешниҳодҳо бояд то 1 декабри соли равон ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ирсол гарданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2021 №: 230 Мутолиа карданд: 1822