logo

иҷтимоиёт

МАҲБУБИ ҶАҲОНИВУ ҲАБИБИ ВАТАНӢ!

Пешвои миллат намоди хирадмандию ҳушёрист.  Ба баракати хираду ҳушёрии ин роҳбари оқил ҳеҷ неруи ғаразноки дохилию хориҷӣ наметавонад, ки ҷомеаи моро аз масири ҳадафҳои неки созандагию бунёдкорӣ ва ободонии Ватан берун созад ва фазои сулҳу оромиву амниятро дар кишвар халалдор намояд.
 
Беҳуда ҳалқ ӯро Пешвои миллат ном набурдааст. Нахуст бояд гуфт, ки  пешво унвон, вазифа ва мансаб нест, балки рисолат аст. Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ӯ вогузоштааст.
Аз хислатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузорад ва дар қавлу амали худ устувор мебошад. Сабру таҳаммулро меписандад, шукргузору  қаноатпеша аст, дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медорад, мардест, ки бо хоксорию фурӯтанӣ ба дили хурду бузург ҷой гирифт. Ӯ  такя ба мардум кард ва ба худ боварӣ дошт. Ҳамин боварӣ  ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсияти хеш буд, ки  дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд кард ва изҳор намуд, ки дар кишвар сулҳу оромиро барқарор хоҳад кард. Вай ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои неруманди қудратӣ дошту на артиш ва на мақомоти роҳбарии коромад.
Дӯст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кӯдакони ятиму бепарастор ва пиронсолону камбизоатон аз сифатҳои барҷастаи Пешвои миллат мебошанд. Аз ин сабаб, мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, роҳбари фарёдрасу ҳақбин, додгустару адолатпеша ва наҷотдиҳандаи давлату мамлакат меноманд ва ҳақшиносона ба ӯ меҳр меварзанд, дар ҳар  маврид Пешвояш мехонанд. 
Инак, беш аз чаҳоряк аср аст, ки миллати тоҷик бо бархӯрдорӣ аз пайванди ногусастании худ бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳмандӣ, созандагию офарандагӣ қадам мезанад. Ва яқин аст, ки ҳаракати ӯ дар ин роҳ ба таври пирӯзмандона идома хоҳад ёфт ва дар муддати кӯтоҳе Тоҷикистон дар сафи миллатҳои сарфарози ҷаҳон ҷой мегирад. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барҳақ гуфта:
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам, 
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.
 
Диловар ҶАЪФАРОВ,
сардори шуъбаи кадрҳои МТД
“Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 419
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед